ОМӮЗГОР-ЧАРОҒИ РОҲИ ДОНИШ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста аз нақшу рисолати омӯзгору устоду мураббӣ ёдовар мешаванд. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, “омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, ҳуруфоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад”.
Омӯзгор шахсест, ки дар тарбия ва таълиму маърифати насли наврас нақши бузург дорад. Ӯ ба шогирдон на танҳо дониш меомӯзонад, балки онҳоро ба меҳандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ростқавлӣ, одобу ахлоқи нек ва эҳтироми дигарон ҳидоят менамояд.
Пешаи омӯзгорӣ яке аз касбҳои пуршараф ва масъулиятнок ба ҳисоб меравад. Омӯзгор ҳар рӯз бо шогирдон кор карда, барои рушди қобилияту истеъдоди онҳо кӯшиш менамояд. Ҳар як сухан, рафтор ва муносибати омӯзгор метавонад ба ҳаёти шогирд таъсири муҳим расонад.
Аз ин лиҳоз, омӯзгор бояд донишманд, босабр, меҳрубон, масъулиятшинос, серталаб ва намунаи ибрат бошад.
Қайд бояд намуд, ки дар замони муосир талабот ба омӯзгор боз ҳам зиёд гардидааст. Пешрафти илму техника ва ворид гардидани технологияҳои нав ба соҳаи маориф тақозо менамояд, ки ҳамеша дониш ва малакаи худро такмил диҳад. Истифодаи компютер, барномаҳои замонавӣ ва усулҳои нави таълим имконият медиҳад, ки дарсҳо шавқовару самаранок гузаронида шавад.
Меҳнати омӯзгор шояд ҳамеша ба таври назаррас дида нашавад, аммо натиҷаи он дар ояндаи шогирдон зоҳир мегардад. Ҳар як табиб, муҳандис, олим, ҳуқуқшинос, роҳбар ва дигар мутахассисон дар оғоз шогирди як омӯзгор буданд. Аз ҳамин сабаб, саҳми омӯзгор дар пешрафти ҷомеа хеле бузург мебошад.
Гуфтан лозим аст, ки омӯзгор дар баробари таълим додан, дар қалби шогирдон тухми орзу, умед ва бовариро бар ояндаи дурахшон мекорад. Шогирди хуб метавонад барои омӯзгори худ беҳтарин натиҷаи меҳнат бошад.
Дар ҳақиқат, омӯзгор чароғест, ки роҳи инсонро ба сӯи дониш ва зиндагии шоиста равшан мекунад.
Эҳтироми омӯзгор – эҳтироми илму дониш ва ояндаи миллат аст. Омӯзгор яке аз шахсони муҳим дар ҳаёти ҳар як инсон аст. Ӯ кӯшиш мекунад, ки шогирдонаш босавод, боодоб ва ватандӯст ба воя расанд. Меҳнати омӯзгор хеле арзишманд аст, зеро ояндаи ҷомеа аз насли босаводу тарбиядида вобаста мебошад.
Мо бояд омӯзгорони худро эҳтиром кунем ва ба меҳнати онҳо қадр гузорем. Омӯзгор дар ҳаёти ҳар як хонанда, донишҷӯ нақши муҳим дорад. Ӯ ба онҳо хондану навиштан, илм омӯхтан ва дуруст рафтор карданро меомӯзонад. Омӯзгор барои шогирд мисли роҳнамоест, ки роҳи дониш ва зиндагии хубро нишон медиҳад.
Омӯзгори хуб, меҳрубон, сабрнок, донишманд ва ғамхор мебошад.Мо аз омӯзгор на танҳо фанҳои гуногун, балки одобу ахлоқ, дӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми дигаронро низ меомӯзем.
Омӯзгор нафарест, ки барои ташаккули ҷомеаи солим ва ояндаи дурахшон замина фароҳам меоварад. Мо бояд ҳамеша ба омӯзгорони худ изҳори сипос гӯем ва қадри меҳнати онҳоро донем. Зеро, омӯзгор чароғи роҳи дониш ва ояндаи дурахшони мо мебошад. Чунончӣ:
Омӯзгор, эй чароғи роҳи мо,
Туӣ раҳнамои донишгоҳи мо.
Ба мо илму адаб меомӯзӣ
Мекушоӣ дари фардои мо.
Устод – чароғи роҳи дониш ва роҳнамои зиндагии мост. Меҳри устод дар қалби шогирд ҳамеша боқӣ мемонад. Мо ба ҳамаи омӯзгорони азиз барои заҳмату меҳрубонӣ ва таълими некашон сипос мегӯем.
Рӯзи омӯзгор муборак, устодони азиз!
Бигзор ҳамеша саломат, сарбаланд ва хушбахт бошед ва аз муваффақияти шогирдонатон ифтихор намоед!
Шабнами АМИРАЛӢ
омӯзгори калони кафедраи
математикаи олӣ ва зеҳни сунъии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон