Зиёӣ бояд чӣ гуна бошад?

Зиёиён посдорандаи нангу номуси миллӣ ва равшангарони роҳи фардои миллатанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҳар давраҳои таърихӣ ва дар ҳар кишварҳо зиёиён ҳамчун шамъ пеши мардуми кишвар равшанӣ меандохтанд ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят мекарданд. Маҳз зиёиён буданд, ки ба донишу пиндори худ  бар зидди ҷаҳолату разилӣ мубориза мебурданд, ҳамчун машъалафрӯзи олами маънӣ ба мардуми башар накӯкориву илмомӯзӣ, ахлоқи ҳамидаву ростгӯӣ ва дигар некиҳои дунёро мефаҳмониданд. Зиёиёни тоҷик баа монанди Аҳмади Дониш, Садридин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғаафуров, Эмомаалӣ Раҳмон, Саймумин Ятимов ва садҳо дигарон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати илмӣ, гиромӣ доштани забону анъанаҳои  миллӣ, худшиносии миллӣ ва эҳёи таърихи тоҷикон хизматҳои шоиста намуданд ва намуда истодаанд. Мутаассифона дар ҳама давр мардуми кӯрдилу сиёҳботине буданд, ки мақсади ғаразноки шахсии худро аз манфиати   ҷомеа боло гузошта, ба ҳар роҳу воситае, ки набошад мехостанд ба он мақсадҳо ноил шаванд.

Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба муайянкунии мафҳуми зиёӣ баҳсҳои зиёде рафта истодааст, зеро ки ашхосоне  мехоҳанд худро ҳамчун шахсони зиёӣ, равшанфикру “ғамхори миллат”  нишон дода ба мақсадҳои ниҳоии шахсии худ ноил шавад.

Дар энсиклопедияи шабакаи интернет (википедия)  маҳфуми зиёӣ чунин муайян карда шудааст: Зиёӣ (интеллигент) —  ин шахсе мебошад, ки дорои маълумот ва маданияти баланд, ҳисиёти  баланди адолати ҷамъиятӣ, принсипҳои ахлоқӣ  буда барои ташакули ин хислатҳо да худ доимо кӯшиш менамояд. Хислатҳои муҳими зиёӣ ин: маълумот ва донишу ҷаҳонбинӣ васеъи илмӣ-маъданӣ доштан, хушахлоқу бовиҷдон будан, масъулиятшиносу таҳаммулпазир будан ва таррбияву маданияти баланд доштан мебошад.

Аз нуқтаи назари равоншиносӣ бошад  шахси зиёӣ  ҷамъият ва ҳар як шахсро  дар алоҳидагӣ изату эҳтиром мекунад, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намекунад,  барои худнамоишдиҳӣ кӯшиш намекунад ва бо рафтору одоби худ  ба боварии ҷамъият сазовор мешавад. Шахс зиёӣ тавалуд намешавад, заминаҳоии иҷтимоӣ надорад, балки дар инсон ташакул меёбад.

Агар пиндору гуфтор ва рафтори ашхосоне, ки аз худ зиёӣ метарошанд бо хислатҳои дар боло муайяншуда муқоиса кунем барало аён мегардад, ки онҳо зиёиву равшанфикр набуда, дар асл торикфикр мебошанд ва   дар асл манфиатҳои шахсӣ,  гурӯҳиву маҳаллияшонро дар авввал мегузоранд.  Онҳо ҷомеъа, ҳукумати қонунро этироф намекунанд ва на танҳо ҳар як шахси ҷомеъаро даар алоҳидагӣ, балки президенти кишварро, ки халқ интихоб кардааст  изату эҳтиром намекунад,  бо мақсади худнамоишдиҳӣ барои вайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ ҳама воситаҳоро истифода мекунанд.

Зиёиён кистанд ва дар зиндагии ҷомеа чӣ нақше доранд?

Ба тавре ба зиёиён қисми аҳолие, ки ба фаъолияти ғайри истеҳсолӣ машғуланд мансуб мекунанд, ки ин на он қадар дуруст аст. Мазмун ва моҳяти зиёиро Раиси кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саймумин Ятимов хело дуруст чунин қайд менамояд:  “Диплом дар бораи хатми мактаби олӣ, унвонҳои илмиву махсус ва либоси аврупоӣ ҳанӯз нишонаи зиёӣ нест. Зиёӣ будан сифат ва хосияти ботинии инсон мебошад, ки ҳам дар сухан ва ҳам дар амал зуҳур меёбад. Ин шакли фаъолият аз аломати барҷастаи функсионалии шуур сарчашма мегирад ва бар он асос меёбад. Зиёӣ шахсест, ки қобилияти баланди дарк намудан, андешаи баробар ба воқеият доштан, тавоноии аз моҳияти масъала огоҳ шудан, соҳибмаърифат будан, зуҳуроти мушкилро ба таҳаммул ва таҳлили илмӣ арзёбӣ намудан, тибқи фарҳанг ва манфиатҳои миллӣ ҷавонмардона рафтор карданро дорад. Масъулиятшинос ва ташаббускор аст. Аз худ дар ҷомеа қудрати таъсиррасонии ахлоқиву маънавии созгор нишон медиҳад.”  Албатта чунин “зиёиён” кам нестанд, ки  гарчанде дар сухан худро зиёии асил вонамуд кунанд ҳам  дар амал тибқи соф  манфиатҳои миллӣ рафтор намекунанд, яъне гуфторашон бо рафторашон мувофиқат намекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтараам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша такя ба дониш ва хиради зиёиёни халқи куҳанбунёди тамаддунпарвари худ мекунанд. Чунин сиёсат имкон медиҳад, ки аҳли зиёии кишвар, тамоми олимон, адибон, аҳли эҷод дар тамоми намудҳои фарҳанг дилгарм ба касбу кору пешаҳои бунёдии ҳунарҳои миллии мо бошанд. Таваҷҷуҳи шахсӣ ва муҳаббати воқеии Сарвари кишвар ба адибону олимону аҳли ҳунар раҳнамои ин рушду комёбиҳо гардидааст.

Ҳар сол дар рӯзҳои айёми Наврӯз мулоқоти Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёиёни кишвар  доир мегардад. Ин ҳамоиш яке аз падидаҳои неку хуҷастаи даврони Истиқлолияти давлатии кишвари мо   мебошад, ки ба ҳукми анъана даромадааст. Дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат аз санаи 19.03.2015  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қайд карда буд, ки “ бо мақсади муайян ва мушаххас намудани роҳу равиши ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва самтҳои асосии инкишофи мафкураи миллӣ аз тарафи олимону донишмандонамон бо дарназардошти манфиатҳои давлати миллӣ Консепсияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2050 таҳия карда шавад. Ин консепсия бояд самтҳои асосии таҳкими давлатдории навини Тоҷикистонро барои даҳсолаҳои оянда дар бар гирифта, манфиатҳои милливу давлатӣ, эҳтироми фарҳанг, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳои демократӣ, дину ойин ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу умумибашариро таҷассум намояд. Зиёиён бо дарназардошти дигаргуниҳои куллие, ки дар кишвари мо идома доранд, бояд ба равандҳои ҷомеа аз диди нави таърихӣ баҳо диҳанд ва дурнамои рушди минбаъдаро муайян созанд”. Яъне Пешвои миллат зиёиёнро бо истифода аз имконияту иқтидори зеҳнӣ ва донишу хиради онҳо барои таҳияи ин ҳуҷҷати муҳим даъват менамояд.

Имрӯзҳо дар даврони Истиқлолият мафҳуми зиёӣ, равшанфикр маънои тозае гирифтааст. Имрӯз зиёӣ равшангари роҳи аҳли ҷомеа ба сӯйи ояндаи дурахшони миллат аст. Тавре Пешвои миллат дар мулоқот бо зиёиёни кишвар аз 20.03.2017 мефармоянд: «… Зиёии асил дар раванди ташаккул ва тавсеаи тафаккури миллӣ ҳамеша фаъол буда, ба раванди пешрафти маънавиёти ҷомеа таъсир мерасонад… Мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба аҳли зиё такя карда, ташаббусҳои созандаи онҳоро пайваста дастгирӣ менамоем.Зеро зиёиён ҳамчун нерӯи фаъолу тавонои ҷомеа метавонанд дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ нақши басо арзишманд гузоранд ва манфиатҳои милливу давлатиро содиқона ва қотеъона ҳифз намоянд».

Дар баробари ин Пешвои миллат   иштироки  зиёиёни мамлакатро дар татбиқи чунин вазифаҳо муҳим мешуморад:

-ислоҳоти бомароми маориф, беҳтар кардани сифати таълим, баланд бардоштани масъулияти устод-муаллим-омӯзгор;

-ба рушди бонизом ва воқеии илм таваҷҷуҳ зоҳир намуда, илмҳои бунёдиро ба иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат ва халқ равона намоянд.

– ҳадафҳои Консепсияи миллии тарбияро дар миёни тамоми қишрҳои ҷомеа ҳамаҷониба тарғиб намуда, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангиро таъмин гардонанд.

-бо мақсади ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ ва дар зеҳну шуури аҳли ҷомеа устувор намудани мафкураи миллӣ ва ғояҳои милливу ватандӯстона фаъолона иштирок кунанд.

-ба хотири аз ҳама гуна равияҳои хурофотӣ ва бегонаву ифротӣ ҳифз намудани шаҳрвандон фаъолияти дастаҷамъонаи корҳои ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ монда, ба таҳкими рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тақвияти ҳифзи озодиҳои инсон бевосита саҳмгузорӣ намоянд.

Вале  он ашхосоне, ки аз худ “зиёӣ” метарошанд оид ба  ин масъалаҳо ягон фикру ақидаи арзишдор, ки дар ҳақиқат ба  худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ равона шуда,  манфиатҳои милливу давлатӣ доранд, баён накардаанд. Онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва мақолаву баромадҳои худ дастовардҳои солҳои истиқлолият,  рӯз аз рӯз обод шудани Тоҷикистон, баланд шудани некӯаҳволиии халқро нодида гирифта,   мехоҳанд дар байни мардум тухми нифоқу ҷудоӣ пошанд ва фаъолияти ҳукумати қонунии имрӯзаро сиёҳ карда мехоҳанд боварии халқро ба ҳукумат ва Президенти кишвар паст кунанд. Ҳоло он кӣ ин ҳама дастоварду муваффақиятҳо дар натиҷаи заҳмати шабонарӯзии Ҳукумати кишвар, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудааст. Вале имрӯзҳо тамоми мардуми бошарафи  Тоҷикистон, аз он ҷумла зиёиён дар атрофи  сардори давлат ҷамъ омада, баҳри расидан ба ҳадафҳои волои худ камари ҳиммат бастанд. 

Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, ки сатҳи донишу маърифати мардум, хусусан, наврасону ҷавононро баланд бардоштан ва дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо яке аз вазифаҳои муҳими  зиёиён ба шумор меравад. Ин бошад пеш аз ҳама ба мо омӯзгорон дахл дорад. Вазифаи мо омӯзгорон-зиёиён пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки ҳамеша пайраву дастгири Пешвои миллат буда, дар самти амаликунии дастуру супоришҳои роҳбари давлат тамоми фаъолияти худро равона намоем, ҳама дасисаҳои ашхосе, ки аз худ “зиёӣ” метарошанд  фош намуда, ба мардум ҳақиқати ҳолро фаҳмонем ва ба он роҳ надиҳем, ки ин ашхос ҷавонони моро ба гумроҳӣ баранд.

Қадрдонӣ ва эҳтироми шоистаи зиёиён  ҳамеша дар мадди наазари  ҳукумати мамлакат буда, нишонаи мақому манзалати волои онҳо дар ҳаёти ҷомеа, фаъолияти пурсамари онҳо дар роҳи пешрафти кишвари маҳбубамон мебошад. Яке аз мисоли равшани он бо пешниҳоди бевоситаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” мебошад.

Хулоса:

  1. Суханони Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Зиёиён посдорандаи нангу номуси миллӣ ва равшангарони роҳи фардои миллатанд” мазмуни мафҳуми зиёиро дар марҳилаи имрӯзаи таърихӣ хело равшан  мааънидод менамояд.
  2. Дар марҳилаи имрӯзаи таърихии мураккабу ҷаҳонишавӣ сатҳи донишу маърифати мардум, хусусан, наврасону ҷавононро баланд бардоштан, ҳиси ифтихори миллии наслҳоро бедор сохтан, асолат ва арзишҳои миллиро ҳифз кардан рисолати ҳар як омӯзгор-зиёии ватандӯст ба шумор меравад. 

    Усмонов Ш.Ҷ.

    омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон