ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ДКМТ: ПРЕЗИДЕНТИ МО—ИФТИХОРИ МО!

Имрӯз дар китобхонаи илмӣ -электронии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём, муовини декани факултети электромеханика оид ба илм Холова Фахриниссо, декани факултети зеҳни сунъӣ ва робита бо ҷомеа Мирбобоев Шӯҳрат, мудири кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ Туев Шоҳинҷон ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат намуданд.
Чорабиниро ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати кул муҳим ва беназир арёзбӣ намуда, изҳор дошт, ки маҳз бо ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ шинохтанд.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон – меъмори сулҳ”, декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Мирбобоев Шӯҳратҷон дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон-наҷотбахши давлати тоҷикон”, муовини декани факултети электромеханика оид ба илм Холова Фахриниссо дар мавзуи “Президенти мо-ифтихори мо”, мудири кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ Туев Шоҳин дар мавзуи ” Эмомалӣ Раҳмон таҳкимбахши истиқлолияти давлатӣ” маъруза намуданд.
Дар чорабинӣ ҳамзамон донишҷӯёни фаъол дар васфи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суруд шеърҳо хонда Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрику таҳният гуфтанд.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ибтикори кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъии факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нави Донишкада баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот
📝М. Саидов