Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии “Илм- фурӯғи маърифат” баргузор гардид. Дар чорабинии ифтитоҳии бахшида ба озмуни мазкур муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, директори китобхонаи илмӣ Олими Раъно, профессор Розиқов Зафар, сардори раёсати илм ва инноватсия Мирсаидова Фирӯза ва дигар сардорони раёсату мудирони кафедраҳо ширкат намуданд. Чорабиниро муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба барномаи озмун, шарту шароити он, номинатсияҳо маълумот дода, ба ширкаткунандагон барору муваффақият таманно намуда, изҳор дошт, ки ҳар нафари ғолиб бо мукофоти пулӣ ва имкониятҳои молиявӣ қадрдонӣ карда мешавад.
Ҳамзамон, дар чорабинии ифтитоҳӣ мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Бобоева Парвина суханронӣ намуда, ба иштирокунандагони озмун ҳайати ҳакамонро муаррифӣ намуд. Сипас, озмун аз рӯи номинатсияҳои математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор гардид.
Ҷараёни баргузории озмун ба аз ҷониби раёсати таълим ва марказ пурра сабт карда шуд.
Шуъбаи иттилоот



