Муаррифии асарҳои тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ДКМТ

Имрӯз дар китобхонаи Донишкадаи кӯҳӣ- металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии асарҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки чорабиниро нахуст муовини декан оид ба тарбия Саидов Анвар ифтитоҳ намуда, суханро ба дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ- иҷтимоӣ Изатуллоев Рафтор доданд. Устод дар заминаи мутолиа асарҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, маълумоти бузурге барои ҳозирин доданд.

Пасон устод Саидов Анвар дар мавзӯи “Нақши калидии Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат” маърӯза хонданд.

Дар чорабинии имрӯза декани факултети электромеханика Шамсиддинов Ш., сардори шӯъбаи БИСТ Усмонов Ш., сардори шӯъбаи кор бо ҷавонон Муслимзода Х ., мутахассиси шӯъбаи тарбия Насриддинов Ш ва дигар мудирони кафедраву омӯзгорон ширкат доштанд.

Ёдрас мешавем, ки чорабинии имрӯза бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ- иҷтимоӣ баргузор карда шуд.

Шуъбаи иттилоот