Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Мӯминова Дилором ва сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Домуллоева Манижа ширкат намуда, шаҳрвандро қабул намуданд.
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ шаҳрванд Ниёзбадалов Сабзалиро хуш қабул намуда, арзашро пурсид. Маълум гардид, ки шаҳрванд барои муайян намудани ҳолати фарзандаш ва гирифтани маълумоти расмӣ муроҷиат намудааст.
Аз ҷониби роҳбарияти Донишкада муроҷиати шаҳрванд санҷида шуда, аризааш барои бозбиниву баррасӣ ба раёсати кадрҳо ва корҳои махсус пешниҳод карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки қабули шаҳрвандон ҳар ҳафта дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор мегардад ва шаҳрвандон метавонанд бо тариқи номнавис ба шуъбаи умумӣ ва назорат муроҷиат намоянд.
