Панҷ соли фаъолияти пурсамари Бахтиёр Маҳмадалӣ

Охири соли 2020 ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ таъйин гардид. Шуруъ аз рӯзҳои нахустини фаъолият сиёсати созандагиву ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ректори навтаъйин профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ  сармашқи кори хеш қарор дода, ба ободкориву созандагӣ оғоз бахшида, як силсила корҳоро дар ин самт ба сомон расониданд.  Аз ҷумла бинои асосии Донишкада, хобгоҳи рақами 1 ва боз чандин марказҳо пурра аз таъмири куллӣ бароварда шуданд. 

Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ панди “Дил ба даст овар, ки…”-ро шиори хеш қарор дода, бо тамоми ҳайати профессорию омӯзгории Донишкада муносибати хуби кориро ба роҳ монданд. Ҳамин аст, ки дар маросими гусели ректор Бахтиёр Маҳмадалӣ тамоми аксарияти омӯзгорон ашк рехтанд. Ректори ҷавон барои рушди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон талошҳо намуда, доимо аз ҳоли омӯзгорону кормандон мепурсиданд, ҳар субҳ аз хобгоҳи донишҷӯён хабар мегирифтанд. Аслан, кам иттифоқ меафтад, ки бар замми  корҳои зиёд сарвари Донишкада боз аз ҳоли донишҷӯён огоҳ гардад. Бахтиёр Маҳмадалӣ новобаста аз серташвишиву масруфият ҳатман аз хобгоҳ хабар мегирфтанд ва бо донишҷӯён суҳбат меоростанд ва ҳар як донишҷӯро мисли фарзанди худ дӯст медоштанд. Хислати неки дигари Бахтиёр Маҳмадалӣ ин буд, ки доим донишҷӯёни нимятиму ятимро дастгирӣ менамуданд ва пайваста таъкид месохтанд, ки вазифаи мо аст, ки сарпарасти онҳо бошем. 

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соҳаи маорифро аз соҳаҳои калидӣ ҳисобида чунин иброз доштаанд: «Маориф – оинаи давлат ва миллат аст. Бе рушди маориф пешрафти Ватан имконнопазир мебошад». Дар ҳақиқат бидуни рушди маориф пешрафти ягон соҳа имконпазир нест. Ҳоло таваҷҷуҳи Роҳбарияти кишвар бар соҳаи илму маориф бениҳоят зиёд мебошад. Бахтиёр Маҳмадалӣ низ дар тули фаъолияти пурсамари хеш баҳри рушди соҳаи илму маориф бисёр талош варзиданд ва маҳз дар ҳамин давра сафи олимону омӯзгорони унвондор афзуд. Бахтиёр Маҳмадалӣ барои нафароне, ки рисолаи номзадӣ дифоъ менамуд 10000 сомонӣ ва барои онҳое, ки рисолаи докторӣ дифоъ менамояд 20000 сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар намуданд, ки ин волотарин ҳадя ва дастгирии аҳли илм мебошад. Маҳз дар ҳамин давра сафи номзадони илм ва докторони илм дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон зиёд гардид.

Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар давраи фаъолияти хеш бештар ҷавононро дастгирӣ намуда, такя бар ҷавонони зирак ва истеъдодҳо намуданд. Бо дастгириву роҳнамоиҳои профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷавонони унвондор ва донишманди Донишкада ба вазифаҳои баланди роҳбарикунанда пешбарӣ карда шуданд.  Маҳз дар ҳамин давра истеъдодҳо бештар муаррифӣ карда шуданд.

Дар давраи фаъолияти устоди арҷманд Бахтиёр Маҳмадалӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон навгониҳои зиёде сурат гирифт, чандин марказҳо кушода шуд, воҳидҳои корӣ тағйир дода шуд, озмоишгоҳҳои нав ба истифода дода шуд ва ҳамзамон факултети нави зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд. Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ барои беҳтар намудани сифати таълим ҳамкориҳоро бо ширкатҳои хориҷӣ ва корхонаҳои саноатӣ афзоиш дода, ҷиҳати амалӣ намудани низоми дуалии таълим дар назди корхонаҳои саноатӣ филиали кафедраҳоро таъсис доданд, ки боз ҳам бар манфиати кор мебошад.

Дар умум Бахтиёр Маҳмадалӣ барои ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон хидмтаҳои зиёде анҷом доданд ва Донишкадаро, ҳайати кормандонро дар сатҳи баланд муаррифӣ карданд ва аз ҳама муҳимаш масъулияти хешро дар сатҳи баланд анҷом доданд. Хотирот аз фаъолияти пурсамари Бахтиёр Маҳмадалӣ бениҳоят зиёд аст ва ҳар қадр ҳам тавсия намоем кам мебошад. Бахтирё Маҳмадалӣ барин роҳбар воқеан ҳам ангуштшумор мебошад. Мо, аз фаъолият бо устод бисёр чизҳоро омӯхтем ва роҳи нави зиндагиро сохтем. Имрӯз ҳар як омӯзгор, ҳар як корманд аз Бахтиёр Маҳмадалӣ сипосгузор аст, ки ин сипосгузорӣ ҳикмат дораду ҳамин хел ба осонӣ ба даст наомадааст. Бахтиёр Маҳмадалиро аксарият мешиносанду эҳтиром мекунанд ва медонанд, ки шахси масъулиятшиносу сермаҳсул аст ва ҳамин масъулиятшиносӣ, пайваста кор кардан, доим дар фикри кор будан ин олими беназирро шоистаи эҳтироми зиёд гардонид. 

Панҷ соли фаъолияти Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамчун ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон панҷ соли пурсамар ва панҷ соли навгониҳо, панҷ соли созандагӣ ва панҷ соли ободкориву панҷ соли масирсозӣ буд, ки дар сатҳи баланд ва бо натиҷаҳои бисёр ҳам чашмрас ёдкард мешавад.  

Ҳоло, ки Бахтиёр Маҳмадалӣ  ба ҳайси ректори Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд таъйин шуданд ба он кас барои пешрафти корҳо ва  идомаи фаъолият барору муваффақият таманно намуда, баҳри фаъолияти пурсамар дар ДКМТ сипос мегӯем!

Ман ҳамчун омӯзгор ва ҷавони масъулиятшинос ифтихор менамоям, ки шогирди Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳастам!

Давлатзода Давлат

ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон