Бо такя ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ва ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Давлат Давлатзода як қатор омӯзгорони собиқадорро аёдат намуданд.
Дар ин рӯз устодони собиқадор Хосият Холова ва Музайян Акрамова аёдат гардиданд.
Гуфта шуд, ки дастгирии давлатии аҳли илму маърифат дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат қарор дошта, заҳматҳои онҳо ҳамеша қадрдонӣ хоҳанд шуд.


