НАШРИ МУСОҲИБАИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РӮЗНОМАИ “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”

Дар нашри навбатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” мусоҳибаи рӯзноманигори тавоно ва соҳибном Субҳиддин Қодиров бо ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат ба нашр расидааст.
Дар мусоҳиба ректори Донишкада олими ҷавон ва умедбахш, пайрави асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маорифпарвари фидоӣ, ҷавони меҳандӯст, омӯзгори содиқ Давлатзода Давлат роҷеъ ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушд додани соҳаи саноат, табдил додани Донишкада ба як маркази миллии омодасозии мутахассисони соҳаи металлургия ва кӯҳкорӣ сухан ронда, таъсиси ихтисосҳои нав дар Донишкада, ташкили марказҳои касбомӯзии муосир, таъсиси марказҳо ва озмоишгоҳҳои нави илмӣ, эҷоди фазои муосири корӣ, амалӣ намудани барномаҳои нави омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи саноат, дастгирии омӯзгорон, пурра татбиқ намудани низоми дуалии таълим, тавсеа бахшидани ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ,ҳамкорӣ бо ширкатҳо ва муассисаҳои олии хориҷӣ ва ҳамзамон нақшаҳои минбаъда сухан гуфтаанд.
Ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат дар ин мусоҳиба оид ба дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа таъкид намуда, изҳор доштаанд, ки мақсади мо ин саҳми арзанда гузоштан дар ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар мебошад.
Ёдрас мешавем, ки ректори Донишкада кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат аз омӯзгорони собиқадори ҳамин муассиса буда, дар омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи саноат нақши боризе гузоштаанд. Ҳамзамон, мавсуф яке аз масъулони татбиқкунандаи низоми дуалии таълим дар ин боргоҳи олии таълимӣ мебошанд, ки дар ин самт низ муваффақиятҳои зиёде барои донишҷӯён ва Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба даст омадааст.
Шуъбаи иттилоот