Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ суханронӣ намуда, пешорӯи ҷомеа вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Сараввал, Президенти мамлакат ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатиро рӯйдоди муҳими таърихӣ номида, ҳамзамон имзои шартнома миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадиро дастоварди муҳимтарини дипломатияи тоҷик дар соли 2025 шумориданд. Ба назари мо, дар сархати Паёми Пешвои миллат қарор гирифтани рӯйдодҳои болозикр бесабаб нест, зеро маҳз таҳкими амният ва ҳусни неки ҳамҷаворӣ барои рушди босуботи минбаъдаи тамоми соҳаҳои мамлакат заминаи устувор мегузорад.
Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул гардидани ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз дастовардҳои муҳимтарини кишвари мо баршуморидан бамавқеъ мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина таъкид доштанд, ки рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ ду пешниҳоди Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуд – аввалан бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд, дуввум бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид. Воқеан дастгирии чунин ташаббусҳои созанда, ба назари мо, аз як тараф, ҳамраъйӣ ва ибтикороти созандаи Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ нишон медиҳад, аз ҷониби дигар, барои боло рафтани имиҷи сиёсии Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон мусоидат менамояд.
Илова бар ин, якдилона ҷонибдорӣ шудану қабул гардидани ташаббусҳои дигари Тоҷикистон оид ба «Соли байналхалқии ҳифзи пиряхҳо» (2025) ва «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии ташаббускор муаррифӣ менамояд. Хотиррасон менамоем, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, дар арсаи ҷаҳон Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускори иқдомҳои созанда ба нафъи башар, ҳомии сулҳу таҳкими амният ва муҳофизи ҳуқуқи инсон шинохта шудааст.
Таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо, вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҳарчи зудтар ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ ворид гардидани маорифи Тоҷикистон аз масъалаҳои меҳварии Паём ба шумор меоянд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қатъият бори дигар ёдовар шуданд, ки ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам, – иброз доштанд Пешвои миллат. Ба ин хотир, барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад. Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар назди масъулин ва кормандони соҳаи маориф вазифа мегузорад, ки бояд барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ намоянд.
Сарвари давлат ба рисолати муқаддаси омӯзгор, инчунин захираҳои зеҳнӣ ва инсонӣ воқеъбинона арзиш дода, дар назди онҳо вазифаҳои навро гузоштанд; омӯзгорон бояд чароғи равшани ҷомеа бошанд, зираку ҳушёр бошад, аз раванди пешрафти илму дониш қафо намонад, дар доираи тахассуси худ маҳдуд нагардида пайваста омӯзад, барои ташаккули малакаҳои касбӣ .
Пешвои миллат зимни таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи иқтисодии кишвар бештар ба рушди инноватсия, иқтисоди сабз, технологияҳои иттилоотӣ ва афзалиятҳои зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар назди мутахассисон вазифа гузоштанд, ки раванди идоракунии давлатӣ бо истифодаи технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ роҳандозӣ шавад. Ин маънои онро хоҳад дошт, ки ояндаи наздик барои гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим бояд эътибори аввалиндараҷа дода мешавад.
Таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо, вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҳарчи зудтар ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ ворид гардидани маорифи Тоҷикистон аз масъалаҳои меҳварии Паём ба шумор меоянд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қатъият бори дигар ёдовар шуданд, ки ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир
даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям.
Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам, – иброз доштанд Пешвои миллат. Ба ин хотир, барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад. Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар назди масъулин ва кормандони соҳаи маориф вазифа мегузорад, ки бояд барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ намоянд.
Сарвари давлат ба рисолати муқаддаси омӯзгор, инчунин захираҳои зеҳнӣ ва инсонӣ воқеъбинона арзиш дода, дар назди онҳо вазифаҳои навро гузоштанд; омӯзгорон бояд чароғи равшани ҷомеа бошанд, зираку ҳушёр бошад, аз раванди пешрафти илму дониш қафо намонад, дар доираи тахассуси худ маҳдуд нагардида пайваста омӯзад, барои ташаккули малакаҳои касбӣ боғайратона талош варзад, робитаи илм бо истеҳсолотро таъмин намояд, аз таҳаввули пурвусъати ҷаҳони имрӯза воқиф бошад.
Дар партави суханони Сарвари давлат чунин мешуморем, ки омӯзгори замони муосир бояд пеш аз ҳама, дорои дониши мукаммали фарогир буда, бо технологияи инноватсионии таълим мусаллаҳ бошад, аз услули кӯҳнаи таълим даст бардорад, бо истифодаи усулҳои муосири таълим тафаккури ихтироъкорӣ ва навовариро дар зеҳни шогирдон падид оварад, шогирдонро ба роҳи рост, одобу ахлоқи нек, инсондӯстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, эҳтироми забони модарӣ, суннату анъанаҳои фарҳангӣ, расму ойинҳо ва либоси миллӣ роҳнамуд созад, онҳоро ба анҷом додани амалҳои хайру солеҳ ҳидоят намояд, дар дили ҷӯяндагони рози дониш, чароғи илму маърифатро барафрӯзад ва махзани маърифатро ба рӯйи онҳо боз намояд.
Ин чунин масъалагузорӣ талаби давр ва тақозои замони муосир аст. Зеро диалектикаи рушди ҷомеаи навин бар асоси пешрафту навоварӣ побарҷост ва маҳз дар амалӣ намудани имконият ва афзалиятҳои иқтисоди сабз, технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ руҳи замон падидор мешавад.
Ба ин сурат, Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи таҳкими сулҳ, амният ва рушди миллӣ ҳисобидан мумкин аст.
Самадова Гули Мирҷоновна доктори илмҳои техникӣ,
профессори кафедраи геология ва корҳои маркшейдерии
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
