ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИБНИ СИНО ВА ҒАМХОРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАР ҶАҲОНИЁН

Таърихи тамаддуни башарият аз шахсиятҳои бузурге ғанӣ аст, ки бо донишу заковат ва хизматҳои арзишманди худ дар пешрафти илм, фарҳанг ва маърифати инсонӣ саҳми беназир гузоштаанд. Яке аз чунин нобиғаҳои ҷаҳонӣ Абӯалӣ ибни Сино—фарзанди миллати тоҷик мебошад, ки ҳамчун файласуф, табиб, донишманд ва мутафаккири барҷаста на танҳо дар Шарқ, балки дар тамоми ҷаҳон шуҳрат ёфтааст. Осори илмии ӯ дар рушди илми тиб, фалсафа, мантиқ, риёзиёт ва дигар соҳаҳои дониш таъсири амиқ гузошта, то имрӯз аҳамияти илмии худро нигоҳ доштаанд.
Миллати тоҷик, ки вориси арзишҳои бузурги тамаддуни ориёӣ ва бузурги тамаддунофарӣ мебошад, гиромидошти мероси Абӯалӣ ибни Синоро яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангӣ ва маърифатии давлати миллӣ меҳисобанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зинда нигоҳ доштани номи фарзандони фарзона ва нобиғагони илму фарҳанг беҳтарин корҳоро анҷом медиҳад. Дар ин замина, ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино аҳамияти махсус дошта, ба қадршиносии хизматҳои ин фарзанди фарзонаи миллат ва рушди илму дониш дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Ин ташаббуси Роҳбари давлати тоҷикон бори дигар аз таваҷҷуҳ ба масоили ҷаҳонӣ ва ҳалли он доштани миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад.
Қайд намудан лозим аст, ки Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино соли 980 дар деҳаи Афшанаи наздики Бухоро дар хонаводаи тоҷик ба дунё омадааст. Ӯ аз овони ҷавонӣ бо зеҳни вижа ва қобилияти фавқулодаи худ дар миёни дигарон фарқ мекард. Ибни Сино дар синни ҷавонӣ илму донишҳои замони худро аз худ намуда, ба яке аз донишмандони машҳури давр табдил ёфт.
Мероси илмии ӯ зиёда аз 450 асарро дар бар мегирад, ки қисмати зиёди онҳо то ба замони мо расидааст. Асари машҳуртарини ӯ «Ал-Қонун фи-т-тиб» (Қонуни тиб) мебошад, ки дар тӯли чандин аср ҳамчун китоби асосии соҳаи тиб дар донишгоҳҳои Аврупо ва Шарқ истифода мешуд. Ҳамчунин, асари дигари машҳури ӯ «Китоб-уш-шифо» доир ба масъалаҳои фалсафа, мантиқ ва илмҳои табиӣ ба хонанда маълумоти гаронбаҳое медиҳад.
Қайд кардан зарур аст, ки хизматҳои ин фарзанди бузурги тоҷик -Абӯалӣ ибни Сино танҳо ба соҳаи тиб маҳдуд намешаванд. Ӯ дар ташаккули афкори фалсафӣ, рушди илмҳои дақиқ ва таҳкими арзишҳои маънавӣ саҳми бузург гузоштааст. Аз ин рӯ, номи ӯ имрӯз ҳамчун рамзи дониш, хирад ва тамаддун дар ҷаҳон эътироф гардидааст.
Ин нуктаро набояд фаромӯш сохт, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи эҳёи арзишҳои миллӣ ва гиромидошти шахсиятҳои таърихӣ дар меҳвари сиёсати фарҳангии давлат қарор гирифт. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки омӯзиши мероси ниёгон барои таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди маънавии ҷомеа аҳамияти калидӣ дорад.
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осори донишмандони бузурги тоҷик, аз ҷумла Абӯалӣ ибни Сино, таҳқиқ ва бознашр гардида, чорабиниҳои зиёди илмӣ ва фарҳангии вобаста ба фаъолияти онҳо баргузор карда шуданд. Дар суханрониҳои хеш Сарвари хирадманди давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз саҳми бузурги Абӯалӣ ибни Сино дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ ёдовар шуда, ҷавононро ба омӯзиши осори ӯ даъват намудаанд. Ин таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои муаззами миллат на танҳо барои пос доштани хотираи як шахсияти таърихӣ ва милливу илмӣ, балки барои тарбияи насли донишманд, ватандӯст ва соҳибмаърифат низ аҳамияти калон дорад.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гиромидошти хизматҳои Абӯалӣ ибни Сино танҳо бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ маҳдуд нагардидо, омӯзиши осори ӯ дар муассисаҳои таълимӣ, гузаронидани конфронсҳои илмӣ, нашри китобҳо ва таҳқиқоти илмӣ низ ба роҳ монда шудааст. Дар кишвари азизамон— Тоҷикистон муассисаҳои олии таълимӣ, кӯчаву хиёбонҳо, ноҳия, китобхонаҳо ва марказҳои илмӣ ба номи Абӯалӣ ибни Сино гузошта шудааст, ки нн ҳама нишони эҳтироми миллат нисбат ба шахсияте мебошад, ки бо донишу хиради худ дар таърихи инсоният мақоми баланд касб кардаасту муаммои сарбастаи илмро бозкушоӣ намудааст.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино низ идомаи мантиқии ҳамин сиёсати маорифпарваронаву башардӯстона, фарҳангӣ ва илмӣ буда, ба гиромидошти номи ин донишманди бузурги тоҷик ва таблиғи арзишҳои илмӣ мусоидат менамояд
Дар замони муосир пешрафти илм ва технология яке аз омилҳои асосии рушди давлатҳо ва роҳҳали бисёр муаммоҳои сарбаста маҳсуб меёбад. Бо дарназардошти ҳамин аҳамият ва зарурияти мушкилоти тибби ҷаҳонӣ, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Синоро таъсис доданд, ки ин иқдоми Пешво ҳамчун қадами муҳим дар самти дастгирии олимон, муҳаққиқон ва ихтироъкорон, ҳалли масъалаҳои мубрами соҳаи тиб ва тандурустӣ арзёбӣ мегардад.
Ҳадафи асосии ин ҷоиза ҳавасманд намудани олимони соҳаи тиб, густариши фаъолияти илмӣ, рушди таҳқиқоти навоварона ва қадршиносии олимоне мебошад, ки дар пешрафти илмҳои тиббӣ, табиӣ ва дигар соҳаҳои дониш саҳми назаррас мегузоранд. Ҳамзамон, ҷоиза барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва баланд бардоштани нуфузи илми Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Таъкид намудан лозим аст, ки номи фарзанди барӯманди халқи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино барои ин ҷоиза рамзи дониш, заковат ва ҷустуҷӯи ҳақиқат мебошад. Аз ин рӯ, таъсиси чунин ҷоиза на танҳо эҳтиром ба мероси гузаштагон, балки сармоягузорӣ ба ояндаи илму маърифат ба ҳисоб меравад.
Барои хонандаи тоҷик маълум бод, ки Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино метавонад дар оянда ба яке аз мукофотҳои бонуфузи илмӣ дар минтақа ва ҷаҳон табдил ёбад. Он имконият фароҳам меоварад, ки олимон ва муҳаққиқони кишварҳои гуногун дастовардҳои худро муаррифӣ намуда, барои рушди илм саҳми бештар гузоранд.
Ҷоизаи мазкур ҳамзамон барои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои таърихи бойи илмӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим мебозад. Тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар бо мероси гаронбаҳои Абӯалӣ ибни Сино ва саҳми тоҷикон дар рушди илми ҷаҳонӣ ошно мегардад. Дар баробари ин, таъсиси ҷоиза Абӯалӣ ибни Сино метавонад ҷавононро ба омӯзиши илм, гузаронидани таҳқиқоти зиёди илмӣ ва офаридани ихтирооти нав ҳавасманд гардонад ва ба рушди сармояи зеҳнии ҷомеа мусоидат намояд.
Дар умум, Абӯалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин чеҳраҳои илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ мебошад, ки мероси гаронбаҳои ӯ то ба имрӯз барои инсоният аҳамияти бузурги илмиву амалӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ватани таърихии ин нобиға барои ҳифз ва тарғиби осори ӯ тадбирҳои муҳим меандешаду ҳамеша аз доштани чунин фарзанд миллат хушҳол.
Ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино далели равшани эҳтиром ба мероси ниёкон ва дастгирии рушди илму дониш мебошад. Ин ҷоиза метавонад ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи донишандӯзӣ мусоидат намояд.
Аз ин рӯ, таъсиси чунин ҷоиза на танҳо гиромидошти хотираи Абӯалӣ ибни Сино, балки қадами муҳим дар роҳи рушди илму фарҳанг ва таҳкими мавқеи олимони поквиҷдон дар арсаи байналмилалӣ дониста мешавад.
Мо, аз чунин ин иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хушнуд буда, бо доштани чунин фарзандони барӯманди миллат ифтихор менамоем!
Давлат ДАВЛАТЗОДА
муовини аввали ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон