ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Дар маҷлисгоҳи калони Донишкада ҷаласаи ҳисоботӣ оид ба фаъолияти семоҳаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат, муовини ректор оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид ва роҳбарони дигар сохтору факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва кормандону омӯзгорон баргузор гардид.
Сараввал, ректори Донишкада доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба саноатикунонии босуръати кишвар, оид ба нақшаи чорабиниҳо, стратегияи рушди Донишкада, барномаи солонаи рушд, нақшаи корҳои ободонию созандагӣ, омодагӣ ба 20-солагии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳияи рисолаҳои илмӣ, эҷоди барномаҳои муосири таълимӣ ва ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатӣ суханронӣ намуд.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба масъулин дастур доданд, ки дастуру супоришҳои вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба инобат гирифта, аз натиҷаи корҳои анҷомдода, тибқи нақшаи чорабиниҳо давра ба давра ҳисобот манзур намоянд.
Мавсуф, изҳор дошт, ҳар як кори анҷомдодаи мо бояд барои рушди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
Сипас, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат оид ба фаъолияти семоҳаи сохтори таълим, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон оид ба фаъолияти семоҳаи сохтори илм ва инноватсия, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид оид ба сохтори тарбия муфассал ҳисобот манзур намуданд.
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ пас аз таҳлили фаъолияти семоҳаи сохторҳои мазкур ба муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ҷиҳати фаъолияти пурсамар ва талошҳои бесобиқа изҳори миннатдорӣ баён намуда, аз фаъолияти ӯ ҳамчун ҷавони ватандӯст ва ҷонфидо тавсиф намуд.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамзамон аз кори муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид ва муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ тавсиф намуда, барояшон миннатдорӣ баён намуд.
Дар ҷаласаи ҳисоботӣ ҳамзамон сардори раёсати таълим Осими Оқил, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Муминова Дилором, сардори шуъбаи корҳои маъмурию хоҷагидорӣ Азизов Қурбон, сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Домуллоева Манижахон, директори китобхонаи илмӣ -электронӣ Олимӣ Раъно, муовини директори Донишкадаи Конфутсий Азимов Аминҷон ҳисобот доданд.
Таъкид карда шуд, ки дар семоҳаи аввали сол тамоми сохторҳо фаъолона заҳмат кашида, барои рушди Донишкада саҳмгузорӣ намуданд.
Дар фарҷом, ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба масъулин вазифагузориҳо намуда, ҷиҳати фаъолияти назаррас изҳори миннатдорӣ баён карда, таъкид намуд, ки ҳар як нафар омӯзгор ва корманд бояд аз рӯи виҷдони пок бо дилу нияти нек барои рушди Ватан ҷонфидоӣ намояд.
Шуъбаи иттилоот