Маълум аст, ки дар ҷомеа роҷеъ ба нақши зан-модар модар таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад ва ин албатта аз худи модар-сарчашмаи меҳру муҳаббат ва саодату хушнудӣ сарчашма мегирад. Эҳтиром бар модар-эҳтиром бар офаридгори ҳаёт, шодиву нишот ва меҳру вафо мебошад. Фариштаи зебоӣ ва нурбахши ҳаёт ин модар аст. Ҳамон модаре, ки мо қалъаи меҳру садоқат ва умеду орзу меҳисобем ва ҳамчун кафили шодиву нишот ва зебу ҷилои зиндагӣ қабул менамоем. Модар бузургтарин неъмати офаридгор дар ин олам мебошад.
Модар чеҳраи нуру умед ва сутуни асосии оила мебошад. Модар кафили устувории оила ва хушбахтӣ дар зиндагӣ мебошад. Вақте ки аз модар сухан мегӯем, дар ҳақиқат аз оғози ҳаёт, аз меҳру муҳаббат, аз шодиву нишот, аз дурахши зиндагӣ, аз аввалин омӯзгор, аз аввалин тарбиятгар ва аз он неруе ёд мекунем, ки одамро инсон месозад ва инсоният мебахшад. Модар аввалин нафарест, ки номи моро ба забон меорад, қадамҳои аввалини моро дастгирӣ мекунад ва то охири умр дардҳои моро аз нигоҳу дуои худ мехонад. Вай мисли замин ҳамиша сабур, мисли осмон густурда ва мисли об пок аст; ҳама аз ӯ нерӯ мегиранд, аммо худ аз касе чизе талаб намекунад. Ӯ сарчашми меҳр ва садоқату самимият ва муҳаббату устуворӣ мебошад.
Аз лаҳзаи таваллуд шудани кӯдак барояш нақши модар оғоз меёбад. Ӯ шабҳояшро бедор, рӯзҳояшро пурмашаққат месозад, ҳама сахтиҳоро таҳаммул менамояд, то кӯдак солим, сер, озода ва хушрӯз гардад. Маҳз дар оғӯши модар фарзанд аввалин бор маънои муҳаббат, самимият ва бовариро меомӯзад. Модар аз рӯзҳои нахустин талош менамояд, то фарзандаш ҳамчун узви устувори ҷомеа ба воя расад ва ҳамаи орзуҳояшро бароварда созад, яъне рисолати инсонии хешро иҷро кунад.
Бузаргон мегӯянд, ки модар мураббии руҳу ахлоқ аст. Маҳз ин фариштаи хушӣ- модар аст, ки ба фарзанд фарқ миёни некӣ ва бадӣ, ростӣ ва дурӯғ, ҳалол ва ҳаром, эҳтиром ва беэҳтиромиро мефаҳмонад. Панди соддаи модар, ки шояд дар кӯдакӣ оддӣ менамояд, баъдтар ба қонуни зиндагӣ табдил меёбад. Вақте модар мегӯяд: «Касеро ранҷ мадеҳ», «Нони каси дигарро қадр кун», «Рост бигӯй», ин ҷумлаҳои кӯтоҳ дар асл барномаи ахлоқии тамоми умри инсон мешаванд. Ҳар кӣ ин панди модарро нигоҳ дорад, дар ҷомеа ҳамчун шахси обрӯманд, боинсоф ва меҳрубон қабул мегардад. Инҳо унсурҳои инсониятсозӣ ҳастанд.
Дар ҷомеаи мо, модар мақоми бисёр баланд дорад. Ҷойгоҳаш махсус аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷое роҷеъ ба азамату бузургии модар чунин гуфтаанд:
“Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд”.
Аз ҷиҳати равонӣ модар барои инсон такягоҳи беназир аст. Фарзанд метавонад дар зиндагӣ иштибоҳ кунад, мағлуб шавад, ноумед гардад, аммо вақте ба назди модар меояд ва дастони ӯро мегирад, дар дилаш боз нур пайдо мешавад. Модар дилшикастагии фарзандро бо чанд калимаи самимӣ таскин медиҳад, гуноҳҳои ӯро мебахшад ва ба ояндаи ӯ боварӣ мебахшад, ӯро устувор месозад. Ин қуввати маънавиест, ки ҳеҷ муассиса ва ҳеҷ шахси дигар иваз карда наметавонад. Ин амал ва ин муъҷиза хоси модар асту халос. Ҳатто як дуои соддаи модар аз даҳҳо машварату китоби равоншиносӣ қавитар таъсир мегузорад ва ин азамати ин фариштаи муҳаббат ва меҳр аст.
Инсонҳо нақши модарро дар зиндагӣ баҳои баланд медиҳанд ва маҳз модар аст, ки барои мо шуҷоат ва садоқат меофарад. Аз дидгоҳи ахлоқӣ ҳатто ҷаннатро аз ризои модарон тавсиф намудаанд. Шоир фармудааст:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Бояд иброз дошт, ки дар гузаштаи дури таърихии миллати мо ҳам мақоми Модар бисёр баланд буд ва гузаштагони мо-ориёиҳои асил Рӯзи Модарро ҷашн мегирифтанду гиромӣ дошт ва барои он як рӯзи муайян вуҷуд дошт. Албатта, ин аз хиради волои гузаштагони мо сарчашма мегирад. Ҳамзамон, модар рамзи фидокорӣ ва сабуриву шуҷоатмандиву далерист. Таърихи мардуми мо пур аз достонҳои модарони шуҷоъ ва матин аст, ки дар солҳои ҷанг, гуруснагӣ ва вазнинтарини зиндагӣ устуворона истодагарӣ намуда, фарзандонашонро наҷот доданд. Модарони тоҷик далерона бар алайҳи душман меҷангиданд ва ин як навъ ҷасорати зани тоҷик дар таърих дониста мешавад. Ин ҳолат баёнгари он аст, ки зани тоҷик барои Ватан мубориза мебарад ва дар паҳлӯи мардон истода, рисолати хешро иҷро менамояд. Модар бузургтарин муъҷиза аст. Модарро ҳар қадар тасвир намоем боз ҳам сухан кам аст, зеро роҷеъ ба бузургии модар, қудрати модар, раҳму шафқат ва муҳаббати модар ҳазорон китоб нависем ҳам кам аст. Ҷойгоҳи модар ивазнашаванда аст. Ҳазрати Лоиқ яке аз вассофони модар, муаллифи беҳтарин “Модарнома”чунин фармудаанд:
Замину осмони ман туӣ модар, туӣ модар,
Ҷаҳони бекарони ман туӣ модар, туӣ модар.
Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш,
Ягона меҳрубони ман туӣ модар, туӣ модар.
Диламро дар ҷаҳон ҷуз ту касе беҳтар намедонад,
Беҳин ҳамдостони ман туӣ модар, туӣ модар.
Зи рӯят нур меборад ба рӯи зиндагониям,
Чароғи дудмони ман туӣ модар, туӣ модар.
Забони мардумӣ омӯхтӣ, на дарси сарфу наҳв,
Ҳам устоди забони ман туӣ модар, туӣ модар.
Гарам шоир намезодӣ, куҷо ман шеър мегуфтам?
Ғазалҳои равони ман туӣ модар, туӣ модар.
Суруди аввалини ман, суруди охирини ман,
Суруди ҷовидони ман туӣ модар, туӣ модар
Инсонӣ, мо гоҳ-гоҳ ба ташвишҳои рӯзгор дода мешавем ва гоҳе аз азамати модар фаромӯш месозем, , баъзан дар ғубори зиндагии ҳаррӯзӣ мо қадри модарро фаромӯш мекунем. Гуфтори сахт, бетаваҷҷӯҳӣ, дер-дер занг задан, кам ба аёдат рафтан – ин ҳама метавонад дили нозуки модарро биранҷонад, гарчанде ӯ ба забон наёрад. Модар бисёр вақт ранҷишро дар дил нигоҳ медорад ва танҳо дуо мекунад, ки фарзандаш хушбахт бошад. Аз ин лиҳоз, барои ҳар инсон муҳим аст, ки то ҳаст, то дар канор аст, дасти модарро бибӯсад, узрхоҳӣ кунад, шукрона гӯяд ва дар амал нишон диҳад, ки ӯро дӯст медорад. Вақте модар нест, инсон бисёр чизҳоро дер мефаҳмад, вале дигар баргардонидани он имкон надорад. Муъҷизаи ҳаёт як маротиба ба даст меояд, як маротиба имкони аз ин сарват, аз ин неъмат баҳра бурдан ҳасту халос. Онҳое, ки модарро аз даст додаанд, медонанд, ки чӣ ганҷи бузургеро аз даст додаанду чӣ сӯзу гудозе доранд. Ба ҳамин далел модарро дар замони буданаш қадр намоед ва эҳтиромашро ба ҷо оваред. Шоири замони нав Давлати Раҳмониён лаҳзаҳои ҷолиби баъд аз модариро хеле ҷолиб тасвир намудаасту ошкоро аз ҳолати равонии инсони бемодар гуфтааст. Бемодариро бисёр вазнин ва дар саргаҳи мазор нишастанро дар манзумаи “Зиёрат” ба ин зайл баён доштааст:
Омадам бори дигар сӯи мазорат, модарам,
Ёфтам бо шохаи гул интизорат, модарам.
Дар мазорат ҳар гиёҳе бо дилам суҳбат кунад,
Бо дили дар ҳарду олам дӯстдорат, модарам…
Кош, мешуд сар ба зонуи ту мемондам зи нав,
Сар намемондам ба зонуи мазорат, модарам.
Орзуи охирини баччаат донӣ, ки чист?
Хок мехоҳам шудан андар канорат, модарам!
Дар ҳақиқат инсон мехоҳад, хок шавад, то дар бари модар бошад, зеро бузургон гуфтаанд, ки дарди бемодарӣ бисёр ҳам дарди сангин аст. Онҳое, ки модар доранд, бояд ба қадри ин фариштаи меҳр бирасанд, чунки ҳар лаҳза ғанимат аст, ҳар сония баршумор аст. Шоир дар шеъри дигар зиндагии бемодариро зиндагии бенур ва торику сард тасвир кардааст. Албатта, мо кӣ бо шоир ҳамдард ҳастем ва фикр мекунам, ки дар ин шеър дарди ман ҳам ҷой дорад:
Ба пои гул нишастат буд, модар,
Сиришти гулпарастат буд, модар.
Ба бар пироҳанат сад нақши гул дошт,
Чаман дар қадду бастат буд, модар.
Шабеҳи чашма аз ойинатабъӣ
Дилат дар рӯйи дастат буд, модар.
Чароғи нозуки қалби ту бишкаст,
Зи санги ғам шикастат буд, модар.
Чу кӯҳе ногаҳон аз по фитодӣ,
Аҷаб тақдири пастат буд, модар.
Ту акнун нестиву Давлатат нест,
Ки ҳасти ӯ зи ҳастат буд, модар!..
Меарзад, ки мо зери қудуми ин фариштаи заминӣ, ин гавҳари ноёб сари таъзим фуруд биоварем, эҳтиромашро то тавон дорем, ба ҷой биёрем, чунки ӯ сазовортар ва арзандатар аз ҳамаи ин гуфтаҳост, ӯ волотарин ҷавҳари ҳастӣ ва волотарин фаришта дар замин аст, модар қисматофар аст:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Дар умум бояд гуфт, ки модар мактаби бузурги инсоният аст. Ӯ ба мо на танҳо сухан гуфтан, роҳ рафтан ва зиндагӣ карданро меомӯзад, балки маънои ҳақиқии инсон буданро нишон медиҳад. Аз модар мо сабурӣ, бахшиш, меҳрубонӣ, қаноат, шукргузорӣ ва муҳаббат ба дигаронро меомӯзем. Агар инсон дар тӯли умр ин сифатҳоро нигоҳ дорад, ба зиндагии атрофиён рӯшноӣ меорад, мисли он ки модар ба зиндагии ӯ рӯшноӣ овардааст. Аз ин рӯ, эҳтироми модар – ин танҳо эҳтироми як шахс нест; ин эҳтироми зиндагӣ, меҳр ва ҳамаи арзишҳои некест, ки ҷаҳонро зебо мегардонаду дунё бар асоси он устувор мебошад.
ДАВЛАТЗОДА ДАВЛАТ
муовини аввали ректори ДКМТ
