Имрӯз, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Жиҷун ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ташриф оварда бо ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат мулоқот намуда, ҳамзамон аз Донишкадаи Конфутсий ва факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав дидан намуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот роҷеъ ба ҳамкориҳои дуҷониба, табодули академии донишҷӯён, ташкили курсҳои бозомӯзӣ барои омӯзгорони ҷавон, тақвияти равобити ҳамкорӣ гуфта гузаштанд.
Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Жиҷун аз фаъолияти пурсамари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳо бо Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон сухан ронда, ба ректор Донишкада дотсент Давлатзода Давлат изҳори миннатдорӣ баён намуда, сипас дар корҳои минбаъда барору комгорӣ таманно намуд.
Таъкид кардан зарур аст, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии мардумии Чин ҳамкории зич дошта, дар ин самт аллакай як қатор барномаҳо амалӣ карда шудааст.
Шуъбаи иттилоот


