Имрӯз, олими ҷавон ва меҳнатдӯст, инсони поктинату равшанзамир, ҷавони фаъолу пешқадам, устоди соҳибтаҷриба ва тарбиятгари насли ҷавон, пайрави асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини декани факултети электромеханикаи Донишкада аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд.
Ин унвони волоро имрӯз муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода зимни баргузории чорабинии бошукуҳ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Анвар Саидов эъто намуданд.
Мо, шоҳиди фаъолияти пурсамар ва талошҳои бевоситаи Анвар Саидов дар рушди Донишкада ва махсусан тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, меҳнатдӯстиву меҳнатдӯстӣ ҳастем ва хидматҳои ӯро қадр менамоем.
Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкада устоди арҷманд Анвар Саидовро ба ин дастоварди навбатӣ табрику таҳният гуфта, барояшон дар кору зиндагӣ барору муваффақият ва дар роҳи расидан ба қуллаҳои баланди илмӣ комгорӣ таманно менамоем.
Мукофоти баланд ва дастовардӣ навбатӣ хуҷаста бод устод Анвар Саидов!
Шуъбаи иттилоот
