
Декани факултет: МИРБОБОЕВ ШУХРАТҶОН ҶУРАБОЕВИЧ
Соли таваллуд: 30.09.1988
Тел:
почтаи электронӣ:
Маълумот:
соли 2011 — Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, соли 2016 — Донишгоҳи индустриалии Тюмен (Донишгоҳи давлатии нафту гази ш. Тюмен), Федератсияи Россия
Ихтисос: Муҳандиси кӯҳӣ, муҳандиси нафтӣ, Коркард ва истифодаи конҳои нафту газ
Унвони илмӣ: номзади илмҳои техникӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ, узбекӣ
ФАКУЛТЕТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи махсусро таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» бо иттифоқи оро қабул намуд. Ин ташаббуси ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар исбот намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тасмимгириҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар самти инноватсия, технология ва тағйироти рақамӣ аз пешоҳангон мебошад.
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тибқи мактуби №3-15/802 аз 19.09.2025-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат равона гардидааст, дар назди Донишкада бо фармоиши ректор таҳти рақами №81-ҲК аз санаи 20.09.2025 факултети «Зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав» таъсис дода шуд.
Факултет чунин кафедраҳоро дар бар мегирад:
- Математикаи олӣ ва заҳни сунъӣ
- Экология
- Корҳои нафту газ
