НОМАИ ТАБРИКОТИИ РЕКТОРИ ДКМТ ФОЗИЛЗОДА МУХТОР МУРОДАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун шахсияти таърихсоз мешиносад!

Ба ҳама ҳамватанон ва устодону донишҷӯён Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик намуда, бароятон осмонӣ соф ва саодатмандиву ваҳдатро орзӯмандам.

Барои миллати тоҷик таҷлил намудани Рӯзи Президент боиси ифтихор ва сарбаландист. Зеро дар ҳамин рӯз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки маҳз дар ҳамин рӯз миллати тоҷик сарапараст ва ҳомии худро пайдо намуд. Ҳамчунин дар ин рӯз барои эъмори давлати миллии тоҷикон замина пайдо гардид, ки меъмори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Давраҳои ба сари қудрат омадани Сарвари хирадманд ва маорифпарвару башардӯстамон ба давраи хеле вазнин ва сангин рост меояд, ки маҳз дар ҳамин рӯзҳо дар кишвар оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезаду давлат дар ҳоли парокандагиву миллат дар сарсонӣ буд. Он рӯзҳо дар назди Роҳбари ҷавону умедбахш ва шуҷоъу далери тозаинтихоб ҳалли масъалаҳое  бузурге, амсоли наҷоти миллат, хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани гурезаҳо, танзим намудани идораи давлатӣ, барқарор намудани чархаи иқтисодии кишвар, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ меистод, ки хушбахтона Роҳбари ҷавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳама масъаларо ҳал намуда, Тоҷикистон Ватани азизамонро ба истиқлоли комил расонида, сулҳу салоҳ ба кишвар оварданд, ки ин хизмати бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро миллат ҳаргиз фаромӯш намесозад. Ногуфта намонад, ки дар он рӯзҳои мушкил ҳатто роҳбарӣ кардан осон набуд, вале Сарвари ҷавону умедбахш ва ҷасоратманди тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, то миллатро ба саодат бирасонанд, ки ин аз мактаби хоси Роҳбари тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

 Таҷрибаи давлатдорӣ ва  формулаи сулҳофарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз ҷониби институтҳои байналмилалии  ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтаасту аз он баҳрабардорӣ мешавад, ки ин боз ҳам мақоми тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ баландтар мегардонад. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло дар сархати расонаҳои ҷаҳонӣ қарор гирифтаасту ташаббусҳои байналмилалии он кас оламиёнро ба ваҷд овардааст. Роҳбари оламшумули мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар баробари шахсиятҳои таърихсоз ва сарнавиштсози ҷаҳонӣ ба монанди Куруши Кабир, Шоҳ Ҷамшед, Маҳатма Гандӣ, Авраҳам Линколн ва дигарон  ёдоварӣ мешаванд, ки ин бахти баланди миллати тоҷик мебошад.

Умуман мешавад гуфт, ки ёдовар шудан аз хизматҳои бузурги  наҷотбахши миллат, сиёсатмадори нотакрори аср Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қадршиносӣ аз ин шахсияти беназири аср, вазифа ва масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

 Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!