СУЛҲУ ДӮСТӢ -АСОСИ ПОЙДОРИИ ҶАҲОН

Қайд намудан лозим аст, ки сулҳу дӯстӣ аз арзишҳои бузурги башарият ба шумор мераванд. Аз замонҳои қадим то имрӯз мардум орзу мекарданд, ки дар муҳити орому осуда зиндагӣ намуда, бо ҳамдигар муносибатҳои нек дошта бошанд. Ҳар давлате, ки дар он сулҳу ваҳдат ҳукмфармо бошад, метавонад ба пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардад. Баръакс, ҷанг, низоъ ва душманӣ боиси харобшавии давлатҳо, аз байн рафтани арзишҳои инсонӣ ва азобу машаққати мардум мегардад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки сулҳу дӯстӣ воқеан асоси пойдори ҷаҳон мебошанд.
Ҳамин аст, ки Созмони миллали муттаҳид аз рӯи пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қатъномаи СММ оид ба “Даҳсолаи байналмиллалӣ таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”-ро қабул намуд, ки ин яке аз иқдомҳои беназир ва беҳтарин мебошад.
Сулҳ маънои оромӣ, амният, эҳтироми ҳуқуқи инсон, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориро дорад. Дар ҷомеаи сулҳомез одамон имконият пайдо мекунанд, ки озодона таҳсил кунанд, меҳнат намоянд, истеъдоди худро рушд диҳанд ва барои ояндаи беҳтар саҳм гузоранд.
Дӯстӣ бошад, яке аз беҳтарин хислатҳои инсонӣ мебошад. Дӯстӣ байни одамон, миллатҳо ва давлатҳо робитаҳои мустаҳкамро ба вуҷуд меорад. Вақте ки мардум ба ҳамдигар бо эҳтиром, меҳрубонӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ муносибат мекунанд, барои низоъ ва душманӣ ҷой намемонад. Дӯстӣ боиси ҳамдигарёрию ҳамкорӣ гардида, зиндагии мардумро беҳтар месозад.
Гуфтан лозим аст, ки ҳама гуна пешрафти давлат аз сулҳу субот вобаста аст. Агар дар кишвар оромӣ бошад, мактабҳо фаъолият кунанд, донишгоҳҳо мутахассисони соҳибкасб тайёр менамоянд, беморхонаҳо ба мардум хизмат мерасонанд, корхонаҳо истеҳсолотро рушд медиҳанд ва иқтисодиёт пеш меравад. Дар чунин муҳит ҷавонон метавонанд дониш омӯзанд, ихтироъ кунанд ва барои ободии Ватан хизмат намоянд.
Дар шароити ҷанг бошад, ҳамаи ин равандҳо халалдор мешаванд. Биноҳо вайрон мегарданд, мардум хонаҳои худро тарк мекунанд, иқтисодиёт зарар мебинад ва наслҳои оянда аз имкониятҳои рушди ҳамаҷониба маҳрум мешаванд. Аз ҳамин сабаб, сулҳ сарвати бебаҳои ҳар миллат мебошад.
Имрӯз, ҷаҳон ба ҳамдигар хеле вобаста шудааст. Давлатҳо дар соҳаҳои иқтисод, илм, маориф, тиб, фарҳанг ва технология ҳамкорӣ мекунанд. Агар байни халқҳо дӯстӣ ва эҳтироми мутақобил вуҷуд дошта бошад, ин ҳамкорӣ боз ҳам густариш меёбад.
Дӯстии миллатҳо ба мубодилаи фарҳангҳо, омӯзиши забонҳо ва шиносоӣ бо анъанаҳои гуногун мусоидат мекунад. Ин раванд ҳисси таҳаммулпазирӣ ва эҳтиромро нисбат ба дигарон тақвият медиҳад. Маҳз ҳамин арзишҳо барои таъмини сулҳи пойдор аҳаммияти калон доранд.
Дар байни чомеа ҷавонон бояд рӯҳияи дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмиро тарғиб намоянд. Иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, фаъолияти ихтиёрӣ ва кумак ба дигарон ҳисси масъулият ва инсонпарвариро тақвият медиҳад. Ин гуна амалҳо ҷомеаро муттаҳид сохта, барои устувории сулҳ мусоидат мекунад.
Дар умум метавон чунин хулоса намуд, ки сулҳу дӯстӣ неъмати бебаҳо ва асоси зиндагии осоиштаи инсоният мебошанд. Танҳо дар муҳити сулҳ инсон метавонад ором зиндагӣ кунад, дониш омӯзад, меҳнат намояд ва орзуҳои худро амалӣ созад. Дӯстӣ бошад, қалбҳои одамонро ба ҳам наздик намуда, роҳи ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмиро мекушояд.
Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, дӯстиро байни мардум таҳким бахшем ва барои ободии Ватан ва осоиштагии ҷаҳон саҳми худро гузорем. Зеро ояндаи дурахшони инсоният танҳо дар шароити сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ имконпазир аст.
Холов Зафар
мудири кафедраи таҷҳизот ва технологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон