Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тибқи ҷадвали мавҷуда қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори Донишкада олими ҷавон ва маорифпарвари асил дотсент Давлатзода Давлат сурат гирифт.
Дар қабули шаҳрвандон ду нафар шаҳрвандон
Ҳусайнов Муҳаммадҷон ва Яқубова Миҷгона муроҷиат намуданд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки қабули шаҳрвандон тибқи муқаррарот ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, барои баррасии вазъ, густариши робитаи волидайн бо Донишкада, ҳалли мушкилоти шаҳрвандон мусоидат менамояд.
Ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат нахуст шаҳрвандонро хуш пазируфта, аз рисолати инсонӣ ва иҷрои масъулияти шаҳрвандӣ сухан ронда, изҳор дошт, ки вазифаи мо аз баргузории қабули шаҳрвандон ин дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақт расидагӣ намудан ба мушкилоти шаҳрвандон аст.
Ректори Донишкада таъкид намуданд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон доимо тарафдори робитаи мустақим бо волидайн буда, ба тарбияи баланди насли ҷавон, омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа дар рӯҳияи масъулиятшиносиву хештаншиносӣ афзалият медиҳад.
Дар қабули шаҳрвандон имрӯз арзи шаҳрвандон пурсида шуда, ба масъулин дастур дода шуд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат муроҷиати онон ба таври қонунгузорӣ баррасӣ карда шавад.
Дар қабули шаҳрвандон ҳамзамон муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид, директори Парки технологии Донишкада Ҳоҷизода Саидмуқбил ва сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Муминова Дилором низ ширкат намуданд.
Ёдрас мешавем, ки қабули шаҳрвандон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳар ҳафта баргузор мегардад ва шаҳрвандон метавонанд ба тариқи сабти ном дар шуъбаи умумӣ ва назорат ба қабули шаҳрвандон роҳ ёбанд.
Шуъбаи иттилоот
