Имрӯз дар кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии факултети металлургия маҳфили навбатии “ИҚТИСОДЧИИ МУОСИР” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон бо Шумо ифтихор дорад!” баргузор гардид.
Дар маҳфили навбатӣ ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш Насриддинов Шаҳбоз, декани факултети металлургия Собирова Шукринисохон, декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Мирбобоев Шӯҳратҷон, мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Саидов Мустафохон ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат намуданд.
Маҳфилро ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ суханронӣ намуд.
Баъдан, декани факултети металлургия бонуи фаъол, олими барҷастаи соҳаи иқтисод, зани фаъол ва меҳнатдӯст дотсент Собирова Шукринисохон дар мавзуи “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ваҳдат ва давлатдории муосир”, мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ олими ҷавон Саидов Мустафохон дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон -кафили сулҳу субот ва рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон”, донишҷӯи бахши чаҳоруми ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар саноат Умаров Қамариддин дар мавзуи ” Рушди иқтисоди миллӣ зери роҳбарии Пешвои миллат”, донишҷӯи бахши дуюми ихтисоси иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот Ибрагимова Ноила дар мавзуи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ”, донишҷӯи бахши чаҳоруми иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот Ҷононов М. дар мавзуи “Мо ҷавонон пайравони Пешвои миллатем” ва донишҷӯи бахши чаҳоруми ҳамин ихтисос Фаридун Зоиров дар мавзуи “Пешвои мо—ифтихори мо” маъруза намуданд.
Маҳфил дар рӯҳияи баланди идонаву ватандӯстӣ баргузор гардида, омӯзгорону донишҷӯён бо шукргузорву сипосмандӣ аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳфилро ҷамъбаст намуданд.
Ёдовар мешавем, ки маҳфили “Иқтисодчии муосир” дар назди кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ амал мекунад ва чорабинии имрӯза бо ташаббуси ҳамин кафедра баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот


