МОДАР -САРОҒОЗИ ҲАСТӢ ВА ФАРИШТАИ МЕҲР

 
Зи пеши писар модари меҳрубон
Биёмад пур аз дарду тирарувон.
Ҳама шаб зи меҳри писар модараш
Зи дида ҳаме рехт хун бар бараш.
Фирдавсӣ
Мусаллам аст, ки ҳамасола дар кишвар Рӯзи модарон таҷлил карда мешавад ва ин ҷашн ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аллакай дар мағзҳо ҷой ва дар фаҳмҳо маъно пайдо кардааст.
Рӯзи модар ва рӯзи бонувон дар зиндагии маънавии ҷомеаи мо танҳо як рӯзи рамзӣ барои табрикот ва ёдкард нест, балки ин рӯз фурсатест баҳри бозгашт ба решаҳои инсондӯстӣ, расидан ба маънии ҳаёт ва ба эҳтироми сарчашмаи меҳр ва ба иззату азамати зан-модар арҷ гузоштан аст.
Модар барои ҳар инсон аввалин ҷаҳон, аввалин мактаб, аввалин умед ва аввалин ибодатгоҳ ва аввалин саҷдагоҳ аст. Дар фарҳанги миллӣ модарро «қиблаи меҳр» мегӯянд, зеро меҳру шафқат, тарбия, ҳунари зиндагидорӣ ва нури имон аз домони ӯ сарчашма мегирад.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоту паёмҳои худ ба муносибати Рӯзи модар мақоми зан-модарро ҳамчун пояи маънавӣ ва неруи созандаи ҷомеа пайваста таъкид менамоянд. Аз ҷумла дар яке аз суханрониҳои хеш роҷеъ ба ҷашни модар ва таҷлили он чунин изҳор дошта : «Аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳад». Ин сухан на танҳо шиор, балки меъёри ахлоқии зиндагист, воқеан ҳам агар дар хонадон муҳаббат ва эҳтироми модар побарҷо бошад, дар ҷомеа ҳам ваҳдат, оромӣ ва маърифат устувор мешавад.
Дар ҳақиқат Модар нахустустоди башар аст. Аввалин устод, аввали омӯзгори инсон модар аст. Инсон аввалин калима, аввалин одоб, аввалин ҳисси зебоӣ ва ҳатто аввалин дарси ватандӯстию одамиятро аз модар меомӯзад. Дар ин бора Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ҳақиқатро тасдиқ намуда, гуфта буданд: «Модар, воқеан, нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад… Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст».
Воқеан ҳам ҷойгоҳи модар ва нақши ӯ дар зиндагӣ ва ҷомеа хеле бузург мебошад. Пас, ҳар қадаре ки мо ба дониш, фарҳанг ва худогоҳии модар арҷ гузорем, ҳамон қадар сармояи маънавии миллатро афзун менамоем. Модар тамоми ҳастии инсон ва асоси устувории ҷомеа мебошад. Рушди ҷомеа аз рушд ва фаҳми модар сахт вобаста мебошад.
Бузургии модар фақат дар меҳрубонӣ, меҳру шафқат нест, балки он дар сабру таҳаммул, дар масъулият, дар ифтихори пинҳон ва дар заҳмати бемислу монанд ва талошҳои пайваста нуҳуфтааст. Модар барои осоиши фарзанд шаб бедор мемонад, дардро ба дил мегирад, хастагиро нишон намедиҳад ва умедро аз чашмонаш намерабояд. Модар ҳатто вақте ки фарзанд ба камол мерасад, аз дил «аллаи» хомӯшашро намеканад: дуои модар ҳамеша ҳамроҳи фарзанд аст — дар сафар, дар таҳсил, дар кору зиндагии рӯзмарра.
Дар рӯзгори имрӯз, ки ҷаҳонишавӣ ҳам имконият меорад ва ҳам имтиҳон, нақши занон ва модарон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ахлоқи ҷомеа боз ҳам муҳимтар гардидааст. Хонадон қалъаи маънавият аст ва модар — чароғи ин қалъа. Роҳбари давлат дар суханрониҳои хеш бо овардани ҳикматҳои ахлоқӣ доимо таъкид мекунанд, ки эҳтироми модар пояи шараф ва роҳ ба сӯи саодат мебошад. Вақте дар хонадон одоби сухан, маданияти муошират ва эҳтироми калонсолон риоя мешавад, фарзанд бо виҷдон, боҳунар ва ҷомеасоз ба воя мерасад. Аз ҷумла таъкид доштаанд: «Модарон ҳамчун чароғи хонадон барои тарбияи фарзанд масъул мебошанд… Ба тарбияи фарзандони худ эътибори ҷиддӣ диҳед… ба онҳо маданияту одоб омӯзонед». Ин таъкид имрӯз ҳам барои ҳар оила дастури зиндагисоз мебошад. Зеро ояндаи миллат аз синфхона оғоз намешавад — аз гаҳвора оғоз мешавад, аз сукуту сухани модар, аз тарзи нигоҳу рафтори ӯ, аз одоби меҳнату покизагӣ, аз муҳаббати ӯ ба китобу дониш оғоз мешавад.
Эҳтиром ба модар — қарзи инсонӣ ва нишони камоли ахлоқ аст. Ҳар касе, ки дили модарро шод мекунад, дар асл зиндагиро шод мекунад, фазои саодат месозад. Вақте фарзанд бо як сухани гарм, бо як нигоҳубини самимӣ, бо як эҳтироми воло ба модар эҳтиром мегузорад, ӯ муҳаббатро ба қонуни зиндагӣ табдил медиҳад. Ва муҳаббат оғози саодати ҷамъият мегардад.
Қайд намудан зарур аст, ки арҷгузорӣ ба модар бояд танҳо дар рӯзи иду ҷашнҳо маҳдуд нагардад. Зеро як рӯз ба як лаҳза аллаву бедорхобии модар баробар намешавад. Муҳаббат агар танҳо дар сухан бошад, зуд фаромӯш мешавад, муҳаббат бояд дар амал ифшо шавад: дар ғамхорӣ, дар ҳамдардӣ, дар эҳтиром ба ҳафи модар, дар ҳимояи саломатии ӯ, дар нигоҳ доштани қадру қимати ӯ дар назди фарзандону аҳли хонадон инъикос гардад. Фарзанд муваззаф аст, ки эҳтиром ва қадршиносӣ намояд, ҷойгоҳи модарро ҳамчун фариштаи зебоӣ ва офариниш арҷг гузорад. Ҳар хонадоне, ки модарро гиромӣ медорад, дар он хонадон баракат бештар мешавад, чун дуои модар сипари бузург ва дорои муъҷизаи хос мебошад.
Давлату ҳукумат низ ба мақоми модар бо эҳтироми хос муносибат мекунад. Нақш модарро дар ҷомеа гиромӣ медорад. Маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8-уми март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Модар таҷлил мегардад. Ин иқдом паёми равшан дорад: зан-модар на танҳо такягоҳи хонадон, балки неруи созандаи давлату миллат, сароғози ҳама хушҳоливу саодати ҷамъият аст.
Таъкид намудан зарур аст, ки ҷомеаи муосири тоҷик бо зан -модар эҳтироми хос дошта, дар тамоми корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз нақши занон корбурд менамояд. Занону бонувон имрӯз дар ҳамаи бахшҳои ҳаёти кишвар — аз маорифу илм то тандурустӣ, фарҳанг, истеҳсолот ва идоракунӣ фаъолият доранду дар ин самтҳо саҳми назаррас мегузоранд.Аммо дар ҳар мақом ва ҳар вазифа, бузургтарин рисолати зан ҳамоно модарист: парвариши инсони комил, соҳибкасб, ватандӯст ва боодобу масъулиятшинос. Ҷомеае, ки модарро ҳурмат мекунад, эҳтироми комил мегузорад дар он арзишҳои инсонӣ пойдор мегардад: ростқавлӣ, меҳнатдӯстӣ, поквиҷдонӣ ва эҳтироми дигарон.
Дар фарҷом мехоҳам бо як нидои самимӣ ва ҳарфи меҳру вафо ба ҳар як хонанда муроҷиат намояму бигӯям, ки биёед модаронро танҳо бо гул ва табрикнома шод намуда, иктифо нанамоем, балки бо эҳтироми ҳаррӯза, бо қадршиносии доимӣ, бо суҳбати нек ва бо ғамхории воқеӣ дилҳояшонро равшан созем, лаҳзаи зебои зиндагӣ созем бо номи табассуми модар, ризоияти модарро ба даст оварем, ба модар ҳамчун фариштаи офариниш ва меҳру садоқат арҷ гузорем. Зеро модар — сароғози ҳастии мост, оғози ҳамаи мо инсонҳо, муаллими аввалини зиндагии мо мебошад. Ҳар қадар ба ӯ муҳаббат нишон бидиҳем, ҳамон қадар зиндагии мо пурнур ва ҷомеаи мо ободтар мегардад. Ҳамон қадар фарҳанги саодатофаринӣ рушд менамояд. Ҳамон қадар зиндагӣ зебо ва ширину гуворо мешавад.
Рӯзи модар -рӯзи офаридгори муҳаббат ва зиндагӣ хуҷаста бод!
РАҲИМЗОДА ШУКРИНИСО
декани факултети металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон