Айни замон, дар ҷаҳони муосир яке аз масоили муҳим ва нигаронкунандае, ки ба рушди иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷамъиятҳо таъсири манфӣ мерасонад, ин коррупсия мебошад. Коррупсия ҳамчун падидаи номатлуб ба пешрафти ҷомеа халал расонида, ба сатҳи зиндагии аҳолӣ, фаъолияти мақомоти идорӣ ва эътимоди мардум ба қонун таъсири ҷиддӣ мерасонад. Ҳарчанд бисёр давлатҳо барои пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия тадбирҳои гуногун меандешанд, аммо ин масъала то ҳол яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ боқӣ мондааст.
Коррупсия на танҳо қонуншиканӣ, балки хатаре барои рушди устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Он адолати иҷтимоиро коста намуда, имкониятҳои баробарро маҳдуд месозад ва ба манфиатҳои умумии мардум зарар мерасонад. Аз ин рӯ, омӯзиш ва баррасии оқибатҳои коррупсия, фасодкорӣ барои дарки аҳамияти мубориза бо он хеле муҳим аст.
Мафҳум ва намудҳои коррупсия
Калимаи «коррупсия» аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънои фасод, вайронкунӣ ва сӯиистифода аз ваколатҳоро дорад. Коррупсия ҳолатест, ки инсон аз мақом, нуфуз ё ваколатҳои хизматии худ барои ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳӣ истифода менамояд.
Коррупсия дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардад:
Ришвахорӣ;
Сӯиистифода аз мансаб;
Азонихудкунии маблағҳои давлатӣ;
Хешутаборбозӣ ва маҳалгароӣ;
Қаллобӣ ва сохтакорӣ дар ҳуҷҷатҳо;
Пинҳон кардани маълумоти муҳими давлатӣ ба манфиати шахсӣ.
Ҳамаи ин шаклҳо ба фаъолияти муқаррарии давлат ва ҷомеа халал расонида, ба рушди кишвар таъсири манфӣ мерасонанд.
Маврид ба зикр аст, ки яке аз соҳаҳое, ки аз коррупсия бештар зарар мебинад, осеб меёбад ин иқтисодиёти кишвар мебошад. Вақте ки маблағҳои ҷамъиятӣ ба таври ғайриқонунӣ истифода мешаванд, имконияти рушди соҳаҳои муҳим, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, нақлиёт ва инфрасохтор коҳиш меёбад.
Коррупсия боиси оқибатҳои нохуши иқтисодӣ мегардад. Аз ҷумла:
Коҳиш ёфтани сармоягузорӣ. Сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ дар кишварҳое, ки сатҳи коррупсия баланд аст, камтар сармоягузорӣ мекунанд, зеро хавфи аз даст рафтани маблағҳои онҳо зиёд мегардад.
Афзоиши хароҷоти давлатӣ. Дар натиҷаи ришвахорӣ ва фасод маблағҳои зиёди буҷетӣ беҳуда сарф мешаванд.
Паст шудани рақобати солим. Корхонаҳо ва соҳибкороне, ки қонунро риоя мекунанд, на ҳамеша имконияти баробар бо шахсони фасодкорро доранд.
Коҳиши даромади давлат. Пинҳон кардани андоз ва истифодаи роҳҳои ғайриқонунӣ барои гирифтани имтиёзҳо ба буҷети давлатӣ зарар мерасонад.
Аз ин рӯ, коррупсия рушди иқтисодиро суст намуда, сатҳи камбизоатиро зиёд мекунад.
Бояд таъкид кард, ки коррупсия ба ҳаёти иҷтимоии ҷомеа низ таъсири манфӣ мерасонад. Вақте ки шаҳрвандон барои гирифтани хизматрасониҳои оддӣ маҷбур мешаванд ришва диҳанд, ҳисси беадолатӣ дар ҷомеа афзоиш меёбад.
Дар соҳаи маориф коррупсия метавонад боиси паст шудани сифати таълим гардад.
Дар соҳаи тандурустӣ низ коррупсия метавонад ба саломатии шаҳрвандон таъсири манфӣ расонад. Вақте ки таҷҳизот ё доруҳо бо роҳи фасодкорона харидорӣ мешаванд, сифати хизматрасонии тибӣ паст мегардад.
Илова бар ин, коррупсия сабаби афзоиши нобаробарии иҷтимоӣ мегардад. Шахсоне, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд баъзе мушкилотро бо роҳи ғайриқонунӣ ҳал кунанд, дар ҳоле ки шаҳрвандони оддӣ аз чунин имконият маҳруманд.
Барои пешгирӣ ва коҳиш додани коррупсия чораҳои махсус бояд андешид. Мубориза бо коррупсия бояд вазифаи на танҳо давлат, балки тамоми ҷомеа бошад.
Роҳҳои асосии мубориза бо коррупсия инҳоянд:
Такмили қонунгузорӣ ва пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои амалҳои коррупсионӣ;
Таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ;
Рушди ҳукумати электронӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳо;
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон;
Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ростқавлӣ ва масъулиятшиносӣ;
Ҷалби воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба назорати ҷамъиятӣ;
Ҳимояи ҳуқуқии шахсоне, ки ҳолатҳои коррупсиониро ошкор мекунанд.
Муборизаи самаранок бо коррупсия танҳо дар сурати ҳамкории давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд натиҷаи дилхоҳ медиҳад.
Дар умум, коррупсия яке аз монеаҳои асосии рушд ва пешрафти ҷамъият ба ҳисоб меравад. Он ба иқтисодиёт, сиёсат, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Дар натиҷаи коррупсия адолати иҷтимоӣ халалдор гардида, эътимоди мардум ба давлат ва қонун коҳиш меёбад.
Барои бунёди ҷомеаи пешрафта, ҳуқуқбунёд ва демократӣ мубориза бо коррупсия аҳамияти бузург дорад. Ҳар як шаҳрванд бояд дар роҳи пешгирии ин падида саҳми худро гузорад, зеро танҳо дар муҳити шаффоф, одилона ва қонунмеҳвар рушди устувори давлат ва некӯаҳволии ҷомеа таъмин мегардад.
Коррупсия душмани рушд аст ва мубориза бо ин вабои аср кафили пешрафти ҷомеа ва ояндаи дурахшони кишвар мебошад.
Ҳасанбой МАҲМУДОВ
декани факултети корҳои кӯҳии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
