“Мо ҳамеша ба нерӯи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила,тарбияи шоистаи фарзандони боадабу соҳибмаърифат, инчунин заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем.”
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози истиқлол вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи кониститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад. Яке аз санадҳои тақдирсоз оид ба тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 1999 пешниҳод шудааст. Инчунин, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-юми Августи соли 2001 дар бораи Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқадманд барои солҳои 2007-2016” ва аз 01 ноябри соли 2006 “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” аз 29 майи соли 2010, Барномаи давлатии “Тайёр кардани мутахасисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015” ва ғайра ба тавсиб расида қабул гардидаанд, то нақши зан- модарро дар ҷомеа баланд бардоранд. Мақсад аз қонунҳои қабулшуда ин таҳияи барномаҳо ва нишон додани масъалаи маърифатнокии занон дар ҷомеа дар ҷои аввал меистад ва ба пешрафти ҷомеа мусоидат мекунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сиёсати хирадмандонаи худ тавонистанд, ки занро аз як шахсияти танҳо дар чорчӯби хонаводагӣ, ба як қувваи воқеии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ табдил додаанд, ки имрӯз зани тоҷик дар баробари модару ҳамсари хуб будан инчун роҳбар, муҳандис, ронанда, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳатто дар кушунҳои сарҳадӣ низ фаъолият намуда, саҳми худро дар пешрафти Ватану осудагии миллат расонида истодааст, ки имрӯз дар ду соҳаи муҳими ҷомеа- маориф ва тандурустӣ шумораи занону духтарон бамаротиб афзоиш ёфтааст. Боиси ёдоварист, ки солҳои соҳибистиқлоли дар баробарҳуқуқии занону модарон дар соҳаҳои муносибати генднрӣ пешравиҳои назаррас ба даст оварда шудаанд .
Яке аз дастовардҳои муҳим онаст, ки иштироки занон дар ҳаёти сиёсю давлатӣ, фаъолияти ҷамъиятии кишвар сол ба сол беҳтар гардида, дар солҳои сипари шуда дар ин бобат дигаргуниҳои наззарс ба амал омаданд. Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28.12.2024 дар Паёми навбатии хеш зикр намуданд: “Дар фарҳангу тамаддуни мо-тоҷикон иззату эҳтироми зан- Модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъморӣ давлати муоссир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳиб истиқлолӣ воқеан боло рафтааст. Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизӣ кормандони соҳаи маориф , 71 фоизи кормандони соҳаи тиб 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоиз олимон ва 30 фоизи соҳиб- коронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд”. Занон кафили рушди ҷомеа дар роҳи ба даст овардани истиқлолият дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад
Сиёсати давлати оид ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони лаёқадманд маҷмӯи тадбирҳо ва амалиёти мушахасу ҳадафманде мебошад, ки баробарҳуқуқии шахсӣ, иҷтимоӣ ва вусъати имкониятҳои онҳо дар интихоби роҳҳои ҳаётӣ мусоидат мекунад. Дар замони имрӯз масъалаи фаъолияти занон дар идораи давлатӣ, яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, онҳо на ҳамчун корманди соҳа, балки ҳамчун шахсиятҳои муваффақ дар ҷомеа, ҳам аз ҷониби роҳбари давлат ва ва ҳам аз ҷониби созмонҳои байналмиллалию минтақавӣ эътироф гардидаанд.
Дар осори бузургони ҷаҳон низ нақши зан- модари диловару қаҳрамон, ватандӯсту озодихоҳ , соҳибиродаву рисолат шинос ҷойгоҳи арзанда ва хосса дорад . Модар на танҳо ба фарзанди худ ҳаёт мебахшад, балки дар сиришти Ӯ хислатҳои накутарини инсониро ба шири поки худ ҷой медиҳад Бешубҳа, такя дар паҳлуи модар шоҳбайти китоби хотираҳои зиндагист. Дар тӯли асрҳо, дар тӯли мавҷудияти насли башар Зан-Модарро гоҳ ба ситоиши зиёд ба арши аъло бароварда, гоҳ гирфтори хориву залолатҳо гардонидаанд нисбат ба Ӯ гоҳ шавкат ва бешафкатӣ зоҳир намудаанд. Ва бо вуҷуди ин дар ҳама давру замон зан модар дар ҳаёти бани башар дар тарбияи насли инсон мақоми баланд дорад. Бесабаб Наполеон Бонапарт нагуфтааст: “Модар бо як даст гавҳора ва бо дасти дигар дуёро такон медиҳад. Мо барои озодии миллату ободии кишвар, пеш аз ҳама ба модарон ниёз дорем”. Ё худ шиори шаҳир Лаҳистонӣ Адам Митскевич овардааст: “Соати зиндагӣ дар калимаи “зан” нуҳуфтааст”
Ба назари ман зан муаллими зиндагист. Бале танҳо муаллим қодир аст, ки ҷомеаро ба чароғи маърифати хеш нурборон гардонад. Ҳама гуна амният ва тансиҳатӣ, ободӣ ва рӯзгори хуш аз рисолату масъулияти Ӯ бар меояд. Ҳидояти модарон аст, ки ҳамаи мо дар ҷомеа худшиносу ватандӯст ва огоҳ аз меъёрҳои тамаддуни ҷаҳонӣ ба камол мерасем. Ҳамду сано бод ба Зан-Модар, ба оне, ки Рудакиву Фирдавсӣ, Исмоили Сомониву, Низомулмулк, Абуалӣ Синову Хайём, Деваштичу Спитамен,Носири Хусраву, Саъди Шерозӣ, Муқаннаъву Темурмалик, Ҳофизӣ Шерозиву, Камоли Хуҷандӣ, Маҳастиву, Зебунисо, Абдураҳмони Ҷомиву, Бадриддин Ҳилолӣ, Саъдиву Аҳмади Дониш, Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзодаву Лоиқ ва боз бисёр бузургонро ба олам овардааст. Пас месазад, ки Зан-Модарро муносиби қадру манзалаташ эҳтиром намоем, ба он ҳама некиҳое, ки дар ҳаққи мо зоҳир мекунад бо садчанд некӣ ҷавобгӯ бошем, зеро чунон, ки Ҳазрати Муҳаммад (С) фармудааст: “Неки ба инсон чун пардае хоҳад буд, ки шахсро аз оташи дӯзах эмин дорад”
Бузургони адаби класики низ ҷойгоҳи зан ва модарро бо шеъру сухаеҳои пурмуҳтаво тавсиф намудаанд. Масалан Саъдии Шерозӣ, орифи машҳур, бар ин ақидааст, ки: “Зани солеҳаро беҳтар аз ганҷи дунё наёфтам”. Ӯ бо ин суханаш арзиш ва таъсири зани ахлоқмандро дар тарбияи фарзанд ва ободии оила таъкид мекунад.На танҳо дар фарҳанги шарқ, балки дар андешаҳои бузургон ва файласуфони Ғарб низ ҷойгоҳи Зан ва Модар баланд аст Лев Толстой нависандаи маъруфи рус, мегӯяд: “Зан сутуни асосии зиндагӣ ва модар нахустин муаллими фарзанд аст”. Воқеан, дар васфи модар бузургон ончунон гуфтанду навиштаанд, ки интиҳо надорад. Ин далели он аст, ки меҳри модар ва бузургии Ӯ безавол аст.Пешвои муаззами миллат хеле бо маврид зикр кардаанд: “Вақте, ки мо як писарро тарбиямекунем,Мо як мардро ба воя мерасонем, аммо вақте, ки мо духтарро ба камол мерасонем, миллат ба камол мерасад.Зан модар офаранда ва тарбияткунандаи авлоди башар аст, ки ҳаёт ва неъматҳои бузурги он- озодӣ, сулҳ, оромӣ, ва осудагиро ҳамеша қадр менамояд.
Барои ҳамин мегӯянд, ки ҷомеае, ки ба Зан-модар ғамхорӣ мекунад, ба ояндаи худ ғамхорӣ менамояд. Бештар аз ин, занону модарон ойинаи чеҳранамои миллат буда,маҳз ба воситаи онҳо ба фарҳангу маърифати ҳар қавм баҳо медиҳанд.Воқеан мақоми зан шараф ва барҷаста мебошад. Зан мураббӣ ва оғуши он мактаби бузурги камолоти насли одамист.
Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре аст.
Агарчи аз занон пайғомбаре нест,
Ҳама пайғомбаронро модаре ҳаст.
Аз ин рӯ барҳақ ҳар як оила, қавму миллат ва дар маҷмӯъ ҷомеаи инсонӣ бо зани фарҳангдӯст, боназокат,боиффат,донишманд, худшиносу ватандӯст ва ҳунарманду кадбону ифтихор доранд.
Занону бонувонро зарур аст, ки аз ин имкониятҳои муҳайёнамудаи давлату ҳукумат дар самти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва таҳкими мавқеи занон дар ҷомеа, ташаккул ва рушди ниҳоди сарварии занон ва фаъол гардонии ин табақаи ҷомеа дар рушди сиёсати давлатдориро самаранок истифода намоянд, зеро ин нерӯи бузурги иҷтимои қодир аст ба рушд ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири назаррасдошта бошад.
Салимова Файзигул Нуралиевна
омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
