Боиси хушҳолӣ ва фараҳу шодист, ки имсол дар остонаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ-35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Барои миллати сарбаланди тоҷик истиқлол ва сулҳу ваҳдат вожаҳои ҳаётӣ ва муқаддас маҳсуб меёбанд. Зеро ҳамон гуна, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд:
Тамоми дастовардҳои мо дар ободиву пешрафти Ватани азизамон, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ки созандаи ояндаи миллат ва давлат ба ҳисоб меравад, маҳз самараи истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати пойдори миллӣ мебошанд.
Аз ин лиҳоз, барои мо – мардуми Тоҷикистон сулҳу ваҳдат омили муҳимтарини пояндагии давлату миллат маҳсуб меёбад”. Воқеан ҳам ҳама муваффақият ва пирӯзиву саодат барои миллати тоҷик маҳз дар замони истиқлол ба даст омад ва маҳз дар ҳамин давра миллат шод зисту давлат пешрафт намуд.
Аз ин рӯ, расидан ба қадри ин неъмати воло аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди бонангу номус ва бедордил мебошад. Зеро истиқлол асоси ҳастиву бақои ҷамъият мебошад.
Дар Дарси сулҳ сабақи таърихӣ, дастовардҳои давлати миллӣ, рушди соҳаи маориф аз ҷониби Сарвари маорифпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо далелҳо шарҳу тавзеҳ дода шуд, ки хеле мақсаднок мебошаду мо насли ҷавонро муваззаф месозад, то дар роҳи омӯзиши илму дониш ҳамеша фаъол бошем, ҷаҳду талош намоем. Зеро илму дониш асоси ҳастии инсон ва рушди ҷамъият дониста мешавад.
О. Зардуштмеҳр
корманди шуъбаи иттилооти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
