Истиқлол баландтарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷбарсари тоҷик, ки сию панҷ сол пеш муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фаромӯшнашаванда ва фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад.
Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Fафуров Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард ва муаррифи намуд, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ў иртиботи ҳамаҷониба дорад. Мардуми шариф ва бонангу номуси Тоҷикистон хуб дарк мекунанд, ки истиқлолият ва озодӣ арзиши бисёр бебаҳо дар ҳаёти ҳар як шахси баору баномуси Ватан мебошад. Инак, тули 35 сол аст, ки Суруди миллӣ ва Парчами давлатии мо дар саросари Тоҷикистон ва берун аз марзи он дар маросиму чорабиниҳои сатҳи олӣ ва дигар маъракаҳои муҳим баланд садо дода, партавфишонӣ намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Гарчанде Истиқлолияти давлати мо ҷавон аст, аммо корнамоиҳои далеронаи фарзандони бонангу номуси миллати тоҷик дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардиданд. Муборизаҳои ҷоннисоронаи қаҳрамонони миллатамон, ки дар ин роҳи вахдату озодӣ ва истиқлоли сарзаминамон қурбониҳо кардаанд, моро ба Истиқлолияти давлатӣ расонидааст. Мо, дар муддати 35 – соли истиқлолият тавонистем, харчанд мушкилоту монеаҳои зиёд пеш меомад, устувори ватанамонро таъмин кунем, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорем, тамоми кўшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осоишта равона созем. Танҳо бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва заҳмату талошҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки кишварамонро ба оламиён муаррифӣ намоем ва ба сўи фардои дурахшон сарбаландона пеш равем..
Бинобар ин, мо бояд ҳамеша аз истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз ҷумла муқаддасоти ормонии миллати тоҷик мебошанд, шукрона карда, онро чун арзиши бебаҳо ҳифз намоем. Ҳамчунин рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Нишон, Парчам ва Суруди миллиро қабул кардем. Артиши милливу Қушунҳои сарҳадиро ташкил дода, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва майлу ормонҳои халқамон роҳи кишвари ҳуқукбунёду дунявиро пеш гирифт. Дуруст тарбия намудани насли наврас шарти асосии пешравии ҷомеаи солим ба ҳисоб меравад ва ин кори муҳим на танҳо вазифаи оила ва мактаб, балки вазифаи давлат ва тамоми ҷомеаи солими мо аст. Дар шароити хело душвори ҷаҳони муосир, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои онро вазифаи худ шуморида, масъулияти баланди ватандориро бояд эҳсос бикунем. Ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Ҳамзамон бо ин, ба қадри ин неъмати бебаҳо – яъне ватан ва истиқлолияти он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад.
Имрўз, сад шукри сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлолияти комил ва соҳибдавлатӣ, ки Тоҷикистони азизи мо дар марҳилаи сифатан нави рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дорад ва ба кишвари дорои низоми муосири муносибатҳои бозаргонӣ, иқтисоди миллии рушдёбанда ва фазои мусоид барои нақшаҳои бузурги пешрафту созандагӣ табдил ёфтааст.
Имрўз Точикистони азизи мо ба муваффақиятҳои бисёр назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир мавқеи худро пайдо кардааст. Пояҳои Истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд. Аз рўзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барўманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар рушду равнақ ёфта, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Самараи неки истиқлол аст, ки имрўз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – манбаи омўзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гардид, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст. Боиси хушнудист, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба маҷрои куллан нав ворид гардида, сол аз сол беҳтар мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ин санаи хотирмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд.
Рамз дар шакли мудаввар таркиббандӣ ва бо ранги зарҳалӣ оро дода шуда, дар давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рақамҳои «1991-2026» навишта шудааст.
Дар маркази рамз акси «Маҷмааи Истиқлол», ки ифодагари эҳёи давлатдории миллӣ, нишона аз озодӣ, истиқлол ва рушди бомароми Тоҷикистон мебошад, ҷой дода шудааст.
Дар пасманзари рамз ҷилои нури офтоб дар осмони соф акс ёфтааст, ки аз рӯшноӣ, сулҳу субот ва ояндаи дурахшони кишвар дарак медиҳад.
Акси кӯҳу пиряхҳо, обу дарахтон ва сабзазоре, ки дар рамз ҷойгир аст, ишора ба ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо буда, ҳамзамон нишона аз иқлими сабз ва дорои захираҳои бойи табиии Тоҷикистон мебошад.
Аксҳои роҳ, нақб ва нерӯгоҳ, ки рамзро мукаммал гардонидаанд, ифодагари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошанд.
Инчунин, дар паҳлуи рости рамз рақами 35 бо истифода аз рангҳои парчами давлатӣ ҷойгир аст, ки ишора ба соли ҷашн мебошад. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон – асоси омӯзиши сулҳхоҳони тамоми ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷик аст. Мо, бояд аз ин миллати барӯманд ифтихор намоему, барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем. Бигузор ҷашни муқаддаси Истиқлолият барои ҳар як фарди соҳибдилу озоди кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!
Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли мардуми кишвари азизамон муборак бошад!
Олимова Ф.Ш.
омӯзгори кафедраи таъминоти барқи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
