МУКОЛАМАИ СУДМАНДИ ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШКАДА БО ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШКАДАИ КАСБӢ-ТЕХНИКИИ ШАҲРИ ЛАНЖОУИ ҶМЧ

Дирӯз, омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон бо омӯзгорони Донишкадаи касбӣ техникии шаҳри Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ намуда, мулоқот намуданд.
Дар ин вохӯрӣ ҳамзамон намояндагони ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” низ ширкат варзиданд.
Меҳмонон аз кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарӣ дидан намуда, бо омӯзгорон низ суҳбат оростанд.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ роҷеъ ба масъалаи рушди ҳамкориҳи дуҷониба, ҷалби истеъдодҳо ба самти илм, тақвияти корҳои озмоишӣ, ба роҳ мондани табодули академии донишҷӯён ва гузаронидани корҳои пажӯҳишӣ муколама намуданд.
Таъкид карда шуд, ки имконияти Донишкада хеле зиёд буда, барои ҳамкориҳои судманд ҳамеша омода мебошад.
Шуъбаи иттилоот