Дар ҷаҳони муосир ифротгароӣ ва терроризм ҳамчун хатари ҷиддӣ ба амнияту суботи миллӣ ва байналмилалӣ баромад мекунад. Хусусан, гурӯҳҳои ифротӣ тавассути паҳн кардани ғояҳои тундравона ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои ахбори оммавӣ кӯшиш мекунанд, ки ҷавононро ба сафи худ ҷалб намоянд. Дар ин раванд, фарҳанги миллӣ – ҳамчун як сипари маънавӣ – метавонад нақши муҳим бозад. Фарҳанги миллӣ маҷмӯи арзишҳо, анъанаҳо, забон, одобу ахлоқ ва ҷаҳонбинии халқи тоҷикро фаро мегирад. Он воситаи асосии ҳифзи ҳувият ва ягонагии миллӣ мебошад.
Ба ақидаи Абдураҳмонов Хайриддин доктори илмҳои сиёсӣ чунин қайд мекунад, ки «Фарҳанги миллӣ воситаи муассири муқовимат ба ҷаҳонишавии арзишҳои бегона ва ғояҳои ифротгароёна мебошад. Маҳз тарбияи насли нав бо такя ба арзишҳои миллӣ метавонад ҷомеаро аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ эмин нигоҳ дорад».
Маҳз тавассути тарбияи дурусти фарҳангӣ метавон ҷилави паҳншавии андешаҳои бегона ва хатарнокро гирифт. Роҳҳои истифодаи фарҳанги миллӣ дар мубориза бо ифротгароӣ ба чунин қисматҳои зерин ҷудо карда мешавад:
а) тарбияи маънавию ахлоқӣ тавассути осори классикон
Шоирону мутафаккирони бузурги мо – ба монанди Рӯдакӣ, Саъдӣ, Фирдавсӣ, Ҳофиз ва Камоли Хуҷандӣ – доимо ба худшиносӣ, таҳаммулпазирӣ ва сулҳ таъкид мекарданд. Ба воситаи муаррифии осори ин бузургон метавон рӯҳияи инсондӯстӣ ва фарҳанги таҳаммулро дар ҷавонон ташаккул дод;
б) мактаб ва оила ҳамчун интиқолдиҳандаи фарҳанги миллӣ
Оила ва муассисаҳои таълимӣ бояд дар ташаккули шуури фарҳангии наврасону ҷавонон нақши калидӣ бозанд. Агар наврасон аз кӯдакӣ бо фарҳанги миллӣ ва арзишҳои он ошно шаванд, онҳо дар баробари ғояҳои ифротӣ муқовимати зеҳнӣ ва идеологӣ пайдо мекунанд;
в) воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ
Платформаҳои рақамӣ бояд барои тарғиби фарҳанги миллӣ ва муқовимат бо таблиғоти ифротгароӣ самаранок истифода шаванд. Барномаҳои фарҳангӣ, ток-шоуҳо, видеоҳои кӯтоҳ дар бораи таърихи миллат ва саҳми тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ – ҳама ин воситаҳо метавонанд таъсири мусбат расонанд.
Таҳдидҳои идеологии ифротгароӣ ва посухи фарҳангӣ миллӣ ин гурӯҳҳои ифротӣ одатан бар камбудиҳои иҷтимоӣ ва сатҳи пасти маърифат такя карда, ҷавононро фиреб медиҳанд. Онҳо арзишҳои суннатиро ҳамчун “хато” ва дини суннатиро ҳамчун “нодуруст” нишон дода, роҳи “ҷиҳод”-ро таблиғ мекунанд. Посух ба ин, бояд тавассути зиндагии намунавии шахсони фарҳангӣ, корҳои тарғиботӣ, хонишҳои ҷамъиятӣ, фестивалҳои миллӣ, ва чорабиниҳои идеологӣ дода шавад.
Ҳамин тавр фарҳанги миллӣ на танҳо ифтихори миллат, балки сипари маънавии он низ мебошад. Барои муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ чунин пеҳниҳодҳо карда мешавад:
тарбияи ҷавонон бар асоси арзишҳои миллӣ таҳким дода шавад;
мақоми осори адабӣ ва таърихии тоҷик дар мактабҳо ва донишгоҳҳо афзоиш ёбад;
воситаҳои ахбори омма ба ҷойи навъҳои зӯроварӣ ва фалокат, арзишҳои фарҳангиро таблиғ кунанд.
Бо чунин роҳ метавон решаҳои ифротгароиро хушк намуд ва ҷомеаи солиму устувор ба вуҷуд овард.
Рӯйхати манбаъҳо
Абдураҳмонов Х. “Фарҳанги миллӣ ва амнияти маънавӣ”, Душанбе, 2021
Назарзода Б. “Ифротгароӣ: омилҳо ва роҳҳои пешгирӣ”, Душанбе, 2020
Аюбзода Ш. “Терроризм ва фарҳанги муқовимат”, Душанбе, 2023
Саидов М.К.
омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
