Бояд гуфт, ки модар азизтарин вуҷуди рӯи замин аст, ки зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Мо симои муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, зеро ӯ ҳам дар рӯзҳои шодию нишот ва ҳам дар лаҳзаҳои ғаму андӯҳ ҳамроҳи мост. Дар фарҳанги миллии тоҷикон модар ба мисли чароғи хонадон, манбаи меҳру шафқат, сабру таҳаммул ва худфидоист, ки бо дилу ҷон барои саодати фарзандон заҳмат мекашад. Аз ин ҷост, ки ӯро на танҳо офарандаи ҷисм, балки ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ номидан пурра сазовор аст. Нафаре, ки аз меҳрубониҳои модарӣ баҳраманд гаштааст, одатан инсони меҳрубон, боодоб, ватандӯст ва инсондӯст ба камол мерасад. Аз ин рӯ, баҳсу андешаҳо дар бораи бузургии модар, суханҳои олимону адибон, ҳикматҳои халқӣ ва ойинҳои миллӣ, ки модарро ситоиш мекунанд, ҳама ба як ҳақиқат такя доранд: модар ганҷинаи бебаҳоест, ки бо ҳеҷ молу сарват иваз намешавад.
Дар тамаддуни ориёӣ низ зан-модар мақоми бисёр баланд дошта, ҳамчун сарчашмаи ҳаёт ва нигоҳдорандаи насли пок ёд мешавад. Таҳқиқоти бостоншиносӣ ва таърихӣ нишон медиҳанд, ки дар ҷомеаҳои қадимаи ориёӣ модарон дар баробари вазифаҳои хонаводагӣ, дар корҳои иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсӣ низ нақши таъсиргузор доштанд. Муаррихон таъкид менамоянд, ки барои мардуми ориёӣ пеш аз ҳама зан – модар манбаи насли тоза, нигаҳбони арзишҳои маънавӣ ва фарҳангӣ, фариштаи офариниши заминӣ маҳсуб меёфт.
Имрӯз, низ дар ҷомеа симои модар аз азал бо меҳру шафқат, меҳнатдӯстӣ, покизагӣ ва фидокорӣ пайванд аст. Дар ҳикояҳои мардумӣ, афсонаҳо, сурудҳо ва мақолҳои беҳисоби халқӣ модар мисли сутуни асосии хонадон, посдори арзишҳои оилавӣ ва тарбиятгари наслҳои оянда зикр мегардад. Забони модарӣ низ мафҳуми азизест, ки бо номи модар пайванди ногусастанӣ дорад, тифл аввалин бор овози модарро бо забони модарӣ мешунавад ва маҳз ҳамин овоз дар қалби ӯ муҳаббат ба забон, миллат ва ватанро бедор мекунад.
Ҳатто дар адабиёти динӣ низ ба бузургии модар эҳтиром фармуда, ҷойгоҳи ӯро хеле бузуруг донистаанд. Бузурге фармудааст:
Ҳар дуои модарони дилкабоб.
Дар ҳаққи фарзанд гардад мустаҷоб.
Дар ҳадиси Мустафо дидам навишт,
Дар қудуми модарон бошад биҳишт.
Таҷлили Рӯзи модар дар Тоҷикистон дар оғози фасли баҳор низ рамзӣ буда, аз пайванди модар ба зиндагӣ, сабзиши табиат ва умеди тоза шаҳодат медиҳад. Дар суханрониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо таъкид шудааст, ки Зан – Модар ганҷинаи бебаҳо ва пайвандгари наслҳост ва эҳтироми ӯ нишонаи фарҳанги баланд ва худшиносии миллӣ мебошад.
Қайд кардан зарур аст, ки модар аввалин мураббӣ ва устоди зиндагии ҳар як фарзанд мебошад. Ӯ на танҳо ҷисми тифлро бо шири пок ғизо медиҳад, балки дар ҳамон айёми гаҳвора ба дили ӯ меҳр, садоқат, накукорӣ ва инсондўстиро ҷой мекунад. Аллаи модар, ки бо забони модарӣ садо медиҳад, дар равони кӯдак ҳисси амният, меҳрубонӣ ва муҳаббатро ба вуҷуд оварда, ба шаклгирии шахсияти солими ӯ замина мегузорад. Аз ин лиҳоз, муҳаққиқон таъкид мекунанд, ки модар сароғоз ва пояи асосии тарбияи маънавӣ ва ахлоқии инсон мебошад.
Набояд фаромӯшс сохт, ки модарони тоҷик дар давраи истиқлолият рисолати таърихии худро бо ифтихор идома дода, наслҳоро дар руҳияи худшиносӣ, ватандорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ба воя мерасонанд. Онҳо дар ниҳоди фарзандон ҳисси ҳимояи хоки Ватан, посдории забон ва фарҳанги ниёгон, эҳтиром ба қонун ва арзишҳои умумибашариро бедор месозанд. Дар хонадоне, ки эҳтиром ба модар, меҳрубонӣ ва навозиши ӯ зиёд аст, одатан файзу баракат, саодат ва ҳамдигарфаҳмӣ бештар эҳсос мегардад.
Яке аз сифати барҷастаи модар меҳри беинтиҳо ва сабри бузурги ӯст. Дардмандии фарзанд пеш аз ҳама дар дили модар ҷилва мекунад, аммо ӯ бо иродаи қавӣ, умеди равшан ва суханони таскинбахш талош менамояд, ки фарзандаш ноумед нагардад. Меҳри модар ба мисли хуршеди оламафрӯз маънидод мешавад, ки ба ҳама баробар нур мепошад ва ҳеҷ гоҳ аз гармӣ додан ба фарзандон хаста намешавад. Олимону адибон таъкид мекунанд, ки модар намунаи сабру таҳаммул буда, бисёр ранҷу машаққатро бесадо таҳаммул мекунад, аммо аз нигоҳубини фарзандон дасти хешро бознамедорад. Ӯ барои фарзанданд, барои хушбахтии фарзанд хешро қурбон месозад. Барои ба камол расидани фарзанд, модар аз хоб, истироҳат, оромиш ва бисёр орзуҳои хеш мегузарад. Таърих шоҳиди он аст, ки модарони тоҷик ҳазорҳо фарзандони номбардору фидокори миллатро ба воя расонда, онҳоро ба роҳи дониш, меҳнат, ҷасорат ва инсонгароӣ раҳнамун сохтаанд. Аз ҳамин сабаб дӯст доштан, эҳтиром намудан ва ба қадри ранҷу меҳнати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд дониста мешавад. Эҳтироми модар иҷрои рисолати бузург аст, гуфтаанд бузургон.
Қайд намудан зарур аст, ки адабиёти тоҷик аз шеъру достонҳо ва асарҳои мансуре, ки дар онҳо симои модар бо меҳру самимият тасвир шудааст, ғанӣ мебошад. Шоирони машҳур модарро “тоҷи сар”, “олиҳаи меҳр”, “чароғи хонадон” ва “сароғози ҳастии башар” номидаанд. Дар матнҳои муосир низ таъкид мешавад, ки модар бузургтарин сарчашмаи некӣ ва меҳру шафқат, аввалин мураббӣ ва тарбияткунандаи фарзандон мебошад. Дар мақолаҳои илмӣ-оммавӣ модар ҳамчун ганҷинаи бебаҳо ва пайвандгари наслҳо тавсиф мегардад ва нишон аз эҳтирому иззат бар модар мебошад.
Чӣ қадаре ки мақоми модар баланд бошад, ҳамон андоза масъулияти фарзанд дар назди ӯ бузург мегардад. Дин, фарҳанги миллӣ ва андешаҳои аҳли хирад ҳамеша таъкид мекунанд, ки фарзанд бояд нисбат ба падару модар, хусусан модар, қадрдон, навозишкор ва итоатпеша бошад. Эҳтироми модар танҳо ба ҷашн гирифтани як рӯз маҳдуд намешавад; ин эҳтиром бояд дар тамоми рафтор, ахлоқ, сухан ва муносибати ҳаррӯза ифода ёбад.
Аз ин рӯ, ба қадри модар расидан на танҳо талаботи ахлоқӣ, балки калиди бахту комёбии ҳар як инсон шумурда мешавад.
Дар умум ба чунин хулоса расидан мумкин аст, ки модар воқеан ганҷинаи ҳаёт ва ҳастии зиндагӣ мебошад. Ӯ сарчашмаи офариниши инсон, тарбиятгари аввалин, мураббии ахлоқ, посдори забон ва фарҳанг, пайвандгари наслҳо, дорои меҳри беинтиҳо, сабри бузург ва фидокории бемисл мебошад. Дар шахсияти ҳар як фарзанди босаводу бофарҳанг меҳру заҳмати модар нуҳуфтааст, ки ин ҳақиқатро на таърих, на замон ва на дигаргуншавии шароити зиндагӣ тағйир дода наметавонад. Аз ин лиҳоз, ба ҳар яки мо шоиста аст, ки ин муъҷизаи бузурги меҳрубонӣ ва некӣ – модарро чун ганҷинаи нодири ҳаёт ҳифз намоем, эҳтиром кунем ва ҳар рӯз бо сухан, рафтор ва дуои нек ба қадри ӯ бирасем. Эҳтироми ин олиҳаи меҳрро ба ҷо оварем.
Аз сарвату зи шуҳрат, гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.
Ид муборак модарону бонувони азиз!
Мирбобоев Шӯҳрат
декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нави ДКМТ
