ПЕШГИРИ АЗ ҲАРАКАТҲОИ ТЕРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ КОРИ ДАСТАҶАМЪӢ

Дар замони муосир терроризм ва экстремизм, ҳамчун яке аз падидаҳои номатлуб ва ҳаракатҳои муташаккили ғайриинсонӣ ба амният ва суботи миллатҳо таҳдид менамояд.  

          Барои муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб, пеш аз ҳама, бояд чораҳои махсуси ҷанбаҳои пешгирикунанда андешида шавад. Ҷанбаҳои пешгирикунанда на танҳо роҳи самаранок, балки роҳи устувори ҳифзи ҷамъият мебошад.

         Баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, яке аз самтҳои асосии пешгирикунанда аз гумроҳӣ ва шомилшавӣ ба ин ҳаракатҳои номатлуб ҳисобида мешавад. Шахсе, ки дорои дониш ва ҷаҳонбинии васеъ аст, камтар ба таъсири ғояҳои ифротӣ гирифтор мешавад. Аз ин рў, муассисаҳои таълимӣ бояд дар баробари таълим, ба тарбияи ахлоқӣ ва шаҳрвандии ҷавонон низ аҳамияти махсус зоҳир намоянд.

         Тарбияи дурусти ҷавонон самти муҳиме мебошад, ки аз муҳити оила сарчашма мегирад. Муҳити оила ҳамчун нахустин мактаби зиндагӣ, бояд фарзандонро дар руҳияи инсондўстӣ, ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми дигарон ба воя расонад. Муҳити солими оилавӣ метавонад ҷавононро аз роҳҳои нодуруст ҳифз намояд. Дар ин самт истифодаи дурусти воситаҳои ахбороти омма ва шабакаҳои ичтимоӣ хеле муҳим мебошад. Имрўз, гурўҳҳои ифротгаро бештар тавассути шабакаҳои ичтимоӣ фаъолият мекунанд. Аз ин лиҳоз, баланд бардоштани саводи рақамӣ ва омўзиши истифодаи бехатари шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҷавонон зарур мебошад.

         Барои пешгири аз ҳаракатҳои терористӣ ва экстремистӣ нақши мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ низ дар ин самт хело бузург мебошад. Татбиқи қонунҳо, назорати фаъолияти гурўҳҳои шубҳанок ва роҳандозии барномаҳои тарбиявӣ метавонад ба коҳиш ёфтани ҳаракатҳои терористӣ ва экстремистӣ мусоидат намояд. Дар баробари ин, таҳкими арзишҳои миллӣ, рушди фарҳанг ва варзиш, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонон низ аз ҷумла омилҳои муҳими ҷанбаҳои пешгирикунанда ба ҳисоб меравад. Зеро бекорӣ ва ноумедӣ метавонад замина барои гароиши ҷавонон ба гурўҳҳои ифротгароӣ гарданд.

         Хулоса, роҳи пешгирӣ аз ҳаракатҳои терористӣ ва экстремистӣ кори дастаҷамъона буда, танҳо бо ҳамкории оила, мактаб, ҷомеа ва давлат метавон муҳити орому осоиштаро таъмин намуда, насли солимро ба камол расонид.    

 Воҳидов А.А.

номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон