ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР ВА СУЛҲХОҲӢ БАШАР

Таъкид сохтан зарур аст, ки сулҳу субот аз муҳимтарин арзишҳои инсоният ба шумор меравад, ки ҳар як давлат барои таъмини амният, рушди устувор ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ пеш аз ҳама ба муҳити осоишта ниёз дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъди соҳибистиқлол гардидан зери сиёсати хирадмандонаву сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро пеш гирифта, дар меҳвари сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ ҳифзи сулҳу субот, ҳамкорӣ ва дӯстиро қарор додааст.
Дар ин замина бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, густариши муносибатҳои дӯстона бо давлатҳои ҷаҳон ва ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ тавассути муколама ва ҳамкорӣ аҳаммияти махсус медиҳад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои об, иқлим, зеҳни сунъӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари таъсиргузор шинохта шудааст.
Бояд зикр намуд, ки сулҳ барои ҳар миллат бузургтарин неъмат мебошад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки танҳо дар фазои оромӣ давлат метавонад ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардад. Тоҷикистон низ баъди ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ имконият пайдо кард, ки соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро рушд диҳад.
Дар замони истиқлол дар кишвар садҳо муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, роҳҳо, неругоҳҳои барқӣ ва дигар иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд гардида, сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар гардид. Ҳамаи ин пешрафтҳо, комёбиҳо пеш аз ҳама ба шарофати сулҳу суботи пойдор бароямон имконпазир гардид.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои худро бо давлатҳои ҷаҳон бар асоси эҳтироми мутақобила, баробарӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии дигар давлатҳо ва ҳамкории судманд ба роҳ мондааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ мебошад. Кишвар дар доираи ин созмонҳо барои таҳкими сулҳ, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои ҷаҳонӣ саҳми худро мегузорад.
Сиёсати хориҷии кишвар ҳамчунин ба густариши муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар давлатҳои ҷаҳон равона гардидааст. Ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ ба рушди муносибатҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Дар солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ташаббусҳои муҳими байналмилалиро пешниҳод намуд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дастгирӣ ёфтанд. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист, таҳкими сулҳ мавқеи махсус доранд.
Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба об ва рушди устувор аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо қабули чандин қатънома ҷонибдорӣ ёфт. Ин ташаббусҳо ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои норасоии об, ҳифзи пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат намуданд.
Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ бо роҳи гуфтушунид ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Ин мавқеъ ба таҳкими обрӯи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари башардӯст ва сулҳхох мусоидат менамояд.
Дар кишвари азизамон барои таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи дониш ва рушди қобилияти ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Ҷавонон бояд арзиши сулҳу ваҳдатро хуб дарк намуда, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, эҳтироми қонун ва пешрафти давлат саҳми арзандаи худро гузоранд.
Баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ватандӯстии ҷавонон барои пешгирии шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ ва таҳкими суботи ҷомеа аҳаммияти калон дорад. Ҳар як ҷавон бояд бо дониш, касб ва рафтори намунавии худ дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ шинохта мешавад. Сиёсати хориҷии кишвар ба рушди муносибатҳои дӯстона, ҳамкории мутақобилан судманд ва таҳкими амният равона гардидааст.
Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи асосии рушди давлат имконият фароҳам овардааст, ки Тоҷикистон дар роҳи пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қадамҳои устувор гузорад. Ҳифзи сулҳ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Танҳо дар фазои оромӣ метавон барои рушди давлат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва тарбияи насли соҳибмаърифату масъулиятшинос заминаи устувор фароҳам сохт.
Ҳифзи сулҳу субот ҳифзи ояндаи орому пешрафтаи насли нав мебошад.
Мирзозода Воҳидҷон
муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон