Санаи 5-уми августи соли ҷорӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти шашмоҳаи Донишкада баргузор гардид, ки дар он намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд профессор Тоҷибой Султонӣ, ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба коҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид ва зиёда аз 28 нафар рӯзноманигорон аз васоити ахбори омма ширкат намуданд.
Ректори Донишкада Давлатзода Давлат нишастро ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба фаъолияти шашмоҳа иттилоъ дод. Мавсуф таъкид намуд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона донишкадаи соҳавӣ дар самти саноати кӯҳкориву геология, металлургияву энергетика ва иқтисодиёт, зеҳни сунъӣ буда, дар он донишҷӯён аз рӯи 38 ихтисос таҳсил менамоянд.
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ду хобгоҳ мавҷуд аст, ки ҳар ду хобгоҳ низ фаъол буда, дар ихтиёри донишҷӯёну омӯзгорони ҷавон қарор дорад.
Мусаллам аст, ки самти фаъолияти Донишкада ба соҳаи саноат сахт вобастагӣ дорад ва омода намудани мутахассисон дар ин самт хеле мушкил мебошаду аз омӯзгорон заҳмати дучанд талаб менамояд. Ҳамин аст, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон омӯзгорони варзида ва таҷрибадор дар соҳаи геологияву металлургия ба донишҷӯён дарс мегӯянд. Анқариб 73 фисади омӯзгорони Донишкада собиқаи корӣ дар истеҳсолот доранд ва ин ба раванди таълим мусоидат менамояд.
Барои мо ифтихори бузург аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва саноатчиёни вилояти Суғд изҳор доштанд, ки “акнун зарур аст, ки низоми омода намудани кадрҳои муҳандисиву техникӣ ба талаботи нави саноатикунонии мамлакат пурра мутобиқ гардонида шавад.
Дар ин раванд, Донишкадаи кӯҳӣ ва металлургии Тоҷикистон бояд ба маркази асосии омода намудани мутахассисони соҳаи металлургияи муосир табдил дода, дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ низ тайёр кардани муҳандисону мутахассисони соҳавиро бо дарназардошти талаботи воқеии истеҳсолот ба роҳ монанд”.
Ин боварӣ ва дастуру ҳидояти Роҳбари олии давлат моро илҳом мебахшад, то дар ин самт як қатор корҳоро ба сомон бирасонем ва бо диди нав ва зарурати муосир мутахассисонро омода созем.
Дар давраи ҳисоботӣ дар донишкада ҳамагӣ 40 маротиба дарсҳои кушод ташкил карда шуд, ки барои такмили таҷрибаи педагогии устодон мусоидати фаъол намуд.
Иштирок ба дарси ҳамдигарӣ низ як рукни иҷроиши ўҳдадории хизматии омўзгор дар самти беҳсозии сифати машғулиятҳо ба шумор меравад. Тибқи ҷадвале, ки дар оғози соли таҳсил тасдиқ карда шуд дар ҳар кафедра иштирок ба дарсҳои ҳамдигарӣ ба роҳ монда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмуъ 157 маротиба иштирок ба дарсҳои ҳамдигарӣ ба роҳ монда шуд, ки ҳар як машғулияти таълимӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.
Таҷрибаомўзӣ як қисми асосии ҷараёни таълим ба шумор рафта, ба мустаҳкам намудани донишҳои назариявии азбаркардаи донишҷўён дар раванди таҳсил ва ба даст овардани маҳорату малакаҳои касбӣ аз рўи ихтисоси интихобкардаи онҳо равона карда шудааст.
Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаҳои саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, ки бо онҳо шартномаҳои ҳамкорӣ оиди таҷрибаомӯзӣ баста шудааст, гузаронида мешаванд.
Таҷрибаомўзӣ аз рӯйи ихтисосҳои мавҷуда, тибқи нақшаи раванди таълими тасдиқшуда, аз рўи барномаҳои аз тарафи кафедраҳои тахассусӣ таҳиягардида амалӣ мегардад ва дар шаклҳои асосии ба тариқи зайл муқарраркардашуда ташкил ва гузаронида мешавад:
-таҷрибаомўзии таълимӣ (шиносоӣ);
-таҷрибаомўзии истеҳсолӣ;
-таҷрибаомўзии пеш аз рисолаи хатм.
Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо донишкада бо зиёда аз 63 корхонаҳои соҳаи саноат шартномаву созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Аз ҷумла бо корхонаву муассисаҳои ҶМТКММ “Апрелевка”, ҶДММ КМ “Зарафшон”, ҶДММ “Ширкати куҳӣ–саноатии Тоҷикистону Хитой”, ҶММТАКМ “Анзоб” ҶМДММ “Петролеум Суғд”, КФ “Суғднафтугаз”, ҶСК “Ангишт”, ҶДММ “Заринк”, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, ҶДММ “Элегант”, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Коргоҳи таъмири қатораҳо, КВ “Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум”, КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон”, ҶДММ “Авесто Гурӯҳ”, ҶДММ “Нур Суғд” ҶММТАКМ “Анзоб”, КФ ЗЗК “Зари Суғд”, КВД “Экспедитсияи иктишофи геологии ашёи радиоактивӣ”, ҶДММ “Тоҷфилиз”, ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ”, ҶСП “Талко Голд” ва ғайраҳо.
Дар умум хатмкунандагони донишкада ба зиёда аз 68 корхонаву муассисаҳои соҳавӣ барои таҷрибаомӯзӣ сафарбар карда шудаанд, ки ба онҳо мактубҳо омода ва ирсол карда шуд.
Ҳамин тариқ, тибқи дастуру супоришҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишҳои ректори Донишкада хатмкунандагони шакли таҳсили буҷетии соли хониши 2025-2026 бо пуррагӣ бо роҳхатҳо таъмин карда шуда, барои фаъолияти меҳнатӣ ба корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо сафарбар карда шуданд.
Дар умум имсол 503 нафар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро бо сари баланд хатм намуда, соҳибихтисос гардиданд.
Омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва унвондор яке аз ҳадафҳои асосии донишкада ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо пажуҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) ва дигар донишгоҳҳои олии дохиливу хориҷӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Дар давраи ҳисоботӣ 2 нафар омӯзгорон Қозиев Камолиддин ва Осими Оқил сазовори унвони дотсентӣ дар самти илмҳои техникӣ гардиданд. Дар ин давра омӯзгорони Донишкада 8 патент оид ба ихтироот гирифтанд.
Дар давраи ҳисоботӣ олимони донишкада ба таълифи асарҳои илмӣ-таълимӣ пардохтанд ва адабиёти нави таълимии Донишкада ғанӣ гардид. Аз ҷумла, аз ҷониби омӯзгорони кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ китоби дарсии «Иқтисодиёти рақамӣ» ва ҳамзамон китоби дарсии «Муқаддимаи ихтисос» аз тарафи Мирзозода В.,Собирова Ш.,Саидов М.,Раҳматов А.,Аҳмадзода А., ва ворид гардиданд.
Илова бар ин, як қатор китобҳои дарсӣ ва илмии дигар аз ҷониби омӯзгорону мутахассисон, аз ҷумла «Ҳифзи моликияти зеҳнӣ», «Диалектическое единство науки, образования и экономики страны», «Маводшиносӣ», «Маводшиносӣ дар металлургия», «Ҳамлу нақли автомобилии борҳо» ва «Ҳамлу нақли борҳо» ба нашр расид. Дар умум дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби олимону омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Қарори Ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 адад китобҳои илмӣ, таълимӣ ва таҳлилӣ ба табъ расонида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ ду озмоишгоҳи нави илмӣ-таълимӣ ва таҳқиқотӣ бо номҳои “Озмоишгоҳи мониторинги муҳити атроф” ва “Озмоишгоҳи равшанкунии барқӣ” дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таъсис ва ба истифода дода шуд, ки дар рӯзи ифтитоҳи он ректори Донишкада ширкат намуданд.
Тибқи нақша ва ҷадвали баргузории конференсияҳо ва семинарҳои илмӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2026-2027, ки аз ҷониби ректори донишкада тасдиқ гардидааст, бахшида ба солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва ғайра якчанд чорабиниҳои илмӣ аз ҷумла 4 конференсия аз ин 2 конференсияи байналмилалӣ ва 80 семинари илмӣ ва мизҳои мудаввар гузаронида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳамзамон санаи 25-уми июли соли 2026 бахшида 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар заминаи омодагӣ Форуми ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳкорию металлургия: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид.
Дар кори форум вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Сафарзода, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода, директори Комбинати металлургия тоҷик Бобоев Рофеъҷон, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Давлат Давлатзода, намояндагони мақомоти давлатӣ, корхонаҳои саноатӣ, олимону муҳаққиқон ва мутахассисон иштирок намуданд.
Форуми ҷумҳуриявӣ барои табодули таҷриба, муаррифии имкониятҳои муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва корхонаҳои саноатӣ, баррасии масъалаҳои соҳавӣ ва таҳкими робитаҳои илму маориф бо истеҳсолот заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар анҷоми форум байни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳҳомии «Комбинати металлургии Тоҷик» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Созишнома самтҳои омодасозии кадрҳои соҳаи кӯҳкорӣ ва металлургия, табодули таҷриба, рушди таҳсили дуалӣ, ташкили таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён ва густариши ҳамкории муассисаи таълимӣ бо корхонаи истеҳсолиро фаро мегирад.
Дар назди кафедраҳо 15 маҳфилҳои илмӣ-амалии донишҷӯёни доимоамалкунанда фаъолият менамоянд: «Суханвар», «Энергетикони ҷавон», «Эколог-муҳандис», «Иқтисодчии муосир», «Навовар», «Кӯҳкани ҷавон», “Дустдорони автомобил” “Металлургия аз нигоҳи ҷавонон”, “Ганҷи хирад”, “ Ал-ҷабр”, “ Химикони ҷавон”, “ Илм ва ҳаёт”, “Муҳосибони муосир”, “Эҷодкорони техникӣ”, «Нафтчӣ», “Ганҷшинос”, “Маркшейдерони ҷавон” ва “Муҳосибони муосир”, ки ба онҳо донишҷӯёни болаёқат ҷалб карда шудаанд ва онҳоро ба корҳои пажӯҳишӣ ҷалб мекунанд. Моҳе як маротиба семинар-ҷаласаи ин маҳфилҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи нақшаи чорабиниҳои он аз тарафи ректори донишкада (барои соли хониш тартиб дода мешавад), баргузор мегардад. Дар ин маҳфилҳо донишҷӯён баромад намуда аз натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии худ дар доираи маҳфил ҳисоботҳо ва гузоришҳо медиҳанд. Умуман дар донишкада 63 маҳфил дар давраи ҳисоботӣ гузаронида шуд.
Бо қаноатмандӣ бояд изҳор намуд, ки имрўз донишкада бо 67 муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои хориҷии дуру наздик созишномаҳои гуногун баста аст. Шартномаҳои ҳамкорӣ бо 17 (ҳабдаҳ) муассисаҳои илмию таълимии Федератсияи Россия, бо 6 (шаш) муассисаҳои Украина, бо 5 (панҷ) муассисаҳои Белорус, бо 5 (панҷ) муассисаҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, бо 3 (се) муассисаҳои Ҷумҳурии Қирғизистон, бо 1 (як) муассисаи Словения, бо 1 (як) муассисаи Португалия, бо 1 (як) муассисаи Молдова, бо 6 (шаш) муассисаи Ҷумҳурии Мардумии Чин, бо 2 (ду) муассисаи Латвия, бо 1 (як) муассисаи Словения, бо 1 (як) муассисаи Тайван ва бо 9 (нуҳ) муассисаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баста шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯриҳои корӣ баргузор намуда, бо се донишгоҳи зерин шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид:
Донишгоҳи давлатии техникии Фарғона (Ҷумҳурии Ӯзбекистон);
Донишгоҳи давлатии техникии Бухоро;
Донишгоҳи илмҳои геологии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷиҳати тарбия намудани насли ҷавон ва солимфикру некандеша ба воя расидани ҷавонон сохтори тарбия як қатор вохӯриву семинарҳо ва машварат-ҷаласаҳоро бо ширкати донишҷӯён ба роҳ мондааст. Мулоқоту вохӯриҳо бо волидайн низ яке аз усулҳои муҳими саҳмгузорӣ дар тарбия ва ташаккули насли ҷавон мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ сохтори тарбия ва кор бо ҷавонон 123 мулоқот бо донишҷӯён ва 145 чорабинӣ баҳри корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҳузури меҳмонон ва масъулон дар Донишкада баргузор намуд.
Дар оянда Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон нақша дорад, ки 27 ихтисоси навро дар соҳаи технология ва металлургияи металлҳои сиёҳ, металлҳои нодирзаминӣ таъсис диҳад.
Дар фарҷом ректори Донишкада Давлатзода Давлат ба зиёда аз 29 суоли рӯзноманигорон посух дода, ҷиҳати ширкати фаъол бар онон изҳори сипосмандӣ намуд.
Ҳамзамон, дар навбати худ рӯзноманигорон ба ректори ҷавон ва умедбахш, олими ҷавон Давлатзода Давлат ҷиҳати дар сатҳи мунир посух гуфтан ба суолҳо ва корбарии бемисл изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Шуъбаи иттилоот



