“Ваҳдати миллӣ барои мо на танҳо рамзи сулҳу субот, балки заминаи асосии рушди давлат, пешрафти илму маориф ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст мебошад.”
Эмомалӣ Раҳмон
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои итилоотӣ сармояи зеҳнӣ ба яке аз омилҳои асосии пешрафти давлатҳо табдил ёфтааст. Имрӯз сатҳи рушди кишварҳо на танҳо аз захираҳои табиӣ, балки аз дониш, малака ва қобилияти эҷодии аҳолӣ вобастагӣ дорад. Дар ин замина, ваҳдати миллӣ ҳамчун заминаи асосии суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ барои рушди сармояи зеҳнӣ мақоми калидӣ дорад. Зикр кардан ба маврид ъаст, ки вожаи ваҳдати миллӣ маънои ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва ҳамбастагии тамоми қишрҳои ҷомеаро фарогир мебошад. Он новобаста аз миллат, забон, дин ё ақидаҳои сиёсӣ мардумро дар атрофи манфиатҳои умумии давлат ва ҷомеа муттаҳид месозад. Вақте ки дар ҷомеа ваҳдат ҳукмфармо аст, мардум ба якдигар эҳтиромона муносибат намуда, барои ободии Ватан саҳмгузор мегарданд. Ҳамзамон Ваҳдати миллӣ муҳити мусоидеро ба вуҷуд меорад, ки дар он шаҳрвандон метавонанд неруи зеҳнии худро барои рушди давлат дар оянда равона созанд. Аз ҳамин лиҳоз масъалаи ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дошта, дар натиҷа сармоягузорӣ меафзояд, истеҳсолот рушд мекунад, сатҳи зиндагии мардум беҳтар мегардад ва давлат дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро ба тадриҷ мустаҳкам менамояд.
Имрӯз яке аз натиҷаҳои муҳими ваҳдаати миллӣ ин рушди соҳаи маориф арзёбӣ мегардад. Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва арзишманди ҷомеаи мутамаддин ба шумор рафта, маҳз тавассути рушду пешрафти ин соҳа, иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёти кишвар ташаккул меёбад ва некўаҳволии халќ зина ба зина боло меравад. Ҷомеае, ки такя ба маориф дорад, дар арсаи ҳама талошҳо муваффаќ буда, ба беҳтарин дастовардҳои илмиву фарҳангӣ мушарраф мегардад. Мо ин гуфтаҳоро дар ҳаёти кишварҳои абарќудрати имрўза дида метавонем, ки маҳз тули ҳазорсолаҳо бо эҳё гардонидани фарҳанги миллӣ ва таќвияти ҷабҳаҳои илмиву маънавӣ, пешрафти техникаву техналогия тавонистаанд, дар арсаи байналмилалӣ нуфуз ва мавќеи махсус дошта бошанд. Имрӯз дар шароити сулҳу субот муассисаҳои таълимӣ фаъолити мунтазам дошта, сифати таълим тадриҷан беҳтар мегардад. Мактабҳо, колеҷҳо ва донишгоҳҳо имконият пайдо мекунанд, ки барномаҳои таълимиро мутобиқ ба талаботи замон такмил диҳанд. Маориф ҳамчун асоси ташаккули сармояи инсонӣ ба рушди иқтисоди донишбунёд мусоидат намуда, сатҳи рақобатпазирии кишварро баланд мебардорад. Чуноне, ки ба мо маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди он, ки истиќлолияти давлатии худро ба даст овард мутаъсифона бо ҷанги дохилӣ рўбарў шуд ва ин боиси фалаҷгардии тамоми сохторҳои ҷомеаъ аз ҷумла соҳаи маориф дар кишварамон гардид. “Муҳаққиқон сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандиро вобаста ба дарки манфиатҳо ва фаҳмиши худ шарҳу эзоҳ медиҳанд. Баъзе аз онҳо вазъияти сиёсии баамаломадаро дар маҳалгароӣ, одамони аз сари ҳокимият дур монда, пайдо шудани ҳизбу ҳаракатҳои дар даврони истиқлолият бавуҷудомада, баҳам наомадани элитаҳои сиёсии ҳукмрон, ба сиёсат ҳамроҳ гардидани олами ҷиноятпеша, нуфуз доштани минтақаи шимол нисбати минтақаҳои дигар ва амсоли инҳо медонанд.” Албатта вақте, ки дар давлат моҷарои сиёсӣ ба амал меояд, миллат дар ҳолати парокандагӣ қарор мегирад. Дар натиҷаи суст гардидани ниҳодҳои давлатӣ ва коҳиши эътимоди мардум ба ҳокимият, барқароршавии вазъи сиёсӣ ва афзоиши низоъҳи дохилӣ, зарурати татбиқи барномаҳои сулҳофарӣ ва оштии миллӣ ба вуҷуд омад. Дар замоне, ки амнияти шаҳрвандонро ягон сохтори давлатӣ кафолат дода наметавонист, барои кишвари тоза соҳибистиқлоли ноором як раҳбари сиёсӣ, шахсе лозим буд, ки хираду матонат дошта бошад ва давлатро соҳибӣ карда, халќро аз вартаи ҳалокат барорад. Танҳо баъди баргузории Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ (даъвати двоздаҳум) 19 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба уҳда гирифт. 27 ноябр бошад ҳукумати ҷумҳурӣ ташкил шуда, фаъолияти 20 вазоратҳо оғоз гардид. Дар воқеъ давлату миллати халќи тоҷик дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ роҳбареро пайдо намуданд, ки бо як иродаи ќавӣ самимияти беназир, ва рӯҳияи милливу ватанпарастӣ, вазифаи сарвариро ба зимма гирифт. Баъди музокиротҳои пайдарпай байни мухолифин ва сарвари давлат 27 июни соли 1997 ҳуҷҷати барои тоҷикон ва Тоҷикистониён муҳимтарин «Созишномаи умумӣ дар хусусӣ барќарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон » ба имзо расид. Бо ташаббусу ҷонбозиҳои сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти иќтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии миллатамон саҳифаҳои нави таърихӣ оғоз гардида, таъмини амнияти милливу давлатӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ғурури ватандориву ватанпарастӣ байни ҷавонон боло гирифт. Боиси хушнудию ќаноатмандист, ки дар даврони соҳибистиќлолӣ таваҷҷуҳи сарвари давлат ба соҳаи маориф назаррас буда, дар ҳар як суханрониашон соҳаи калидӣ ва арзишманд будани онро таъкид менамоянд. Чуноне, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 21-уми декабри 2021 ироа гардид, омили муҳиме дар пешрафти ҷамъият маҳсуб ёфта, боиси муттаҳидгардии тамоми қишрҳои ҷомеа гардидааст : «Мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».
Зиёд гардидани музди меҳнати омӯзгорон дар соли 2026 нишонаи таваҷҷуҳи давлат ва рушди сармояи инсонӣ ва такмили низоми маориф мебошад. Ин тадбир ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии омӯзгорон, баланд бардоштани ҳавасмандии касбӣ ва ҷалби мутахассисони соҳибихтисос ба соҳаи маориф мусоидат менамояд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки беҳтар шудани таъминоти моддии омӯзгорон метавонад ба баланд гардидани сифати таълим, рушди маҳорати касбӣ ва самаранокии фаъолияти педагогӣ таъсири мусбат расонад. Аз ин рӯ , зиёдшавии музди меҳнати омӯзгорон ҳамчун омили муҳими такмили низоми маориф ва рушди сармояи инсонӣ арзёбӣ мегардад.
Ин ғамхориву дастгриҳои давлату ҳукумат моро водор менамоянд, ки бо як қадами устувору ҷасорати қавӣ ва нерўи созанда, баҳри иҷрои вазифаҳои дар пешгузошта ва рушду тавсеаи кишвар дар ояндаи наздик саҳмгир бошем. Бояд тазаккур дод, ки иқдомҳои маорифпарваронаи сарвари давлатро дар 35- соли истиқлолият маорифчиён ва аҳли зиё ба хубӣ эҳсос намуданд. Зеро Ҳукумати Тоҷикистон дар ин муддат тамоми чораҳои заруриро андешид, ки пешрафти илми ватанӣ таъмин гардад. Ба хусус давра ба давра зиёдшавии теъдоди мактабҳои муосир, китобхонаҳо, қасрҳои маданият, омўзиши забонҳои хориҷӣ, аз низоми анъанавии таълим ба системаи кредитӣ гузаштани муассисаҳои олии кишвар, ин тағйироти ҷиддӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, барои рушди ин соҳа заминаи мусоидеро фароҳам овард. Ҳамзамон эълон намудан озмунҳои «Илм- фурўғи маърифат», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат”, “Шоҳномахонӣ” инчунин солҳои 2020-2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» байни ҷавонон як инқилоби маънавиро ба вуҷуд овард. Ҳадафи ин тадбир боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон мебошад. Ҳамзамон бо мақсади баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва омӯзиши мероси таърихиву фарҳангии халқ, дар кишварамон аз ҳисоби Фонди захиравии Президент китобҳои арзишманди “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ба аҳолӣ ройгон тақдим гардиданд. Китоби “Тоҷикон” аз соли 2020 ба ҳар хонадон дасрас шуд, дар ҳолате, ки нашр ва тақсими “Шоҳнома” тибқи дастури Президенти кишвар аз соли 2023 оғоз ёфта, аз соли 2025 ба аҳолӣ тақтим карда шуд. Чунин тадбирҳои маорифпарваронаи сарвари давлат имрӯз дар тафаккур ва зеҳни ҷавонон ва насли наврас таҳввулоти куллиро ба вуҷуд оварда, барои маърифатнок шудани ҷомеаъи солим мусоидат намуда истодааст. Ҷамбасти ҳамасолаи ин озмуну чорабиниҳо ва ќадрдонӣ намудани чунин шахсон дар дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе аз он шаҳодат медиҳад, ки дар байни толибилмону донишҷўён ҷавонони китобдўсту соҳибистеъдод ва забондону эъҷодкор кам нестанд. Аз ҳамин лиҳоз ҳар яки мо омўзгорон масъулем, ки чунин ҷавонони болаёқатро ҳамаҷониба дасгирӣ намуда, барои иштироки онҳо дар озмуну олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ пешниҳод намоем ва барои ғолибияти онҳо то давраҳои ниҳоӣ саҳмгузор бошем. Дар ин радиф Паёмҳои Президенти кишвар саривақтӣ буда, аз ҷониби тамоми мардум, хусусан, аҳли зиё хуш пазируфта мешавад. Тавре Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Олимони ҷомеашиноси моро зарур аст, ки якҷо бо зиёиёни эҷодкор дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд».
Ҳамзамон сарвари давлат ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар вазифагузорӣ намуда, қайд намуданд, ки истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро дар ҷараёни ҳамарўзаи таълим ба роҳ монанда, таҷрибаи дигар муассисаҳои байналмилалиро омӯзанд ва нақшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонанд. Президенти кишвар дар яке аз Паёмҳо дар иртибот ба ин, таъкид кардаанд: «Вазорати маориф ва илм вазифадор аст, ки рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро ҳамасола муайян ва ба аҳли ҷомеа пешниҳод намояд, то ки довталабон ихтисос ва мактаби олиро дуруст интихоб карда тавонанд». Зеро раванди таълим нишон медиҳад, ки дар ҳолати нодуруст интихоб кардани ихтисос ҷавонон дар оянда ба якчанд мушкилиҳо дучор омада ва ин омил барои соҳибкасб гаштани онҳо монеъгӣ эҷод менамояд. Дар ҳақиқат рушди илму маориф калиди пешрафти ҳаммаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи кишвар ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар ин замина Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, вобаста ба сохтмону азнавсозии иншооти соҳаи маориф ва норасоии ҷойи нишаст бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин, бо дасгирии соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ҷиҳати бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта дар ин самт пайваста тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд. Дар роҳи дастгирӣ ва ҳамовозӣ ба давлатӣ хеш имрўз тарбияи фарҳангии ҷавонон аҳамияти муҳим дорад, зеро ҷавонон созандагони ояндаи ҷомеа буда, аз ҷаҳонбинию ҷаҳонсозии онҳо инкишофи минбаъда вобастагӣ дорад. Нақши падарону модарон, устодон, олимону адибон ва ҷамъи солхурдагоне, ки пастию баландии зиндагиро хуб медонанд, бояд дар таълиму тарбияи насли наврас нишонрас бошад. Моро лозим аст, ки насли ҷавонро дар рўҳияи ростию покӣ, адолату ватанпарастӣ ва худогоҳии миллӣ бо истифода аз мероси маънавии миллатамон тарбият намоем. Гуфтаҳои боло дар раванди зиндагии имрӯзу фардои мо зарур буда, нигоранда орзуманди амлӣ шудани ҳамин ақидаҳо, дар ҷодаи андешаҳои миллӣ ва тарбияи ватанпарастии ҷавонон мебошад. Хулоса, Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихии халқи тоҷик барои таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва пешрафти устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овардааст. Умед барон дорем, ки соҳаи илму маориф дар оянда низ ҳамчун самтҳои калиди боқӣ монда, шаҳрвандон метавонанд неруи зеҳнии худро барои рушди давлат равона созанд ва дар ин ҷода ба пешравиҳои назаррас ноил гарданд.
Холова Фахринисо
муовини раиси ташкилоти ибтидоии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
