СУЛҲУ ВАҲДАТ ВА ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ —ХИДМАТҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлол ва ободии Ватан аз арзишҳое мебошанд, ки бо таълимоти Қуръони карим ва Суннат мувофиқати равшан доранд. Дин диндоронро ба сулҳ, ислоҳи муносибатҳои байни мардум, парҳез аз низоъ ва ҳамкорӣ дар корҳои нек даъват менамояд.
Худованд мефармояд:
Агар ду гурӯҳ аз мӯъминон бо ҳам ҷанг кунанд, миёни онҳо ислоҳ кунед. Ва агар яке бар дигаре таҷовуз кунад, бо гурӯҳи таҷовузкунанда мубориза кунед, то ба Ҳақ баргардад. Пас, агар баргашт, миёни онҳоро бо адолат ислоҳ кунед ва адолат намоед; ҳамоно Худо адолаткунандагонро дӯст медорад.
(Сураи Ҳуҷурот, 49:9)
Ин оят нишон медиҳад, ки ислоҳ байни мардум ва барқарор намудани сулҳ вазифаи бузурги ахлоқию иҷтимоӣ мебошад.
Ҳамчунин Худованд таъоло мефармояд:
Ва ҳамагӣ ба ресмони Худо чанг занед ва пароканда нашавед.
(Сураи Оли Имрон, 3:103)
Ин дастур барои ҷомеаи мо низ аҳамияти бузург дорад. Ваҳдат маънои онро дорад, ки шаҳрвандон бо вуҷуди фарқиятҳои гуногун манфиатҳои умумимиллӣ — сулҳ, субот, истиқлол ва ободии Ватанро ҳифз намоянд.
Паёмбар ба ислоҳи муносибатҳои байни одамон аҳамияти махсус медоданд. Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст:
«Оё шуморо ба амале хабар надиҳам, ки аз рӯи мартаба аз рӯза, намоз ва садақа бартар аст?» Гуфтанд: «Бале». Фармуданд: «Ислоҳ намудани муносибатҳои байни мардум».
(Сунани Абӯдовуд, 4919)
Аз ин ҳадис бармеояд, ки сулҳофарӣ ва оштӣ додани мардум дар Ислом мақоми бисёр баланд дорад, яъне сулҳхоҳӣ аз арзишҳои хоси диндорӣ мебошад.
Вале, ононе, ки бо баҳонаи дин мардумро ба гумроҳӣ кашиданд, маълум мешавад, ки аз аввал динро барои хиёнат бар мардум истифода кардаанду халос. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бисёр чизҳоро барои мо аз ба ном диндорон маълум сохт.
Таърихи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ барои мардум давраи бисёр душвор буд. Раванди музокироти байни тоҷикон баъди солҳои зиёд гуфтушунид ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 анҷом ёфт. Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин Абдуллоҳи Нурӣ санадро имзо карданд.
Дар санади Созишномаи истиқрори умумӣ сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҳамчун авлавиятҳои муҳими миллӣ муайян гардида, масъалаҳои авфи тарафайн, бозгашти гурезаҳо ва барқарорсозии иқтисоди кишвар низ пешбинӣ шудааст. Дар ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, расидан ба саодат саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Маҳз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради волои сиёсӣ давлатро аз нестшавӣ наҷот доданд.
Дар қонунгузории конститутсионии Тоҷикистон низ саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сулҳ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва бунёди давлати соҳибистиқлол ба таври расмӣ арзёбӣ шудааст, ки ин ифтихори бузург мебошад.
Аз нигоҳи таълимоти Ислом, натиҷаи сулҳ — қатъи хунрезӣ, барқарор шудани амният, бозгашти мардум ба хонаҳои худ ва фароҳам гардидани шароити ободкорӣ — бо мақсади ислоҳ ва сулҳ дар ҷомеа созгор мебошад.
Истиқлолият барои ҳар миллат неъмати бузург аст. Қуръони карим инсонро ба шукри неъматҳо ва обод намудани замин даъват мекунад:
«Ва пас аз ислоҳ шудани замин дар он фасод накунед.»
(Сураи Аъроф, 7:56)
Аз ин нуқтаи назар, ҳифзи истиқлол танҳо масъулияти мақомоти давлатӣ нест. Ҳар шаҳрванди кишвар бояд бо меҳнати ҳалол, риояи қонун, эҳтироми дигарон, ҳифзи сулҳу субот ва тарбияи фарзандони солеҳ дар ободии Ватан саҳм гузорад.
Дар бораи фаъолияти пурсамари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қадар сухан гӯем ҳам кам аст, зеро шоҳкории ин марди хирад миллатро аз нестӣ наҷот дод.
Ваҳдати миллӣ низ бо ҳамин рӯҳия бояд ҳифз гардад: бо таҳаммул, эҳтироми ҳамдигар, гуфтугӯ, бахшиш ва гузоштани манфиати умумӣ болотар аз ихтилофҳои шахсӣ.
Аз ин рӯ, хизматҳои давлатдорӣ дар роҳи барқарор намудани сулҳ ва таҳкими давлат бояд на танҳо ҳамчун масъалаи сиёсӣ, балки ҳамчун масъулияти ахлоқӣ дар назди мардум ва наслҳои оянда низ баррасӣ шаванд.
Сулҳ неъмати бузург, ваҳдат асоси суботи ҷомеа ва истиқлол пояи давлатдории миллӣ мебошад. Қуръон ба сулҳ ва ислоҳи байни мардум даъват мекунад, Суннати Паёмбар (с.в.с.) низ оштӣ ва барқарор намудани муносибатҳои некро амали бузург мешуморад.
Аз ин рӯ, вазифаи имрӯзаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз он иборат аст, ки сулҳро қадр кунад, ваҳдатро ҳифз намояд, истиқлолиятро таҳким бахшад, қонунро риоя кунад ва барои ободии Ватан саҳм гузорад.
Худои таъоло Ватани моро обод, мардумашро муттаҳид, ҷомеаро осуда, истиқлолияти Тоҷикистонро пойдор ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сиҳату саломат нигоҳ дорад.
                                                                                                                                Самиев Бегмурод
                                                                                                                                омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ -иҷтимоии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон