Таъкид намудан зарур аст, ки ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои бузурги ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, барои таъмини субот, амният ва пешрафти ҳар як давлат нақши калидӣ мебозад. Таърихи башарият нишон медиҳад, ки миллатҳое, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ҳамбастагӣ зиндагӣ доранд, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои наслҳои оянда заминаи устувори рушдро фароҳам месозанд. Барои мардуми шарафманди Тоҷикистон низ ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳо буда, он ҳамчун омили асосии сулҳу оромӣ, пешрафти иқтисодӣ ва рушди иҷтимоиву фарҳангӣ хизмат менамояд.
Пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гардид. Солҳои аввали истиқлолият барои мардуми кишвар давраи бисёр душвор ва сангин буд. Низоъҳои дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба ҳаёти мардум таъсири манфӣ расонида, иқтисодиётро заиф ва сатҳи зиндагиро паст намуда буд. Дар чунин шароит зарурати муттаҳид сохтани ҷомеа ва барқарор намудани сулҳу субот ба миён омад. Бо талошу кӯшишҳои зиёд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдатро дар кишвар таъмин намуданд ва ҳама гуна низоъ поён дода шуд. Хидмати ин марди бузург барои миллати тоҷик хеле зиёд мебошад.
Маҳз ваҳдати миллӣ тавонист кишварро аз буҳрон раҳо намуда, роҳи рушду тараққиётро боз намояд.
Бар хонандаи гиромӣ маълум бод, ки ваҳдати миллӣ маънои ҳамбастагӣ, дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар ва муттаҳидии тамоми қишрҳои ҷомеаро дорад. Он асоси зиндагии осоишта ва кафили амнияти давлат мебошад. Вақте ки шаҳрвандон новобаста аз миллат, забон, дин ва ақидаҳои сиёсӣ дар атрофи манфиатҳои умумимиллӣ муттаҳид мешаванд, ҷомеа ба субот ва пешрафт мерасад.
Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама барои таъмини сулҳу оромӣ мусоидат мекунад. Дар фазои сулҳу субот шаҳрвандон метавонанд озодона кору фаъолият намуда, барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саҳм гузоранд. Агар дар ҷомеа ихтилоф ва низоъ вуҷуд дошта бошад, пешрафт ғайриимкон мегардад. Аз ин рӯ, ваҳдат ҳамчун пойдевори асосии давлатдорӣ ва рушди ҷомеа арзёбӣ мешавад.
Илова бар ин, ваҳдати миллӣ барои таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ аҳамияти бузург дорад. Вақте ки шаҳрвандон худро як қисми ҷомеаи воҳид эҳсос мекунанд, масъулияти онҳо нисбат ба сарнавишти Ватан бештар мегардад. Ин эҳсос дар навбати худ барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва анъанаҳои аҷдодӣ мусоидат менамояд.
Тавре дар боло зикр кардем яке аз муҳимтарин натиҷаҳои ваҳдати миллӣ ин барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар кишвар мебошад. Сулҳ бузургтарин неъматест, ки бе он зиндагии осоишта ва рушди ҷомеа ғайриимкон аст. Маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ мардуми Тоҷикистон тавонистанд ба низоъҳои дохилӣ хотима бахшида, роҳи созандагиро интихоб намоянд.
Дар фазои сулҳу субот тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа рушд мекунанд. Муассисаҳои таълимӣ фаъолият менамоянд, беморхонаҳо ба мардум хизмат мерасонанд, корхонаҳо маҳсулот истеҳсол мекунанд ва шаҳрвандон бо эътимод ба фардои худ зиндагиро идома медиҳанд. Ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардум мебошанд.
Зиндагии осоишта, инчунин барои тарбияи дурусти насли наврас аҳамияти калон дорад. Ҷавонон дар муҳити ором таҳсил намуда, дониш ва малакаҳои заруриро аз худ мекунанд. Онҳо ҳамчун шаҳрвандони масъул ва ватандӯст ба камол расида, дар оянда барои рушди кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Қайд кардан зарур аст, ки рушди иқтисодии ҳар як давлат пеш аз ҳама ба суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ вобаста аст. Вақте ки дар кишвар сулҳу оромӣ ҳукмфармо мебошад, шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги иқтисодӣ фароҳам мегардад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати ваҳдати миллӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Сохтмони роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳои барқӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ аз ҷумлаи корҳои бузурге мебошанд, ки дар шароити сулҳу субот амалӣ гардиданд. Иншооти муҳими стратегӣ барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва рушди иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Ваҳдати миллӣ ҳамчунин барои рушди соҳаи кишоварзӣ, энергетика, саноат ва сайёҳӣ таъсири мусбат мерасонад. Дар фазои ором сармоягузорон ба иқтисоди кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, имкониятҳои нави корӣ ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷа сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ боло рафта, рушди устувори ҷомеа таъмин мегардад…
Дар интиҳо ҳаминро зикр менамоям, ки ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузургтарини мардуми сарбаланду саодатманди Тоҷикистон ба шумор меравад. Зеро он ҳамчун асоси зиндагии осоишта, кафили суботи сиёсӣ ва муҳаррики асосии рушду тараққиёти кишвар хизмат кардаистодааст. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист аз мушкилоти зиёди таърихӣ, иқтисодӣ ва бунбаст раҳо ёфта, ба марҳилаи нави рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ворид гардад. Маҳз дар ҳамин давра неругоҳҳои хурду бузург сохта ба истифода дода шуд, ки аз ин хонаи ҳар як шаҳрванди кишвар равшан мебошаду корхонаҳои саноатӣ фаъол ҳастанд.
Имрӯз, вазифаи ҳар як шаҳрванд ҳифз ва таҳкими ин неъмати бузург мебошад. Зеро ба даст овардани сулҳу ваҳдат барои мо осон набуд. Ҳар яки мо бояд барои пойдории сулҳу субот, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафти Ватан саҳми худро гузорем. Танҳо дар сурати нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ метавонем ҷомеаи пешрафта, давлати обод ва зиндагии шоистаро барои худ ва наслҳои оянда ба мерос гузорем.
Ваҳдати миллӣ воқеан ҳам таҳкимбахши зиндагии осоишта ва рушду тараққиёт буда, ҳамчун чароғи роҳнамои миллат моро ба сӯи ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд.
Муҳаммадхӯҷа АБДУЛЛОЕВ
мудири кафедраи таъминоти барқи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
