ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА МАҚОМИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти давлатиро дастоварди бузурги миллӣ арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки “Истиқлоли давлатӣ бузургтарин неъмат, нишони олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад”.
Истиқлолият ба мардуми Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки давлатдории миллии худро таҳким бахшанд, фарҳангу забони миллӣ ва арзишҳои таърихии худро бештар ҳифз намоянд.
Истиқлолият ва забон бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Истиқлоияти давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ заминаи муҳим фароҳам овард ва забони давлатӣ бошад, ҳамчун яке аз рукнҳои давлатдории миллӣ дар таҳкими худшиносии ҷомеа нақши муҳим мебозад. Забони давлатӣ яке аз муқаддастарин арзишҳои ҳар як миллат ба ҳисоб меравад. Миллатро бе забон тасаввур кардан душвор аст, зеро забон таърих, фарҳанг расму ойин ва андешаи мардумро дар худ таҷассум мекунад. Метавон гуфт, ки дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ забони давлатӣ низ ба қатори муқаддасоти миллӣ дохил мешавад. Дар ташаккул ва рушди давлатдории навин ва устувории он дар умури сиёсӣ иқтисодӣ, иҷтимои ва фарҳангӣ забони давлатӣ нақши муҳим дорад.
Боиси таъкид аст, ки истиқлолхоҳии тоҷикон дар охири садаи ХХ маҳз аз ҳалли масъалаи забон шуруъ гардид ва бо дастёбӣ ба истиқлолияти давлатӣ ибтидо аз соли 1991 забони тоҷикӣ ҳамчун забони ягонаи адабии миллати тоҷик рушд ёфт. Дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ тоҷикон бо амалҳои ҳадафмандона дар самти таъмини умумияти забони адабии миллат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Чунончи, забони адабии тоҷикӣ тавассути қонугузорӣ забони давлатӣ эълон гардида, мақоми аввалро дар раванди таъмини ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии миллату давлат касб кард. Забон аз тамоми унсурҳои нозарури иқтибосшуда ва олудагиҳо дар захираи луғавӣ ва қоидаҳои сарфию наҳвӣ тоза гардид, қоидаҳои имлои он такмил ёфтанд ва ислоҳоти алифбои кириллиасоси тоҷикӣ сурат гирифт. Дар маҷмуъ, забони муосири адабии тоҷикӣ дар даврони истиқлолият дубора эҳё гардида, рушди он ҳамчун нишонаи миллат умумияти тоҷиконро боз ҳам тақвият бахшид. Шеваю лаҳҷаҳои дар дохили ин забон мавҷуд буда то кунун ҳам ҳамчун воситаи шифоҳии муошират дар сатҳи маҳаллию минтақавӣ корбаст гардида, барои рушди забони адабии хаттӣ ҳамчун махзани шифоҳӣ хидмат мекунанд. Истиқлолияти давлатӣ ҳифзи ин забонҳоро кафолат дода, азхудкунии забонии адабии тоҷикиро аз ҷониби ҳомилони ин забонҳо дар сатҳи ниҳодҳои расмӣ ва ҳаёти рӯзмарра пурра таъмин намуд ва бо ин роҳ ваҳдат ва ягонагии миллиро таҳким бахшид.
Бо иқдоми бевоситаи Пешвои муаззами миллат «омили муҳими ташаккули миллат» ва «рукни асосии давлат» шинохтани забон, эълом доштани соли 2008 ҳамчун Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, қабул ва амалисозии чандиндафъаи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди он ва тадбирҳои зиёди дигар дастовардҳои миллатро дар самти таъмини умумияти забонӣ боз ҳам афзунтар намуданд. Сарвари давлат таъкид менамоянд, ки забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар миллат ва забон хишти аввалини кохи миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рушду пойдор сохтани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ воқеаи тақдирсози фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5 октябри соли 2009 таҳти рақами 553 қабул гардид,ки аз 7 боб ва 28 модда иборат аст. Ҳадаф ва мақсади ниҳоии ин қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ рушди забон чун падидаи фарҳанг, васеъ намудани амалкарди забони тоҷикӣ дар таълим, коргузорӣ, илм, васоити ахбори омма, муносибатҳои байналмилалӣ, ҳифзи забони тоҷикӣ дар хориҷи кишвар ба ҳисоб меравад. Истиқлолияти давлатӣ омили муҳимми эҳёи забони тоҷикӣ мебошад. Забони тоҷикӣ сарнавишти зиёда аз сеҳазорсола дошта, дар таърихи худ давра ба давра тағйиротҳои сиёсию фарҳангиро таҷдид кардааст. Забони тоҷикиро то ташкил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони пеш бо номи забони дарӣ ё худ хамчун шеваҳои забони форсӣ номгирӣ менамуданд. Забони тоҷикӣ ва рушду ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз истиқлолияти забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад. Эҳтиром ба забони модарӣ, таҷлили рӯзи он дар сатҳи миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси ғании фарҳангӣ, ки дар асоси он ба вуҷуд оварда шудааст ва амсоли он ба як ҷузви муҳимми барномаи ғайрирасмии эҳёи хотираи таърихӣ ва рушди миллат мубаддал гардиданд. Оммафаҳмии забони адабӣ ва сухангӯӣ бо он барои ҳамаи намояндагони миллат новобаста аз минтақаи зисташон таъмин гардид, нутқи шифоҳӣ ба забони адабӣ бештар наздик шуд.
Бинобар ин, саъю талош барои эҳёву рушд ва корбасти забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ ва ҳатмӣ гардонидани риояи он дар тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар як амри комилан қонунӣ ва ниҳоят муҳим мебошад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки бо фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад. Пеш аз ҳама навиштан ва нашри китобҳои дарсӣ барои донишҷӯён, фарҳангҳои русӣ- тоҷикӣ, англисӣ- тоҷикии истилоҳоти бахшҳои гуногун илмӣ бояд ба раванди доимӣ табдил ёбад. Аз ин рӯ ба таълими он бояд дар ин муассисаҳо бо истифода аз усулу имкониятҳои замони ҳозираи илму техника ва технологияи нав бештар диққат дода, барои ташкили муҳити забони илм шароит фароҳам оварда шавад.
Ҷиҳати арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намудани дастовардҳои ниёгон таҳқиқ намудани тарихи пурифтихори миллат, проблемаҳои фалсафа ва адабиёту фарҳанг, поку бегазанд нигоҳ доштани забони давлатӣ ва таҳким бахшидан ба мақоми он, тоза нигох доштани забони муошират, эҷоду эҳёи забони илмии тоҷикӣ аз вазифаҳои муҳим мебошад.
Дар замони пуртазоду пуриихтилофи ҷаҳоншавӣ устувор ва мустаҳкам намудани робитаи фарҳангию забонӣ, омӯхтану аз худ намудани адабиёт, таъриху фарҳанги ниёгон ба манфиати миллат ва рушди забони тоҷикӣ мебошанд.
Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари фароҳам овардани шароити мусоиди сиёсию ҳуқуқӣ дар самти ҳифз ва рушду инкишофи арзишҳои фарҳанги миллӣ барои рушди забони тоҷикӣ низ шароити мусоид фароҳам овард.
Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад. Ба гуфтаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ пойдор ҳаст».
Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафти миллат ва давлат аст, мо омӯзгоронро водор менамояд, ки барои густариши ҳарчи бештари забон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт ғановати мунтазами таркиби луғавии он, ҳамчунин ҳифзу нигоҳ доштани асолату покизагии забони давлатӣ оқилона талош намоем. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки ба фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, пок нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳои миллат ва ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад. Забон воситаи муомилот ва муоширати одамон аст. Донистани ин ё он забон ба кас имконият медихад, ки аз бурду бохт, имконияту вазъият ва камбудию талаботхои рузмарраи хаёт огаҳ гардад. Донистани забони гайр донистани воқеияти ҳаёти миллати дигар ва кулли дигаргуниҳои олам аст. Барои омухтани забони дигар мо бояд, пеш аз хама забони модарии хешро ба хубӣ донем. Озодона хамаи соҳаҳои ҳаёти худро омӯхта аз худ намоем.
Имрӯзҳо тифли дилбанди фарди тоҷик бо чандин забони дунё муошират менамояд. Ба давлатҳои хориҷа рафта, таҳсили илм мекунанд, соҳибмаьлумот мегарданд. Ин албатта, ба пешравии миллат, давлат ва қавми тоҷик манфиати хуб меорад.
Имрӯзҳо дар ҷумҳурии азизамон сафоратхонахои зиёди давлатҳои дунё арзи хастӣ доранд, ки ҳамкориҳои байналхалқии Тоҷикистонро бо дигар давлатҳо ҷонибдорӣ мекунанд.
Забондонист, ки имрӯзҳо фардияти точик бо хамаи кишвархои дунё робитаҳои дустӣ дорад. Ба сафарҳо мебарояд. Мусиқии мардуми тоҷикро ҷаҳониен гуш меандозанд, халоват мебаранд. Фарзанди миллати тоҷик кормандони бузурги давлатҳои тарақикардаи дунёанд. Аксарияти мардону занони тоҷик дар кишвари Россия чун дар хонаи хеш кору фаъолият мекунанд. Фарзандонашон дар мактабҳои онон таълиму тарбия мегиранд. Фарди точик дар гуфтугӯй бо мардуми эронинажод қариб, ки баробаранд. Фарзанди тоҷик бо забонҳои англисӣ, немисӣ, русӣ, озодона дар гуфтугӯянд. Ин албатта, фахри давлату миллати тоҷику Тоҷикистониён аст. Забон яке аз неъматҳои беҳтаринест, ки Худованд баҳрамон офаридааст. Зеро забони нек дар олам сулҳу амонӣ, дӯстиву рафоқат ва нишоту сурурро пойдор мегардонад. Аммо агар ин гуфтаҳоро баръакс гардонем, забон бадтарин олот аст, зеро забони бад ба олам ҷангу ҷидол, хунрезиву якдигарнофаҳмӣва ғаму андӯҳро фарогир месозад. Бинобар ин ҳар як фарди боақлу заковат бояд хушзабону некгуфтор бошад.
Забон тамоми хислатҳои инсонро баёнгар аст ва бояд мо бикӯшем то забони худро аз гуфтани суханони қабеҳ нигоҳ дорем. Забони модариро мо аз овони хурдӣ аз сурудани «Алла» -и модар меомӯзем. Донистани забони модарӣ ва ҳифз кардани он қарзи фарзандии мост. Забон ҳастии миллат аст. Ҳифз, рушд ва эҳтироми забони модарӣ кафолати пойдории миллат, таҳкими давлатдорӣ ва пешрафти ҷомеа ба шумор меравад.
Умуман, инкишофи забон ба ҳаёти одаминзод алоқаманд аст. Имрӯз ҳар як фарди бедордил бояд, барои омӯхтани забони тоҷикӣ кушиш кунад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд. Дар ҷаҳони техникаву технология имрӯз забонҳои англисӣ ва русӣ ҳамчун забонҳои ҳукмрон маҳсуб меёбанд. Сохта ба истифода дода шудани садҳо муассисаҳои таълимии замонавӣ бо таҷҳизот ва ашёи муосири таълимӣ, таъмири дигар мактабҳо ва муҷаҳҳазонидани онҳо бо ашёи хониши зарурӣ бозгӯи сиёсати дурусти пешгирифтаи роҳбарияти ҷумҳурист, ки мо омӯзгоронро ба касби худ дилгарм намуда, фарзандони моро ба андӯхтани амиқи донишҳои гуногун равона месозад. Мо омӯзгоронро мебояд, ки бо истифода аз имкониятҳои замони муосир барои ватандӯсту меҳанпарвар, ободкору илмдӯст ба воя расидани фарзандони мардум тамоми кӯшишу ғайрати худро равона созем, то шогирдони арзандаро ба воя расонем.
Бо саъю кӯшиши ҳар як шахс метавонем забони тоҷикиро ҳамчун забони илму фарҳанг ва давлатдорӣ боз ҳам рушд диҳем. Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллати тоҷик воқеаи сарнавиштсоз мебошад. Мо бояд Истиқлолиятро ҳамчун неъмати бузурги миллӣ қадр намуда, барои ободии Тоҷикистони азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Бигзор сулҳу ороми дар кишвари мо пойдор ва Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамеша парафшон бошад!
35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

                                                                                                                                                                                 Силмонова СУРМА
                                                                                                                                                            омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон