Сарвари хирадманди миллат борҳо таъкид намудаанд, ки террорист дин, миллат мазҳаб надорад. Ин падидаи нанговар мебошад ва ба дини мубини ислом ва ё динҳои дигар ягон алоқаманд нест.
Мусаллам аст, ки сулҳу суботи имрӯзаи Тоҷикистон ба ивази ҷонфидоиҳои ҷавонмардони шуҷои Ватан ба даст омада, барои расидан ба чунин вазъи мусоид, халқи тоҷик талошу кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ дода, даврони мушкили авзои иқтисодиву иҷтимоиро паси сар карда, рӯзҳои даҳшатноку фоҷиаборро сипарӣ намуда, фазои орому зиндагии осоиштаро асос гузоштааст. Дар ин раванд нақши Пешвои миллат низ басо бузург аст, ки ҳамчун меъмори сулҳи тоҷикон, пешвои ваҳдатофар ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хотима гузошта, бунёди сулҳу ризоияти миллиро бо такя ба арзишҳои таҳаммулгароӣ ва ҳамзистии осоишта ба воқеият табдил дода, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам тақвият бахшид.
Имрӯз, ҷомеаи ҷаҳониро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Хусусан солҳои охир инсоният ба хатари муосире рӯ ба рӯ омад, ки ба амнияти давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод кардааст ва ин хатар номи терроризм дорад. Ин хатар ба ҳамаи давлатҳо таҳдид менамояд, ҳам ба давлатҳои абарқудрату рушдёфтаву ҳам ба давлатҳои рӯ ба инкишоф ниҳода. Далели ин гуфтаҳоро амалҳои террористие, ки бо роҳи таркиш дар Амрико, Аврупо ва Осиё доир гардида боиси ҳалокат ва захмбардории одамони зиёд гардиданд, исбот менамоянд. Ин хатар дар замони кунунӣ ба вабои аср табдил ёфтааст ва дар ҷомеаи башарият як нооромӣ, нобовариро ба фардои нек ба вуҷуд оварда, мавриди ташвиш ва ҷустуҷӯи чораҳои ҳалкунандаи ин проблемаи глобалӣ аз ҷониби сиёсатмадорон ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ гардидааст.
Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин аст ба ифротгароӣ сабзида расад.
Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хоссатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза-терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, дар масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар канор наистода ба роҳҳои ҳалли ин проблемаи доғи рӯз аҳамият ва диққати зиёд дода мешавад. Ин масъала доим дар маркази диққати Ҳукумати Тоҷикистон аст. Дар ҳамаи баромадҳову суханрониҳои Сарвари давлат ҳам аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ва ҳам дар конференсияҳои бонуфузи байналмилалӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм борҳо оиди хатари глобалии терроризм қайд карда шудааст.
Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиатдоранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон созмонҳои террористии ба ном «Ал-қоида», «ДОИШ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ», «ҲНИТ», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Давлати исломӣ», «Ҳизбуллоҳ», «Толибон» ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гуруҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист.
Пӯшида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо вазъият ба куллӣ тағъир ёфт, ки ин ҷанги хунрезиҳоро дар кишварҳои шарқи наздик ҳамеша мушоҳида мекунем.
Ба ҳамагон маълум аст, ки гуруҳҳои террористӣ барои анҷом додани амали ваҳшионаи худ ба мазҳабу дин такъя мекунанд, ки ин ба дин ҳеҷ алоқамандӣ надорад.
Бо вуҷуди чунин вазъ, дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст.
Роҳбари давлат доир ба ин масъала, ки доғи рӯз мебошад, чунин иброз намудаанд: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.
Ба мо зарур аст, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар баста, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистони азизамонро ғуборолуд созад.
Мо ҳамеша терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем!
Муродбек БОЕВ
омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
