ВОХӮРӢ ВА МУЛОҚОТИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДА БО ДОНИШҶӮЁНИ БАХШИ ЯКУМИ ФАКУЛТЕТҲОИ ЭЛЕКТРОМЕХАНИКА ВА КОРҲОИ КӮҲӢ

Имрӯз, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат дар маҷлисгоҳи калон бо донишҷӯёни факултетҳои электромеханика ва корҳои кӯҳӣ вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар мулоқоти мазкур роҷеъ ба риояи одоби донишҷӯӣ, қоидаву рафтори ягона, риояи тартиботи ҷоригардида, ширкати фаъол дар дарсҳо, хубу аъло хондан, ширкат дар маҳфилҳо, омодагӣ ба олимпиадаҳои фаннӣ, истифодаи оқилонаи телефонҳои ҳамроҳ ва интернет, эҳтиёткорона истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳисси баланди меҳандӯстӣ, содиқона хидмат намудан ба халқу Ватан, дӯст доштани волидайн, эҳтироми калонсолон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва ғайра сухан рафта, аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки доим фаъол бошанд ва вақти хешро самаранок истифода баранд.
Таъкид карда шуд, ки дар ин шабу рӯзи донишҷӯӣ истифодаи оқилонаи вақт, хубу аъло хондан, мутолиаи асарҳои бадеӣ, иштирок дар маҳфилҳои донишкадавӣ хеле муҳим буда, дар ташаккули ҷаҳонбинии донишҷӯён замина мегузорад.
Ҳамзамон, ректори Донишкада иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ҷавонон ғамхорӣ зоҳир карда, ба рушди касбии ҷавонон, фароҳам овардани имконоту шароит бар онон, баланд бардоштани маҳорату малакаи донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд ва пайваста таъкид месозанд, ки ҷавонон ҳаматарафа дастгирӣ карда шаванд. Аз ин лиҳоз ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо Шумо- донишҷӯён бояд хубу аъло хонед ва дар оянда мутахасиси хуб шуда, дар рушди Ватани азизамон саҳми арзишманди хешро гузоред. Аз Шумо як чиз талаб карда мешавад, ин ҳама бошад, хондани хубу аъло ва рафтори намунавӣ.
Дар интиҳо ректори донишкада дотсент Давлатзода Давлат аз тамоми донишҷӯён хоҳиш намуд, ки дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзанд ва чӣ камбудиву мушкилоте дошта бошанд, мустақиман ба роҳбарияти донишкада муроҷиат намоянд. Рӯзи қабули донишҷӯён ҳаст, марҳамат ҳар вақте хостед, пешниҳоду эроде доред, мо омодаем шуморо бишнавем. Илова намуд, ки роҳбарияти донишкада ҳамеша омода аст, дар ҳар маврид ба донишҷӯён кумаки хешро бирасонад.
Шуъбаи иттилоот