ШИРКАТИ ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТЕХНАЛОГИЯҲОИ НАВИ ДОНИШКАДА МИРБОБОЕВ ШӮҲРАТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

Санаи 13-уми ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи федералии Урал ба номи Борис Елтсин (ш. Екатеринбург) Конференсияи VII байналмилалии илмӣ-амалии олимони ҷавон таҳти унвони «Нақши танзими техникӣ ва стандартизатсия дар шароити иқтисоди рақамӣ» баргузор гардид, ки дар ин бора аз факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав иттилоот доданд.
Дар конференсияи имсола, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамчун шарики расмии иттилоотӣ ширкат намуд.
Дар қисмати ифтитоҳии конференсияи мазкур аз номи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон номзади илмҳои техникӣ, декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳо нав Мирбобоев Шӯҳратҷон суханронӣ намуд. Дар чорабинии мазкур олими ҷавони Донишкада Мирбобоев Ш.Ҷ. таҳкими ҳамкориҳои академӣ ва рушди лоиҳаҳои муштарак дар самти технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, стандартизатсия ва соҳаи муҳандисиро таъкид намуда, имкониятҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Точикистонро ба ҳамтоён муаррифӣ намуд.