Дирӯз, дар толори Шурои олимони Донишкада дар доираи нақшаи чорабиниҳои “Моҳвораи кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии факултети электромеханика бахшида ба Рӯзҳои Конститутсия, Рӯзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бахшида ба 31-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Конститутсия аз нигоҳи дини ислом” бо ширкати кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Мизи мудавварро мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ -иҷтимоии факултети электромеханика профессор Аминҷонова Мавлудахон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикитсон дар шаклгирии низоми қонунгузории миллӣ, саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва таълифи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, дар мизи мудаввар омӯзгори варзидаи кафедраи фанҳои гуманитарӣ -иҷтимоӣ, ходими намоёни ҷамъиятӣ Самиев Бегмурод дар мавзуи “Конститутсияи аз нигоҳи дини ислом” суханронӣ намуда, риоя намудани қонунгузорӣ, сохтани озодӣ дар чаҳорчӯбаи қонун, эҳтироми арзишҳои миллӣ, эҳтироми қонун, худшиносиву худогоҳӣ, риояи ҳатмии қоидаву қонунҳои амалкунанда, риояи фарҳанги баланди инсонӣ ва ахлоқи ҳамида, сулҳҷӯӣ, риояи назму низом, эҳтироми Роҳбари давлатро аз рукнҳои муҳими диндорӣ арзёбӣ намуд.
Мавсуф, дар мавриди озодиҳои дин, ташкилотҳои динии дар кишвар амалкунанда, риояи ҳуқуқҳои ақалиятҳои миллӣ, ҷойгоҳи диндорӣ ва оинҳо дар қонун сухан ронда, иброз дошт, ки мо бояд ифтихор намоем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароит фароҳам оварда шудаасту зиндагии шоиста дорем.
Омӯзгори фаъол Самиев Бегмурод ба ҳозирин таъкид намуд, ки ҳар як фарди диндор ва умуман ҳар як шаҳрванд бояд ба қадри хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасад ва ин абармарди таърихсоз ва бузургу давлатсозро қадр намоянд.
Гуфта шуд, ки ҳадафи дин ахлоқ аст, тарбия аст, ҳифзи арзишҳои инсоният аст. Дин инсонро роҳнамоӣ менамояд, то дар доираи қонун ва меъёрҳои мавҷуда зиндагӣ намояду аз инсонияти хеш фаромӯш насозад.
Ҳамзамон, дар чорабинии имрӯза муовини декани факултети электромеханика омӯзгори фаъол Саидов Анвар низ дар мавзуи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эътирофи он дар арсаи байналмилалӣ” сухан ронда, изҳор дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз панҷгонаи беҳтарин Конститутсияҳо дар ҷаҳон дониста мешавад ва дар ин сатҳи баланд ҷойгоҳ ва мақоми пайдо намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург мебошад.
Дар фарҷом баҳсу баррасиҳо сурат гирифт, ки ҳар як ширкаткунандагон андешаҳои хешро иброз дошта, ба омӯзгорон ҷиҳати маърузаи пурмӯҳтаво изҳори сипосмандӣ намуданд.
Шуъбаи иттилоот



