Тақвияти ҳамкории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ҶСК Эсхата

20 майи соли 2026 дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ташаббуси декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Ҷуразода Шуҳрат (Мирбобоев Ш.Ж.) мулоқоти судманд миёни ректори донишкада д.и.и., профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ, декани факултет ва намояндагони ҶСК Эсхата — Раиси Идоракунии амалиёт Ахмедов Салом ва мутахассис оид ба кор бо мизоҷони тиҷорати хурду миёна Нарзиев Фурқат баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои омода намудани мутахассисони баландихтисос, рушди технологияҳои рақамӣ, татбиқи зеҳни сунъӣ дар соҳаи бонкдорӣ ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қайд гардид, ки ҶСК Эсхата яке аз бонкҳои пешсаф ва муосири кишвар ба ҳисоб рафта, дар самти хизматрасониҳои рақамӣ, дастгирии ҷавонон, рушди технологияҳои инноватсионӣ ва татбиқи низомҳои муосири бонкӣ саҳми назаррас дорад. Роҳбарияти донишкада изҳори итминон намуданд, ки ҳамкориҳои муштарак барои рушди соҳаи зеҳни сунъӣ, омодасозии кадрҳои рақобатпазир ва ворид намудани технологияҳои нав ба иқтисодиёти кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.