БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВИИ ТАРБИЯВИИ УСТОД САИДОВ АНВАР

Имрӯз дар факултети электромеханикаи Донишкада дарси намунавии тарбиявии устоди собиқадору варзида, муаррих ва сиёсатшиноси ҷавону ватандӯст Саидов Анвар баргузор гардид.
Устод Саидов Анвар дарсро оғоз намуда, роҷеъ ба мавзуи “Нақши Иҷлосияи тақдирсоз дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон” сухан ронда, мавзуро ба таври комил ва муфассал ба донишҷӯён ташреҳ дод.
Саидов Анвар дар бораи Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти таърихиву сиёсии он, нақши он дар таърихи давлатдории тоҷикон, интихоби оқилонаи намояндагони халқ ва хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, инсонияти воло ва дилсӯзи ба халқ ба донишҷӯён гуфта гузашт.
Дар дарси тарбиявии намунавии устоди фаъоли Донишкада Саидов Анвар омӯзгорон аз кафедраи фанҳои гуманитарӣ -иҷтимоӣ, кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ ва корманди шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа ширкат намуда, ба ҷараёни дарсгузарӣ ва ташреҳи мавзуъ аз ҷониби устод баҳои баланд доданд.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов