ХАТАРҲОИ ИСТИФОДАИ НОДУРУСТ АЗ НЕРӮИ БАРҚ

Солҳои охир  соҳаи энергетикаи мамлакати мо бо суръати баланд рушд ёфта, яке   аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти  кишвар маҳсуб меёбад. Тӯли солҳои  пешин дар тамоми  гӯшаву  канори  мамлакат  обанборҳои барқӣ, исгоҳҳои электронӣ ва дигар воситаҳои  истеҳсолкунандаи  барқ сохта шудаанд, ки  имрӯз натиҷаҳои хуб медиҳанд. Дар  ин соҳа  қоидаҳои  истифодабарии  қувваи барқ низ роҳандозӣ  карда шудааст.

         Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 апрели соли равон  дар машварати корӣ  ба роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд таъкид намуданд, ки бинобар омилҳои пешгӯинашаванда, бахусус тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори  он соли 2024 ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи таъминот  нисбат ба солҳои гузашта бо вазъияти  боз ҳам мушкилтар  рӯ ба рӯ гардид.Чунин ҳолат моро водор месозад, ки  дар ҳамаи сатҳҳо  аз ҳар як оила сар карда  то муассисаҳои иҷтимоӣ ва хоҷагиву  корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ  сарфакорона истифода бурдани  обу нерӯи барқро  дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар фасли тобистон қатъиян таъмин намоем. Дар ҳақиқат ин дастури Сарвари давлат тақозои замон буда, аз ҳар як фарди  мамлакат  масъулияти баландро талаб мекунад. Дар тамоми ҷаҳон сол а сол талабот ба нерӯи барқ афзуда истодааст. Ин суръат ба дараҷае баланд аст, ки мумкин аст  ояндаи наздик “киловатт соат “ба асъори  ягононаи байналмиллалӣ табдил ёбад.

          Яке аз масъалаҳои  мубрами иқтисодиву иҷтимоӣ  дар марҳилаи муосири  рушди прогресси илмӣ техникӣ  дар ҷумҳуриамон  ин сарфаи энергияи барқ  ба ҳисоб меравад. Доир ба ин масъала ду  ақида ба назар мерасад, яке экологӣ дигаре молиявӣ. Назари экологӣ  одатан ба намоиши манбаъҳои  алтернативии энергия ва даъват  ба истифодабарии ин манбаъҳо меорад. Ба хусус дар замони муосир  диққати  бисёр ба ба  маъмул намудани генераторҳои шамолӣ ва батареяҳои офтобӣ  равона карда мешавад. Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  борҳо таъкид намуданд, ки рушди мунтазами  иқтисодиёти  мамлакат бе истиқлолияти энергетикӣ ғайриимкон аст  Барои рушди энергетика кӯшишҳои  зиёд ва назаррас анҷом дода шудаанд,  мутаасифона сатҳи талафоти нерӯи барқ дар мамлакат нигаронкунанда мебошад.

Дар баробари гуфтаҳои болоӣ боз як масъалаи муҳим ин масъалаи дуруст истифода бурда тавонистани  нерӯи барқ ва риоя намудани техникаи бехатарӣ мебошад

          Чи тавре, ки маълум аст дар замони хозира сохаи истехсолоте нест, ки бе истифодаи қувваи барқ  ба роҳ монда шуда бошад. Башарият гирифтори вобастагии  раднашавандаи баркӣ гардидааст.

          Қувваи барқ ба мардум ёрии калон мерасонад, вале ба ҳаёти шахсе, ки ҳангоми истифодаи он қоидаҳои техникаи бехатариро намедонанд ва ё онҳоро ба эътибор намегирад , хавфи калон дорад.

          Истеъмоли қувваи барқро танҳо бо иҷозати ташкилотҳои таъминкунандаи нерӯи барқ бояд истифода бурд, то ин, ки аз тарзи оқилона  ва бехатарона  истифодаи он  хуб  огоҳ  бошем.

          Барои муасисса ва корхонаҳои  барқӣ  махсус қоидаҳои бехатарии техникӣ  ва дастурамалҳо оид ба муҳофизати меҳнат коркард шуда, дар амал мавриди истифода қарор мегиранд. Қоидаҳои асосии муҳофизати меҳнат ва ҳаёти коргарон дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ташкил карда шуда, иҷроиши онҳо барои ҳайати кормандони хизматрасон ҳатмӣ мебошанд. Бехатарии ҳайати коргарон ҳангоми иҷрои кор ба зиммаи роҳбарияти корхона ва муассисаҳо гузошта шудааст.

          Агар қоидаҳои бехатарии истеҳсолӣ  вайрон карда шаванд, он сабаби ба амал омадани ҳодисаи нохуш, маҷрӯҳ шудани одамон, хароб гаштани иншоотҳо, аз кор баромадани таҷҳизоти техникӣ ва ғайраҳо мегардад.

          Чунон, ки дар солхои охир аз беътиборона  истифода бурдани кувваи барқ  шумораи ҷабрдидагони ҷароҳатҳои ҷисмонӣ  гирифта  аз ҳолатҳои нохуш  зиёд шуда истодааст. Дар баъзе ҳолатҳо  боиси   аз ҳаёт маҳрум карданашон гардидааст, ки он ба назар мерасад.

          Агар ба шахсе, ки дучори чараёни барқ  шудааст, дуруст ва зуд ёрӣ расонида шавад, вайро наҷот додан мумкин аст. Шахси зарардидаро аз таъсири  кувваи барқ зуд халос кардан (хар сония ғанимат аст), духтурро чеғ задан ва то омадани вай ба шахси зарардида ёрии аввалин расонидан лозим аст. Барои аз симу асбобхои барқӣ  чудо кардани шахси зарардида чуби дароз тахта ё ягон чизи хушкро, ки чараёни баркро намегузаронад, истифода бурдан, ҳеч набошад шахси зарардидаро аз либосаш дошта (агар либосаш хушк бошад) кашида гирифтан  лозим. Дар ин ҳол калӯш, дастпушаки резинӣ пӯшидан ва агар ин чизҳо набошад , дастҳоро бо матои шоҳӣ, пашмин, резинӣ (факат тар набошад) печонида ,ба таги пой тахта, шиша , либоси хушк ё ягон чизи дигар гузоштан лозим аст.

          Вобаста ба шароит тачхизотхои барқиро кашида гирифтан , симро бо табар ё бел буридан мумкин аст. Дар айни замон бояд дар хотир дошт, ки чораҳои эхтиётиро надида ба шахсе , ки аз баданаш чараён мегузарад даст расонидан барои хаёт хавфнок аст.

          Техникаи бехатарӣ, ин силсилаи чораҳоест, ки барои таъмини вазъи бехатар, яъне бехатар будан ва озод аз хатар, дар муҳити корӣ ва дигар маконҳо истифода мешаванд. Онҳо  аз тадбирҳое иборатанд, ки барои ҳифзи одамон  дар рафти корҳои истеҳсолӣ  инчунин пешгирии зарар  ба таҷҳизот  ва муҳити зист равона  карда шудаанд.

Ба техникаи бехатарӣ дохил мешаванд.

Қоидаҳо ва дастурҳо:

Маҷмӯи талаботҳое ки  чӣ тавр дуруст иҷро кардани кор ё истифодаи таҷҳизотро муайян мекунад.

Чорабиниҳои техникӣ.

Истифодаи воситаҳои муҳофизатӣ ҳангоми насби дастгоҳҳои барқӣ таълим додан кормандон  оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ соҳаи  мухталиф. Риояи он барои ҳифзи ҳаёт ва саломатӣ ҳатмӣ аст

Мо, чун дар донишкада бевосита муҳандисонро тайёр менамоем,  яъне оянда муҳандисони  соҳаи  барқ  ва ҳам  муҳандисони соҳаҳои гуногунро , ки онҳо бевосита бо дастгоҳҳо ва таҷхизотхои   барқӣ , техникаҳои ҳозиразамон  сару кор доранд , ки ин мо устодонро  масъул менамояд, ки онҳоро бевосита оқилона ва эҳтиёткорона истифода бурдани қувваи барқро ба онхо хуб фаҳмонем. Масалан қоидаҳои техникаи бехатарӣ барои донишҷӯён ҳангоми кор бо компютер чунин аст:

  1. Ҳангоми кор бо компютер бояд тахтапушт рост нигоҳ дошта шавад.
  2. Сар, китф ва гардан  бояд дар як сатҳ нигоҳ дошта шавад.
  3. Экрани компютер бояд аз сатҳи чашм дур бошад.
  4. Манитор тавре бояд гузошта шавад, ки рушноии беруна ташвишовар набуда, клавитура бояд дар сатҳи оринҷ бошад.
  5. Аз курсии танзимшаванда истифода бурдан лозим аст.
  6. Ба чашмони худ истироҳат дода шавад.

Умуман бошад, ҳангоми кор бо  асбобҳои барқӣ ҳар як шахс бояд чунин техникаи бехатариро  риоя кунад:

  1. Пеш аз он ки вилкаи асбобро ба васлак пайваст  кунад бояд бодиққат аз назар гузаронад, ки рӯйкаши ноқил хурда нашуда бошад.
  2. Ҳангоми пайваст ва ҷудо намудани асбоб бояд даст хушк бошад.

 

 

 Ҳомидова Р.В. омўзгори калони

кафедраи фанњои умумитехникии ДКМТ