Дар тақвими фарҳангии мардуми тоҷик ҷашни Сада на танҳо як ойини бостонӣ, балки рамзи равшани муборизаи инсон бо сардӣ, торикӣ ва ноумедист. Ин ҷашн, ки аз умқи таърих бармеояд, имрӯз низ бо паёми гарми худ инсонро ба рӯшноӣ, умед ва ҳамбастагӣ даъват мекунад.
Сада ҷашни оташ аст. Оташе, ки на танҳо гармӣ мебахшад, балки равшанӣ низ меорад. Дар замонҳои қадим, вақте ки зимистон шадид ва зиндагӣ душвор буд, фурӯзон кардани оташ нишонаи зинда мондан, эътиқод ба фардо ва пирӯзии инсон бар табиат маҳсуб мешуд. Аз ҳамин ҷост, ки Сада ҳамчун рамзи оғози ҳаракат ба сӯи баҳор ва эҳёи табиат ҷашн гирифта мешуд.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки инсоният бо мушкилоти маънавӣ, бегонагӣ ва дуршавӣ аз решаҳои фарҳангӣ рӯ ба рӯст, эҳёи ҷашни Сада аҳамияти махсус дорад. Ин ҷашн моро ба гузашта мепайвандад, ба мо меомӯзад, ки фарҳанг танҳо хотира нест, балки пояи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ аст.
Сада ҳамчунин ҷашни ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмист. Гирди оташ ҷамъ омадан, суруду шодӣ кардан ва орзӯи рӯзҳои нек намудан рамзи ҳамдилӣ ва ҳамбастагии мардум аст. Дар чунин лаҳзаҳо инсон худро ҷузъи ҷомеа, ҷузъи таърих ва ҷузъи фарҳанги бузург эҳсос мекунад.
Имрӯз, вақте ки Тоҷикистон бо қадамҳои устувор роҳи рушди миллӣ ва фарҳангиро тай мекунад, ҷашни Сада метавонад ҳамчун мактаби ахлоқӣ ва маънавӣ хизмат намояд. Он моро ба ҳифзи суннатҳо, эҳтироми табиат ва дӯст доштани арзишҳои миллӣ раҳнамун месозад.
Сада танҳо ҷашни як рӯз нест, он оташи умедест, ки бояд дар дилҳои мо ҳамеша фурӯзон бошад. Оташе, ки роҳи моро ба сӯи ояндаи равшан нишон медиҳад. Сада ин танҳо як ҷашн нест балки як мактаби ахлоқ, рамзи мубориза бо торикӣ ва паёми ҷовидонаи умед аст. Ҳар шуълаи оташи Сада моро ба сӯи нур, худшиносӣ ва ояндаи дурахшон роҳнамоӣ мекунад.
ШУҲРАТЗОДА Шоҳруз
мутахассиси шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа
