Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши бузург таҳти унвони “Президенти мо-ифтихори мо!” бо ширкати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Ҳамоишро муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба мақсади баргузории ҳамоиш, нақши институти президентӣ ва хидматҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки маҳз ҷасорату матонат, далериву шуҷоат ва хиради волову азалии Сарвари маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ наҷот дода шуд. Он рӯзҳои сангин бар ҳама маълум аст.Воқеан даҳаи аввали истиқлоли давлатӣ барои миллати сарбаланди тоҷик мушкилиҳо дошт, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, тақсимшавии элита ба қисматҳо, дарки нодуруст аз истиқлоли давлатӣ аз мушкилоте буданд, ки таъсири манфӣ бар ин даҳа гузошт. Хушбахтона, бо зуҳури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсати Тоҷикистон вазъ комилан тағйир ёфт. Роҳбари хирадманди давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нукта гузоранду давлатро наҷот бидиҳанд ва миллатро саодат бахшанд. Ин саодат ва ин сулҳ миллатро барои ҳамеша бар хушбахтӣ расонид. Ва ин ваъдаи як абармади арсаи сиёсат мебошад. Зеро дар рӯзҳои нахустини қадам ниҳодан ба арсаи сиёсат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ чунин ваъда дода буданд: «Ман кори худро аз барқарор намудани сулҳ оғоз мекунам. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдҳастам. Мо бояд дар бобати ба эътидол овардани вазъият якдил бошем. Ман ҳам дар ин роҳ он чи аз дастам ояд, иҷро мекунам».
Дар ҳақиқат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он ваъдае, ки дода буданд, он мақсаде, ки гузошта буданд, он ҳадафе, ки дар пеш гирифта буданд, он роҳе, ки интихоб намуда буданд барои саодати миллати тоҷик ва ободии Тоҷикистон иҷро карданд. Тоҷикистонро ба як биҳишт табдил доданд. Тоҷикистонро обод карданд ва беҳтарин шароитро барои миллат фароҳам оварданд. Давлати миллии тоҷиконро бунёд карданд, ки ин ҳам хидмати бузурги ин абармарди арсаи сиёсат мебошад. Ва мо бояд мардона аз ин хидматҳо қадрдонӣ намоему ба ин абармарди арсаи сиёсат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳони сипос бигӯем! Дар ҳақиқат Президенти мо- ифтихори мо мебошанд!
Ҳамчунин, дар ҳамоиши имрӯза намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Шаҳром Атобуллозода дар мавзуи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ”, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ -иҷтимоӣ, муаррих Абдуллоев Икром дар мавзуи “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули институти президентӣ”, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон ва рушди маориф дар даврони истиқлолият”, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон дар мавзуи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сухан ронда, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлатдории навини тоҷикон, таҳкими истиқлолият, расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиёт ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, густариши равобити байналмиллалӣ ва якпорчагии Тоҷикистон хеле бузург арзёбӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, ки арҷгузорӣ ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин арҷгузорӣ ба хидматҳову ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи давлатсозиву миллатсозӣ ва наҷоти Тоҷикистон аз нестӣ мебошад. Зеро маҳз ин абармарди арсаи сиёсат ва шахсияти нотакрори таърихӣ ҷони хешро дар хатар гузошта, барои сулҳу ваҳдат ва оромӣ дар кишвар гомҳои устувор гузоштанд.
Дар қисмати дуюми ҳамоиши бошукӯҳ муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ба як қатор омӯзгорону кормандони фаъоли Донишкада бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои фаъолияти содиқонаву ватандӯстона Сипосномаи раёсатро тақдим намуд.
Сипас, аз ҷониби ансамбли “Ҷилои ёқут”-и Донишкада барномаи рангини ҳунарӣ манзури ҳамагон гардонида шуд.
Дар интиҳо муовини аввали ректор ДАВЛАТЗОДА ДАВЛАТ ба раёсати тарбияи Донишкада ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Шуъбаи иттилоот




