РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДКМТ

Имрӯз дар толори калони Донишкадаи кӯҳӣ- металлургии Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Президент баргузор гардид, ки дар он муовини раиси шаҳри Бӯстон Сатторзода  Х.Ҳ., раиси КИ ҲХДТ  Ҷалолзода М ва дигарон ширкат варзиданд.

Сараввал Суруди миллии Тоҷикистон ба таври зинда аз ҷониби ҳозирин суруда шуд ва пас он чорабинӣ оғоз ёфт. Ёдрас шудан ба маврид аст, ки имрӯз толори калони донишкада бо аксҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва асарҳои он кас ороиш дода шуда буд ва толор имрӯз куллан фазо ва намои дигар дошт.

Нахуст ректори донишкада Фозилзода Мухтор Муродалӣ суханронӣ намуда, аз хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда,изҳор доштанд, ки миллати тоҷик хизматҳои наҷотбахши миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифта, он касро бори дигар интихоб кард, ки ин нишони қадршиносӣ ва садоқати баланди ҷомеа ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Сипас муовини раиси шаҳри Бӯстон Сатторзода  Х.Ҳ.,  паёми табрикотии раиси шаҳрро ба ҳозирин расонид. Дар номаи табрикотии раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода аз ҷумла омадааст:”Боиси хушнудиву мояи ифтихор аст, ки бо азму иродаи устувору баҳодурона Пешвои маҳбубу муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти ниҳоят хатарафзо зимоми давлатдории навини миллиро ба уҳда гирифта, мардумро аз парокандагӣ ва давлатро аз фаношавӣ наҷот бахшиданд.”  Баъдан раиси КИ ҲХДТ  Ҷалолзода М суханронӣ карда, ҳозиринро ба ин Рӯзӣ нек ва садоқат ба Президент табрик намуд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз ба як қатор омӯзгорону  кормандони донишкада, ки фаъолияти пурсамар ва арзанда намудаанд, ифтихорномаву сипоснома ҳам аз ҷониби КИ ҲХДТ ва ҳам донишкада супорида шуд. Қисме аз омӯзгорон ду маротибагӣ қадрдонӣ шуданд, ки ин бисёр ҳам фараҳбахш ва рӯҳафзо буд.

  Ҳамзамон ба садорати факултаҳо барои соҳиб шудан ба ҷойҳои намоён дар озмуни бахшида ба Рӯзи Президент ва муаррифии асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихорнома ва тӯҳфаҳо аз номи раёсати донишкада супорида шуд.  Ба устод Давлатов Д. медали ҷашнӣ аз номи КИҲХДТ барои хизматҳои шоиста ва саҳмгузорӣ дар рушди маориф ва тарғиби сиёсати ҷавонон тақдим карда шуд.

 

Дар чоранбинии имрӯза инчунин омӯзгорони донишкада Абдуллоев И.Р дар бораи таърихи пайдоиш ва таҷлили Рӯзи Президент дар кишвар ва Саидов А.А. перомуни фаъолият ва салоҳияти конститутсионии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ суханронӣ намуданд. 

Ҳамин тавр чорабинӣ бо ибрози меҳру муҳаббат ва садоқат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст гардид.

Шуъбаи иттилоот