РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ХУҶАСТА БОД!

ОСИМИ ОҚИЛ АЗ ҶАВОНОНИ ФАЪОЛ ВА САРДОРИ РАЁСАТИ ТАЪЛИМИ ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҶАВОНОНИ ВАТАНДӮСТ ВА НОМЗАДИ ИЛМҲОИ ТЕХНИКИСТ. ГОҲ-ГОҲ ДАР ФУРСАТҲОИ ХОЛӢ ШЕЪРУ ТАРОНАҲО ҲАМ ЭҶОД МЕНАМОЯД ВА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЧАНДЕ АЗ АШЪОРИ ЭШОНРО ИН ҶО НАШР МЕНАМОЕМ:
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Хуш бош, ки ту марди шуҷои ватанӣ,
Эҳёгари рамзу ҳам ливои ватанӣ.
Дар минбари сулҳ чун ватандори асил,
Дар фикри бақою ҳам дифои ватанӣ
Оҳи дили ҳар гурезаро бишнидӣ,
Ҳар ҳарфи мухолифонро санҷидӣ.
Ҷон рӯи кафат гирифта дар роҳи хатар,
Бар ҷони Ватан ҷони наве бахшидӣ.
Хуш бош, ки ҳақиқатан ватандор туӣ,
Бо кори накӯи худ шарафёр туӣ.
Ҳар ҷо, ки қадам гузорӣ бо исми Ватан,
Фахри ватану миллати боор туӣ.