ДИПЛОМИ АЪЗОИ ВОБАСТАИ АКАДЕМИЯИ МУҲАНДИСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ХУҶАСТА БОД, УСТОД МАҲМУДОВ ҲАСАНБОЙ!

Навиди навбатии илмӣ дар Рӯзи илми тоҷик ноиби президенти Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.т. профессор, академики Академияи байналмилалии муҳандисӣ Абдусаматов М.А. ба декани факултети корҳои кӯҳии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон олим ва муҳаққиқи ҷавон, ҷавони ватандӯсту масъулиятшинос номзади илмҳои техникӣ, дотсент Маҳмудов Ҳасанбой дипломи аъзои вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуданд.
Таъкид карда шуд, ки Маҳмудов Ҳасанбой бо қарори маҷлиси умумии Академияи муҳандисии Тоҷикистон аз санаи 6-уми декабри соли 2025 аъзои вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон интихоб гардида буд.
Маҳмудов Ҳасанбой аз олимони ҷавон ва омӯзгори фаъолу муҳаққиқи варзидаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон буда, дар таълиму тарбияи насли ҷавон, гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, саҳми арзандаи хешро гузоштааст.
Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон олими ҷавон ва фаъолу умедбахш Маҳмудов Ҳасанбойро ба ин дастоварди илмӣ табрику таҳният гуфта, барояшон барору муваффақият, сарбаландиву саодатмандӣ ва дар расидан ба қуллаҳои баланди илмӣ пирӯзӣ таманно менамояд.
Аъзои вобастаи академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидан бароятон хуҷаста бод устод Маҳмудов Ҳасанбой!