РӮДАКӢ – САРОМАДИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ ВА ДУНЯВӢ

Имрӯз дар толори китобхонаи илмӣ-электронии Донишкада бо ширкати  муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Бобоев Маҳмадалӣ, декани факултети металлургия Шукринисо Раҳимзода  ва дигар омӯзгорону донишҷӯён бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ чорабинии бошукуҳ баргузор гардид. Чорабиниро мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова Зӯҳрохон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақш ва мақому ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар худшиносии миллати тоҷик, ҳифзи фарҳангу забони тоҷик суханронӣ кард.

Сипас, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон ҳамагонро ба Рӯзи Рӯдакӣ табрику таҳния гуфта,  чанд пора аз осори Рӯдакии бузург қироат намуд ва баъдан, роҷеъ ба осори адабӣ, арҷгузорӣ ба ин шоири бузург, шинохти адабӣ, ташаккули шахсият, нақши Рӯдакӣ дар сиёсати замонаш ва тарбияи ватандӯстӣ, мақоми баланди Рӯдакӣ дар адабиёти тоҷику форс, андешаи фалсафии Рӯдакӣ, хирадсолории ӯ,  сухан ронда, чанд нуктаи муҳимро таъкид намуда, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки осори шоири бузурги ҳавзаи тоҷику форс Рӯдакиро мутолиа намоянд аз худ бикунанд. Зеро ашъори Рӯдакӣ ашъори инсонсоз ва саропо тарбияту ахлоқ асту инсонро ба рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, илмдӯстиву донишомӯзӣ ва одамият даъват менамояд.

Ҳамчунин, дар чорабинии имрӯза муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Бобоев Маҳмадалӣ, декани факултети металлургия Раҳимзода Шукринисо, сардори раёсати илм ва инноватсия Мирсаидова Фирӯза, омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Тоҷибоева Манзура суханронӣ намуда аз мақоми баланди шеъри оламгири Рӯдакӣ ва нақши он дар ташаккули инсони солим ва масъулиятшинос ибрози андеша намуданд. 

Ҳамчунин, дар чорабинӣ донишҷӯён аз ашъори Рӯдакӣ шеърҳо қироат намуда, табъи ҳозиринро болида намуданд.

Шуъбаи иттилоот