Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳрикдиҳандаи ғояҳои волои ватандӯстӣ

Дар шароити ҷаҳонишавӣ, таҳдидҳои фарҳангӣ ва идеологӣ, масъалаи ташаккул ва таҳкими ғояҳои ватандӯстӣ дар ҷомеа, махсусан дар зеҳни ҷавонон, аҳаммияти ниҳоят муҳим дорад. Ватандӯстӣ ҳамчун арзиши олии иҷтимоӣ ва маънавӣ яке аз омилҳои асосии пойдории давлат ва рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандонаву башардӯстонаи хеш бисёр бузург мебошад. Маҳз, суханони ҳикматомӯзӣ Сарвари хирадманди кишвар дар ниҳоди ҷавонон ҳисси ватандӯстиро афзун гардонида, ононро ба роҳи созандагиву ободонӣ ва масири ҳимоя аз ин марзи муқаддас роҳнамоӣ месозад.

Мусаллам аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки ҳар ироа мегардад, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ на танҳо самтҳои асосии рушди кишварро муайян мекунад, балки дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ ва ғояҳои олии ватандӯстӣ дар ҷомеа таъсири бисёр ҳам бузург мегузорад. Ҳамин аст, ки ҳамасола ироаи Паёмро сокинони кишвар бесаброна интизор мешавад ва тибқи он барномаи кории хешро сохт.

Қайд намудан зарур аст, ки ватандӯстӣ ва ё меҳандӯстӣ мафҳуми кулл ва бисёҷанбаъ буда, муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба таърих, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва омодагӣ барои ҳифзи манфиатҳои давлати миллиро фаро мегирад. Меҳандӯстӣ танҳо эҳсоси ифтихор нест, балки масъулияти шаҳрвандӣ, ҳисси баланди садоқат ва фаъолияти созанда барои ободиву рушди бемайлони кишвар мебошад.

Дар ҷомеаи муосир, ки бо равандҳои ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангҳо рӯ ба рӯст, ватандӯстӣ ҳамчун сипари маънавӣ ҳисобида мешавад. Ин гуна сипар ҷавононро аз бегонапарастӣ, ифротгароӣ, ҷаҳолатпешагӣ, бадахлоқӣ  ва беэътиноӣ нисбат ба арзишҳои миллӣ эмин медорад.

Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба тарбияи ватандӯстӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва муфид барои ҷомеа дониста мешавад ва ҳамин аст, ки дар ин самт аҳли зиё мехоҳанд корҳои некиро анҷом бидиҳанд, зеро ояндаи ҷомеа аз тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавон оғоз мешавад.

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати бисёр ҳам муҳим ва сарнавишсоз буда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро муайян мекунад. Сарвари хирадманди давлат дар баробари баррасии масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои муҳим барои рушди Ватан, дар Паёми хеш доимо ба масъалаҳои худшиносии миллӣ, ваҳдати миллӣ, ифтихор аз давлатдорӣ ва тарбияи ватандӯстӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки пойдории давлат ва ояндаи дурахшони кишвар аз сатҳи худогоҳии миллӣ, донишу саводи комил эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва муҳаббат ба Ватан вобастагии амиқ  дорад. Ин ҳикматҳои Сарвари муҳатарми давлат  ҳамчун ғояҳои меҳварӣ дар шуури насли ҷавон ҷой гирифта, ононро ба фаъолияти созандаву ватандӯстона роҳнамоӣ мекунад.

Дар Паёми имсолаи хеш Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармуданд, ки бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намоям, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд.

Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад”.

Воқеан, ҳам дарки ин нукта имрӯз бисёр ҳам муҳим аст ва аз ҳар як нафар шаҳрванд дар самти тарбия масъулият талаб менамояд.

Бояд зикр намуд, ки худшиносии миллӣ заминаи асосии ватандӯстӣ буда, бе он рушди устувори давлату миллат ғайриимкон мебошад. Дар Паёми имсола ба омӯзиши амиқи таърихи давлатдории тоҷикон, эҳтиром ба мероси фарҳангӣ, тамаддуни бузург ва ифтихор аз дастовардҳои миллӣ аҳаммияти махсус дода шуд.

Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлол гардидан ба дастовардҳои беназир ноил гардид, ки ин ҳама дастовардҳои дар замони мустақилият ба даст омада ва нақши таърихии миллат дар тамаддуни башарӣ ҳисси ифтихори миллиро дар дили ҳар як шаҳрванд, махсусан ҷавонон, тақвият мебахшад. Ин ҷараён боис мегардад, ки насли ҷавон хешро ворисони таърихи пурифтихор эҳсос намуда, таърихи пурғановати гузаштагонро омӯхта, барои ҳифзи архзишҳои милли ва  рушди босуботи Ватан масъулияти бештар дарк намоянд. Масъулияти меҳандӯстӣ доштан, ин нишони тарбияи воло ва дониши амиқу шинохти дуруст мебошад. Ногуфта намонад, ки ҷавонон қишри ояндасоз ва неруи пешбарандаи ҷомеа мебошанд.

Аз ин рӯ, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ мавқеи намоён дошт. Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду пешрафти ҷавонон доимо ҷаҳду талош менамоянд ва ҳамеша ин қишрро дастгириву роҳнамоӣ мекунанд.  Сарвари хирадманди кишвар пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд дорои дониши муосир, тафаккури миллӣ ва ҳисси баланди меҳандӯстӣ бошанд. Зеро ин ҳама барои сохтани ҷомеаи пешрафта ва зиндагии шоиста мусоидат менамояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ғояҳои волои ватандӯстӣ  дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзишҳои ахлоқӣ, аз қабили адолат, инсондӯстӣ, эҳтиром ба қонун, масъулиятшиносӣ ва садоқат бар меҳан, ҳифзи арзишҳои миллӣ  пайвастагии зич доранд. Бояд гуфт, ки мафҳуми ватандӯстӣ дар таълимоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо  маънои муҳаббат ба сарзамин набуда, балки риояи қонун, адолати иҷтимоӣ, меҳнати содиқонаву софдилона, ҳифзи арзишҳои миллӣ, фаромӯш накардани ҳофизаи таърихӣ ва саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти  Ватани маҳбуб  мебошад.

Зикри  ин арзишҳо дар Паём аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, фарҳанги воҳиди ваҳдатофар ва меҳандӯстӣ  мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванде, ки худро ватандӯст мешуморад, бояд бо рафтор ва амали хеш манфиати давлату миллатро дифоъ намояд. Зеро ҳар як қадами ватандӯстона ва ҳар як нияти волои созанда, барои сохатни ояндаи дурахшон ва насли пешрафта мусоидат менамояд.

Дар умум, гуфтан мумкин аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар ташаккул ва таҳкими ғояҳои олии ватандӯстӣ нақши муҳим дорад. Ин санад на танҳо самтҳои рушди кишварро муайян менамояд, балки ҳамчун мактаби худшиносӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ хидмат мекунад.

Дар маҷмуъ, метавон чунин хулоса намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таҳрикдиҳандаи воқеии ғояҳои олии ватандӯстона буда, дар рушди маънавию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии миллати тоҷик нақши беназир ва килидӣ дорад. Гуфтан мумин аст, ки Паёми Пешвои муаззами миллат як роҳнамои ватандӯстиву ватансозиву созандагист. Ва бояд ҳар як шаҳрванд ин санадро мутолиа намуда, дар радифи он нақшаи зиндагиву ватандӯстонаи хешро бисозад.

Қозизода Камолиддин

профессор,декани факултети

электромеханикаи ДКМТ