Дар қисмати дуюми конфроси илмӣ-амалии байналмилалӣ як қатор кормандону омӯзгорон, роҳбарият бо медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо медали корманди фахрии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд. Медали ҷашниро ба профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ муовини аввали вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбонзода Исоҷон тақдим намуд.
Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалиро ба ин дастоварди баланд, қадрдонии воло табрику таҳният гуфта, барояшон барору муваффақият ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои волои илмӣ пирӯзӣ таманно менамоем. Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз пайравони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз олимони сермаҳсул, иқтисодшиноси варзида ва роҳбари серталошу обокор, ҷонфидову сарпурда буда, барои рушди саноат ва Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон корҳои сазовор ва мондагореро анҷом додааст.
Маҳз, бо талошу кӯшишҳои Бахтиёр Маҳмадалӣ Донишкада пурра аз нав таъмиру таҷдид гардида, ба замони муосир мутобиқ карда шуд. Маҳз дар замони роҳбарии профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар Донишкада беҳтарин озмоишгоҳҳо таъсис дода шуданд, таҷҳизот харидорӣ гардид ва ихтисосҳои нав таъсис дода шуд, ки ин хидмати роҳбари арҷманд ва олими варзидаи соҳаи иқтисодро мо қадр менамоем, ва ҳаргиз фаромӯш намесозем. Инро набояд фаромӯш сохт, ки хидмати профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамчун олими саршинос ва омӯзгору роҳбар дар таълиму тарбияи насли ҷавон бениҳоят бузург мебошад.
Бори дигар қадршиносии баланд, тантанаи адолат -медали корманди фахрии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хуҷаста бод, устоди арҷманд Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ!
Шуъбаи иттилоот

